Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии Бунёди байнулмилалии баҳри Арал


Замоне ин киштиҳо дар обҳои баҳри Арал шино мекарданд...
Замоне ин киштиҳо дар обҳои баҳри Арал шино мекарданд...

Дар мақарри СММ (Ню-Йорк) нишасти вижа бахшида ба муаррифии Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал баргузор гардид.

Ин нишаст бо ташаббуси намояндагии Тоҷикистон ва пуштибонии намояндагиҳои чаҳор кишвари боқимондаи минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон –ҷиҳати бахшидани мақоми нозир дар назди маҷмаъи умумии СММ ба ин бунёд доир гашт.

Дар бораи ҳадафи ҳамоиш ва зарурати ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеъаи байнулмилалӣ ба мушкилиҳои минтақаи баҳри Арал иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи иҷрояи бунёди наҷоти баҳри Арал Султон Раҳимов чунин гуфт: “Матлаби асосӣ баррасӣ намудани мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ва дар ҳамин замина муаррифии фаъъолияти фонди наҷоти баҳри Арал, ки соли 1993 аз ҷониби сарони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи марказӣ маҳз ба хотири паст кардани сатҳи зарари фалокати Арал ва ҳамчунин беҳтар сохтани авзоъи эколожӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Дар ҳамин замина бо дастгирии намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои доимии дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ имрӯз чорабинии махсус баргузор мегардад, ки мақсади асосии он баррасии пешнависи қатънома бо дархости додани мақоми нозир дар назди маҷмаъи умумии СММ ба бунёди наҷоти баҳри Арал аст”.

Ба гуфтаи ӯ, замоне ки бунёди наҷоти Арал тоза таъсис гашта буд, ҷомеъаи байнулмилалӣ ва ниҳодҳои зидахли СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ба мушкилоти он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекарданд, аммо бо гузашти замон ин таваҷҷҷуҳ коҳиш ёфтааст ва, инак, бо дарназардошти онки дар айни ҳол масъалаҳои марбут ба тағйири иқлим ва муҳити зист дубора ба масъалаҳои аввалиндараҷа табдил гаштанд ва ҳукуматҳои кишварҳои қариб тамоми дунё дар ин бора нигаронии амиқ изҳор мекунанд, масоъили баҳри Арал ва нобудшавии муҳити зист дар атрофи он боз таваҷҷуҳро ба худ ҷалб намуд.

Сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов, ки як замон раёсати кумитаи иҷрояи бунёди наҷоти Аралло бар уҳда дошт ва аз муҳтавои кори он огаҳии пурра низ дорад, дар бораи аҳаммияти додани мақоми нозир ба бунёди наҷоти Арал дар назди маҷмаъи умумии СММ чунин изҳор дошт: “Моҳияти асосӣ дар он аст, ки тамоми проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал равшантар ба ҷомиъаи ҷаҳонӣ омада мерасад. Чунки, агар бунёди наҷоти баҳри Арал мақоми нозириро касб кунад, он метавонад масоъили худро мустақиман ба маҷмаъи умумии СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод кунад”.

Бо пазируфташудани пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал, мегӯяд С. Аслов, СММ ва дафтари дабири кулли он дар нисбати бунёди Арал ва мушкилиҳои он масъулияти мушаххаси иловагиро бар дӯши худ хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан чунин ҳамкорӣ аз тариқи намояндагиҳои СММ анҷом мешуд. Акнун, бо гирифтани мақоми нозирӣ, бунёди мазкур имкон пайдо мекунад, ки мустақиман ба маҷмаъи умумӣ ва дабири кулли он муроҷиъат намуда, мушкилиҳои мавҷударо матраҳ кунад.

Султон Раҳимов мегӯяд, ки хушкшавии баҳри Арал се сабаби асосӣ дорад: тағйири саросарии иқлим, афзоиши шумораи аҳолии кишварҳои минтақа ва рушди иқтисоди ин кишварҳо.
XS
SM
MD
LG