Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама: қабл аз ҳама – иқтисод


Раисҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама нахустин нишасти матбуъотии худ дар ин мақомро доир намуд.

Бино ба гуфтаи худи Обама, авлавиятҳои асосии дастааш то замони ба курсии президентӣ нишастани ӯ ва дар моҳҳои аввали кор дар ин мақом мубориза бо буҳрони молӣ ва пешгирии пайомадҳои манфӣ ба иқтисоди Амрико будааст. Ӯ, аз ҷумла, эълом намуд: «Ба мо нақшаи халосии синфи миёна лозим аст, ки дар он чораҳои фаврии ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии хонаводаҳое, ки даромадашон кам шуда, захираҳояшон тамом мешавад, рӯи даст гирифта мешавад».

Обама ҳамчунин ёдовар шуд, ки буҳрон шеваи ҷаҳонӣ дорад ва посух ба он ҳам бояд дар сатҳи умумиҷаҳонӣ ҳамоҳанг шавад. Аз ин рӯ, таъкид кард Барак Обама, ислоҳоти саноъати Амрико низ бояд дар ин самт нақши худро бозад: «Саноъати автомобилсозӣ сутунмуҳраи иқтисоди Амрикост. Он нақши муҳимме дар коҳиши бастагии мо аз нафти содиротиро хоҳад бозид. Ҳукумат бояд ҷиҳати дастгирии фаврии навсозии саноъат ҳама корҳои имконпазирро, ки Конгресс ҳам қабул кардааст, амалӣ намояд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури ҷадиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, алайҳи интизории ҳамагон, раҳбарони вазоратҳои калидии идораи худро ном набурд: ӯ фақат гуфт, ки дар ин робита набояд аҷала кард.

Вале, дар ҳамин ҳол, Обама дар ин нишасти матбуъотӣ ба масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳи амрикоиён дахл намуд. Ба гуфтаи ӯ, ... сагчаи ба духтаронаш ваъдадодаро ӯ аз теморхонаи вуҳуш хоҳад гирифт, ва асиливу тозахунияш – чун дар мавриди худи ӯ – ҳатмӣ нест.

XS
SM
MD
LG