Дар Чикаго 200 ҳазор нафар тарафдорони ӯ барои таҷлили пирӯзӣ гирдиҳам омаданд. Мардумеро, ки ба шаҳодати ин ҳодиса ҷамъ шуда буданд, эҳсос фаро гирифта буд.
Обама гуфт, кишвар бо душвориҳо мувоҷеҳ мебошад, вале ӯ ба ояндаи Амрико хушбин аст.
"Роҳи дар пеш истода тӯлонист, мо тунд-тунд қадам мегузорем. Шояд мо дар як сол ва ё як даври раёсатҷумҳурӣ онро тай накунем. Вале Амрико... ман ваъда медиҳам, ки мо ҳамчун мардум ба поёни ин роҳ хоҳем расид."
Дар шаҳри Финикси иёлати Аризона рақиби Обама сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн нокомиро эътироф кард. Дар паёме ба тарафдоронаш Маккейн даъват кард, ки амрикоиҳо канори ҳам омада, президенти тозаинтихобшудаи кишварро дастгирӣ кунанд.
"Ман аз ҳамаи амрикоиҳое, ки аз ман пуштибонӣ кардаанд, даъват менамоям, на танҳо ӯро бо пирӯзӣ табрик кунанд, балки ба раисҷумҳури мунтахаб нияти неки худро нишон диҳанд, то роҳе барои ҳамоиш ва арфъи ихтилофҳо пайдо шавад, амниятамон дар ин ҷаҳони серхатар таҳким ёбад ва фарзандону наберагонамон кишвареро ба мерос гиранд, ки нерӯмандтару беҳтар аст."
Дар интихоботи имсола ширкати амрикоиҳо хеле фаъол буд. Беш аз 130 миллион нафар дар раъйдиҳӣ ширкат варзиданд. Тахмин мешавад, ки дар интихобот 65% мардуми дорои ҳаққи овоздиҳӣ иштирок доштанд.
Обама каме беш аз нисфи овозҳоро касб карда, нисбат ба рақибаш Маккейн тақрибан панҷ дар сад пешдастӣ намуд. "Ба он амрикоиҳое, ки то кунун аз ман пуштибонӣ накардаанд, мехоҳам бигӯям, ки ман садои шуморо мешунавам, Ман ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дорам ва президенти Шумо ҳам хоҳам буд."
Президенти мунтахаби ИМА Барак Обама ва ноибпрезиденти мунтахаб Ҷо Байден дар давоми даҳ ҳафтаи оянда аъзои ҳукумати нав ва барномаҳои онро таҳия хоҳанд кард. Обама 20 январ савганд ёд намуда, зиммоми қудратро ба дасташ мегирад.