Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухтасари шарҳи ҳоли Барак Обама


Барак Обама - президенти 44-уми ИМА!
Барак Обама - президенти 44-уми ИМА!

Борак Ҳусейн Обамаи 47-сола ҳамчун раисҷумҳури мунтахаби 44-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20-уми январи соли 2009 расман ба курсии раёсати ҷумҳурӣ хоҳад нишаст.

Раиси ҷумҳури ояндаи Амрико 4-уми августи соли 1961 дар Ҳонолулуи иёлати Ҳавайӣ ба дунё омадааст. Модараш Ан Дунҳам, зани сафедпӯст, аз иёлати Канзаси Амрико ва падараш Борак Обамаи калонӣ, марди сиёҳпӯст, аз Кения буданд.

Вақте, ки Обама ба синни дусолагӣ расид, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд ва падараш барои таҳсил ба донишгоҳи Ҳарвард рафт.

Баъд аз ин ӯ падарашро танҳо як бор дар синни даҳсолагиаш дид ва ин дидор чандон тулонӣ набуд. Модараш дубора ба шавҳар баромад ва арӯсии дубора онҳоро ба Индонизӣ овард. Обама дар ҳаминҷо ба мактаби ибтидоӣ рафт. Талоқи дубораи модараш сабаб шуд, ки модару писар ба иёлати Ҳавайии Амрико баргарданд. Он вақт Обама 10-сола буд. Дар наврасӣ Обама писари шӯх буд, вале Мая Соеторо, хоҳари аз модар яку аз падар ҷудои вай, мегӯяд, Обама такаббур надошт ва ҷоҳталаб ҳам набуд. Вай бозии баскетбол ва шиноварӣ дар уқёнусро дӯст дошт. Модараш донишманди мардумшинос буд ва ҳамин кор модарашро водор сохт, ки дубора ба Индонезӣ баргардад.


Барак Обама ҳамроҳи падараш, Ҳаитӣ, 1972

Барак Обамаи хурдӣ дигар ба Индонезӣ нарафта, дар Ҳавайӣ монд ва таҳсилашро дар ҳаминҷо идома дод. Акнун тарбияи вайро модаркалон ва бобои модариаш Маделин ва Стейнлӣ бар дӯш гирифта буданд. Худи Обама онҳоро тарбиятгари аслиаш медонад. Ҳамин модаркалонаш Маделин 2-вуми ноябр, ду рӯз пеш аз расидани Обама ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико, баъд аз беморӣ аз олам даргузашт.

Обама дар наврасиаш бозии голф ва овозхонӣ дар гурӯҳҳои умумиро дӯст медошт. Вале бештар аз ҳар бозӣ ба вай баскетбол писанд буд. Худаш баъдтар гуфтааст, маҳз дар бозиҳои баскетбол водор мешуд, ки ба унвони наврасе аз нажоди сафеду сиёҳ ё махлут барои ҳувияти худаш мубориза кунад.

Обама таҳсили донишгоҳиро дар Лос Анҷелес оғоз кард ва бори нахуст бо суханрониаш дар раҳпаймоии зидди табъизи нажодӣ ё зидди апартеид ба арсаи сиёсат қадам ниҳод. Обама муҳити ин донишгоҳро барои худ маҳдуд медонист ва ба Ню-Йорк ба донишгоҳи Колумбия рафт. Аз ин донишгоҳ бо дипломи улуми сиёсӣ фориғ шуд. Баъд аз донишгоҳ зиндагиро дар Ню-Йорк идома медод ва дар ҳамон солҳо падараш дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар Кения кушта шуд.

Нахустин сафари Барак Обама ба Кения зиёрати қабри падараш буд. Баъд аз Ню-Йорк Обама ба шаҳри барояш ноошно ба Чикаго рафт ва ба унвони созмондҳандаи ҷамъияте ба кор оғоз кард, то мардуми фақирро ташвиқ кунад, ки барои беҳбуди шароити зисти худ ба равандҳои сиёсӣ ҳамроҳ шаванд. Обама се сол дар ин кор фаъъолият кард ва ин солҳоро барои худ солҳои беҳтарини омӯзиш медонад. Дар солҳои кораш дар як ширкати ҳамкориҳои ҳуқуқӣ бо хонуми ояндааш Мишел Робинсон, ки аз мактаби ҳуқуқи Ҳорворд фориғ шуда буд, ошно мешавад. Мишел духтаре аз хонаводаи коргари миёнаҳоли Чикаго буд. Онҳо соли 1992 бо ҳам издивоҷ карданд ва ҳоло ду духтар доранд: Малиа 10-сола ва Саша-7 сола аст.

Барак Обама ва аҳли байташ

Б. Обама дар ширкатҳои ҳуқуқӣ машғули кор буд ва дастмузди хуб дошт. Ӯ дар Чикаго дар як ширкати ҳуқуқии вижа, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ мекард, ба кор даромад. Баъдтар дар факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Чикаго низ дарс медод. Соли 1996 хост тавони худро дар саҳнаи сиёсӣ биозмояд ва дар иёлати Иллинойс худро номзади Сенати ин иёлат пешбарӣ кард.

Модараш ҳанӯз соли 1995 аз дунё даргузашт. Вай умри дароз надид, то бубинад, ки писараш бори аввал чи тавр дар интихобот пирӯз шудааст. Баъд аз интихоб Обама тавонист қонунҳои иёлатро дар бораи беҳбуди вазъи беҳдошт, қонун дар бораи нажод, муҷозоти эъдом ва азияту шиканҷаи қотилони эҳтимолӣ тағйир диҳад. Баъд аз 8 соли фаъъолият дар сатҳи иёлат вай соли 2004 тасмим гирифт, ки худро ба намояндагии Сенати Амрико пешбарӣ кунад. Ҳамин тариқ, Барак Обама дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш барои намояндагии Сенат шахсиятҳои маъруфи Ҳизби Демократро ба сӯи худ кашид. Ҷон Керрӣ, ки он вақт номзади демократҳо барои мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико буд, аз Обама хост, то дар анҷумани ниҳоии ҳизб дар Бостон суханронӣ кунад. Обама бо ин суханронии 17-дақиқаии худ аз анҷумани ҳизбӣ ба унвони сисатмадори варзида ва қаҳрамон берун омад. Он вақт ӯ суханонашро ин гуна оғоз карда буд: "Амрикои озодихоҳ ва Амрикои муҳофизакор вуҷуд надорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вуҷуд дорад. Амрикои сиёҳҳо ё сафедҳо ва ё Амрикои лотиниҳову осиёиҳо вуҷуд надорад – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вуҷуд дорад".

Ин суханронӣ Обамаро ба як ситора дар олами сиёсат мубаддал сохт. Баъд аз 17 дақиқаи суханронӣ вай аз як ҳуқуқдони маъмулӣ ба як сиёсатмадори миллӣ табдил ёфт.

Баъд аз чанд моҳи ин суханронӣ Барак Обама бо 70 дарсади раъй намояндаи Сенати Амрико интихоб шуд. Билофосила, аз ҳар сӯ ба Обама пешниҳод мекарданд, ки ӯ бояд дар оянда худро номзади мақоми раисҷумҳурӣ пешбарӣ кунад. Дар Сенат вай ба зудӣ ҷойгоҳи муътабар пайдо кард ва соҳибэътибор шуд. Ба ин тартиб, Борак Обама 10-уми феврали соли 2007 дар Иллинойс эълон кард, ки номзадии худро барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад.

Ва ин номзадӣ шоми 4-уми ноябри соли 2008 бо пирӯзӣ анҷом ёфт.

U.S. Election -- Obama Wins U.S. Presidency
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00
XS
SM
MD
LG