Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи ИМА: Пайгирии мустақим аз Душанбе


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҷиҳати назорат аз рафти натиҷагириҳои интихоботи раёсатиҷумҳурии Амрико намояндагони ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ, расонаҳо, коршиносони мустақил ва созмонҳои байнулмилалии мустақар дар Тоҷикистонро ҷамъ овард.

Соати 10. 40 дақиқа ба вақти Душанбе пирӯзии номзад ба раисҷумҳурии Амрико Барак Обама тариқи телевизиони СНН эълон мешавад ва номзади мағлуб Ҷон Маккейн бадоҳатан мағлубияти хешро эътироф мекунад.

Ҳудуди 50 тан аз меҳмонони сафорати Амрико кормандони ин сафоратро бо президенти ҷадидашон табрик карданд.

Трейси Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Тоҷикистон баъд аз қабули табрикоти ҳозирин ба Радиои Озодӣ гуфт, барои кишвараш ин интихобот хеле аҳамияти вижа дошт. Вай ширкати мардумро дар интихобот далел овард, ки ҳанӯз то шурӯъи раъйгирӣ теъдодашон аз 30 миллион нафар гузашта буд.

Хонум Ҷейкобсон гуфт, моҳи декабр ба Амрико сафар дорад ва бо мақомоти расмии он ҷо роҳҳои беҳбуд бахшидани равобити Амрикову Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард. Вай афзуд, дар замони раисҷумҳури нав равобити кишвараш бо Тоҷикистон боз тақвият хоҳад ёфт.

Ҳозирини толори сафорати Амрико, ки ба назар мерасид ҳамагӣ ҷонибдори пирӯзии Барак Обама буданд, ҳайрату хурсандии худро пинҳон карда наметавонистанд.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихоботи Амрико гуфт, аз 20 октябр то 1 ноябр дар Амрико буд ва аз рафти омодагиҳо ба интихоботи раёсатиҷумҳур назорат мекард. Оқои Додоҷонов гуфт, то ин лаҳза ба ин бовар буд, ки Ҷон Маккейн пирӯз мешавад, зеро расонаҳои бузургтарини Амрико, аз қабили СНН бештар ӯро ташвиқ мекарданд. «Ман ҳангоми баромадҳоям дар донишгоҳҳои Амрико мегуфтам, ки дар таърихи ин кишвар ягон африқоиасли амрикоӣ ё зан раисҷумҳур интихоб нашудааст, аз ин хотир, ба пирӯзии Обама бовар надорам. Мегуфтам, ки агар ӯ ғалаба кунад, мо ҳақиқатан ба намунаи демократия будани Амрико бовар хоҳем кард».

Искандар Асадуллоев, коршинос дар умури сиёсӣ гуфт, пирӯзии Обамаро хеле мехост ва акнун назари ӯ дар бораи Амрико боз тағйир ёфт: «Амрико боз исбот кард, ки кишвари озод аст, халқи озод аст»

Зиннатуллоҳи Исмоил, сарвари телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон гуфт, интихоботи раёсатиҷумҳурии Амрико бори дигар собит кард, ки дар ҷаҳон ҳанӯз сохтори одилонаи интихоботӣ вуҷуд дорад. Вай афзуд, дар Амрико мағлуб ба осонӣ ва мардона пирӯзии рақиби хешро эътироф мекунад, зеро бовар дорад, ки дар интихобот тақаллубкорӣ набуд.

Ба ҳамин минвол, то соати 11-и рӯз толори сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон пур аз меҳмон буд. Коршиносон гуфтанд, аз ин толор бо умеди он хориҷ мешаванд, ки дар замони раисҷумҳур Барак Обама на фақат равобити Тоҷикистону Амрико, балки дар ҷаҳон равандҳои демократия густариш пайдо мекунанд ва вазъи амниятиву иқтисодӣ беҳбуд меёбад. Он чӣ ки дар замони раисҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш кам ба назар расид.

XS
SM
MD
LG