Дар вилояти Хатлон, ки шоҳиди аслии низоъҳои ҳамватании солҳои 92-97-и асри гузашта буд, тибқи омори расмӣ дар гузаштаи начандон дур 5 ҳазору 682 ҷинояти мудҳиш, мисоли тахрибкорию қатли инсон ва дуздии молу мулки давлатию шахсӣ содир шуда, ҳанўз омилонаш боздошт ва ё ҳадди ақалл муайян нашудаанд.
Шодибек Раҷабов, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон, гуфтааст, шўъбаҳои зидахли вазорати умури дохила дар вилояти Хатлон махсус барои ошкорсозии ҷиноёти солҳои пешин 130 гурўҳи вижаи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис додаанд.
Зимнан, дар соли ҷорӣ 2292 кори ҷиноятии солҳои пешин дубора мавриди омўзиш қарор гирифта, аз он миён, 159 кори ҷиноятӣ аз нав эҳё гардидааст.
Дар вилояти Хатлон ҳанўз ба сурати асрорангез кушта шудани Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов, фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ, таҳоҷуми мусаллаҳонаи сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ва тахрибкориҳои пайравони ў, таркишҳои батакрори назди раёсати умури дохилаи Хатлон, кушта шудани Ҳайдар Қосимов, охирин қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷиноёти пурсарусадои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шумурда мешавад. Омилони ин ҷиноёт, таври маълум, расман ошкор ва ё боздошт нашудаанд.
Ва аммо мақомоти Хатлон мегўянд, дар амри ошкорсозии дастандаркорони ҷиноёти солҳои пешин талошҳояшонро дучанд кардаанд. Фозилҷон Охунов, прокурори Хатлон, дар ин робита мегўяд:
«Мо аз як тараф ҳама парвандаҳои ҷиноятии солҳои пешинро дубора бардошта истодаем. Танҳо, масалан, дар соли 2007-ум 17 кори ҷиноятии дар солҳои пешин содиршударо барои баррасӣ ба суд ирсол кардаем. Ҳамон Саъдулло Раҳимов, вакили собиқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мўъминобод ҳам бинобар даст доштан дар қатли инсон маҳз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аниқтараш соли 1996, ба курсии додгоҳ нишаст, бо гузашти 11 сол аз он ҷиноят ўро ба ҷавобгарӣ кашидем. Воқеан, он солҳо ошкор кардани ҷиноятҳо, бинобар нооромиҳои маълуми кишвар, мушкилтар буд. Аммо ба шарофати мусолиҳаи миллӣ волоияти қонун дар Тоҷикистон таъмин шуда, ҳама муттаҳамин муҷозоти сазовор барои ҷиноёти содиркардаашонро хоҳанд гирифт…»
Ишораи Фозилҷон Охунов, прокурори Хатлон, ба он буд, ки марҳум Саъдулло Раҳимов дар қатли як тракторчӣ бо истифода аз силоҳ дар Мўъминобод дар соли 1996 ва силсилаи ҷиноёти дигар, назири суистифода аз мақоми хидматӣ, бемасъулиятӣ, таҳқири намояндаи ҳокимияти давлатӣ ва бисёрникоҳӣ муттаҳам мешуд.
Мақомоти додситонӣ барои ба курсии айбдории суд нишондани вакили пешини Маҷлиси маҳаллии Мўъминобод аз соли 1996 бад-ин сў талош кардааст. Аммо вакили собиқи мардумӣ танҳо дар рўзи якуми мурофиаи додгоҳӣ ширкат варзида тавонист ва бар асари хуруҷи беморияш чандин моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ муолиҷа мешуду ахиран дар 63-солагӣ ҷон дод.
Дар ҳамин ҳол шоҳидони низоъҳои ҳамватании солҳои 90-ум мегўянд, феълан ошкорсозии омилони ҷиноёти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кори бас мушкил аст. Сиёсатшинос Азимҷон Ваҳҳобов мегўяд, ба назари ў, дар як замон кушта шудани 70 ҷавонмард аз деҳаи Даврон Нуриддинови ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар дар солҳои ҷанг ва ҳамлаҳои пурқурбонии сарҳанги шўришӣ Худойбердиев, ки дар натиҷа падараш кушта шудааст, аз мудҳиштарин ҷиноётест, ки ҳанўз мақомот дар шарҳи он ва боздошти омилонашон оҷизӣ мекашанд:
«Замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳарчанд дар синну сол хурдтар будем, аммо хуб ба ёдам ҳаст, ки 27-уми сентябри соли 1992 аз ҷониби маҳаллаи Ломоносови Қўрғонтеппа ҳамлаҳои мусаллаҳона ба маркази шаҳр сурат гирифтанд, зимнан, мо аз тарси тиру тўп ба тарафи Бохтар фирорӣ шудем. Баъдтар аз замони шоҳидони ҳол ва китобҳои таърихӣ дарёфтам, ки он ҳамларо сарҳанги шўришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо кироя гирифтани нерўҳо ва аслиҳаи дивизияи 201-уми Русия, мустақар дар Қўрғонтеппа анҷом додааст. Дар натиҷаи ин ҳамлаи мусаллаҳона падари ман, ки як шаҳрванди сулҳхоҳу осоишта буд, кушта шуд. ҳанўз омилони қатли ў ошкор нашудаанд ва мо низ худ аз мақомот дархости бозрасии парвандаи ўро накардем, зеро мутмаин нестем, ки қотилони аслии падар дарёфт шаванд.
Ҳамин гуна, он солҳо аз ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар 70 ҷавон қурбонӣ шуданд, дар миёни онҳо хешу ақрабои мо ҳам буданд ва қотили ҳеҷ як аз онҳо муайян нашудааст то ҳол ва гумон аст, ки пайдо шаванд…»
То ҳанўз дар Қўрғонтеппа аз он солҳои бесарусомониҳо ёд мекунанд, бавижа, таркишу ҳамлаҳои пурқурбонӣ, хушунату зўроварӣ, хонасўзию дуздии молу мулкро. Мақомот гоҳе расмию ғайрирасмӣ ҷиноёти харобиовари содиршуда дар Қўрғонтеппаи замони ҷанги шаҳрвандиро кори дасти сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев мехонанд. Ҳамакнун Маҳмуд Худойбердиев дар пайгарди байнулмилалии қонунӣ эълон шуда, Интерпол ё Пулиси байнулмилалӣ сарҳанги шўриширо дар қаламрави кишварҳои узви Интерпол ҷустуҷў намуда ва дар ҳоли дарёфти ў, масъалаи истирдодашро ба Тоҷикистон дар миён хоҳад гузошт.
Дар ҳоле ки Маҳмуд Худойбердиев тайи 10 соли ахир дар пайгарди қонунӣ ва акнун дар кофтуковӣ байнулмилалӣ қарор дорад, дасти кам дар се соли ахир акси барҷастаи ў дар хиёбони марказии Қўрғонтеппа, шаҳре, ки дар он Худойбердиев ҳамчун як низомии пурқудрат ташаккул ёфтаву дар солҳои 90-ум раҳбарии яке аз воҳидҳои низомиро ба зимма дошт ва, ба гуфти мақомот, нахустин тахрибкориҳояш аз ин шаҳр сар зада буд, овехта шудааст. Зимнан, аз шаҳрвандон дархост гардидааст, ҳар маълумоте, ки оид ба ин сарҳанги шўришӣ дар ихтиёр доранд, ба мақомот ироа бикунанд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷиноётеро, ки сарҳанги шўришӣ Маҳмуд Худойбердиев ва гурўҳи ў дар қаламрави Тоҷикистон содир кардаанд, сангин мешуморад ва судҳои кишвар низ ба аъзо ва пайравони ў муҷозоти шадид таъин мекунад.
Айни замон дар вилояти Хатлон дастикам 30 нафар аз пайравони сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва беш аз 10 сокини ин минтақа танҳо дар 2 соли ахир бо ҳамин ҷурм равонаи зиндон шудаанд…
Дар соли ҷорӣ ҳамчунин мақомоти прокуратураи Хатлон бо гузашти беш аз 15 сол аз қатли охирин қаҳрамони тоҷикистонии Иттиҳоди Шўравӣ Ҳайдар Қосимов, алайҳи муттаҳамин дар ин ҷиноят дубора парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карданд. Дафъаи аввал дар соли 1993 мақомоти додситонӣ аз таҳқиқи сареъи қатли Ҳайдар Қосимов худдорӣ варзида ва ба сабабе ин парвандаро лағв карда буданд.
Ҳайдар Қосимов яке аз қаҳрамонони ангуштшумори Иттиҳоди Шўравӣ аз Тоҷикистон будааст, ки дар моҳи марти соли 1993 дар ноҳияи Қумсангир аз сўйи афроди номаълуми мусаллаҳ кушта шудааст. Ҳайдар Қосимов он замон 70 сол дошт, узви ҳеҷ як гурўҳи қонунию ғайриқонунии низоъҳои ҳамватанӣ набуд ва ба унвони фирории ҷанг пас аз мавриди оташсўзӣ қарор гирифтани манзили зисташ дар ноҳияи Вахш, дар Қумсангир ба сар мебурд.
Фарзияи расмии мақомоти тафтишотӣ ин аст, ки қатли қаҳрамони охирини Иттиҳоди Шўравӣ кори дасти афроди мусаллаҳест, ки сабукрави «ГАЗ-24» ва нишони тиллоии сарисинагии Қосимовро рабудаанд. Ба қавли коршиносон, феълан қимати нишони Ситораи тиллои қаҳрамонии Ҳайдар Қосимов дар бозорҳои сиёҳи ҷаҳонӣ на кам аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доштааст.
Маҳз ҳамин ситораи тиллоӣ ва унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Ҳайдар Қосимов дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ чанд маротиб ўро аз қатли ваҳшиёна эмин доштааст.
Ва аммо Зебо Сатторова, номзади улуми таърих, бар ин назар аст, ки Ҳайдар Қосимов қурбони маҳалгароиҳои ҳамватанонаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гардидааст:
«Дар қатли Қосимов ягон омили ҷиддӣ набуд. Вай солҳои ахир ба сиёсат умуман дахолат ҳам намекард. Танҳо раҳбарии совхози асппарварии ноҳияи Вахшро бар дўш дошт солҳои ахир. Ҳамон вақт маҳалгароӣ дар Тоҷикистони ҷангзада авҷ гирифта буд, ҷумҳурӣ ба ду лагери баҳамзид тақсим шуд: кўлобиҳо ва ғармиҳо. Барои қотилони Ҳайдар Қосимов танҳо ин баҳона кифоя буд, ки вай аслан аз мардумони минтақаи Ғарм аст».
Хонум Сатторова мегўяд, Ҳайдар Қосимов дар 1200 муҳорибаи хунини ҶБВ ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиб тағийр хўрдаву ў танҳо зинда мондааст, ҳазорҳо-ҳазор муҳиммоти ҷангӣ, миллионҳо сарбози адў дар майдони ҷанги 4-солаи солҳои 40-ум натавонист Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравиро шикаст диҳад, аммо вай дар кўҳансолии худ аз дасти ҳамватанонаш ба ҳалокат расид.
Ҳамакнун бо гузашти 15 сол аз қатли Ҳайдар Қосимов, изҳои ҷиноят тақрибан гум шуда, шоҳидони ҳодиса қисме фавтида ва бархе дигар маҳалли иқоматашонро тағйир додаанд. Аммо прокуратураи Хатлон мегўяд: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст!», ки инро, албатта, вақт нишон медиҳад…
Ва аммо ба ақидаи бархе аз коршиносон, бозҷўии омилони ҷиноёти дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содиршуда ба зинда гардидани захмҳои ҳазорон-ҳазор сокини ҷануби кишвар сабаб мешавад. Қаландар Садурдинзода, раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Хатлон, мегўяд:
«Ҳоло ҳар кори ҷиноӣ, ки алайҳи омилони ҷиноёти солҳои пешин аз сар гирифта шавад, яктарафа баррасӣ хоҳад шуд. зеро агар мақомот ба таҳқиқу баррасии парвандаҳои ҷиноии масалан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пардозанд, маълум мешавад, ки касе аз одамони соҳибмақоми имрўза «тоза» намебарояд, бисёриҳо қурбони ҷангу найрангҳои он шудаанд, ҳоло шояд ислоҳ шудаву дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда ҳам кор мекунанд…»
Бо ин вуҷуд, имсол мақомоти интизомии Хатлон 144 ҷинояти солҳои пешин, минҷумла замони ҷанги шаҳрвандиро ошкор кардаанд. Зимнан, 27 кори ҷиноятӣ бо фикри айбдоркунӣ ба судҳо равона шуда, тафтиши 86 кори ҷиноятии дигар дар истеҳсолот қатъ шудааст. 144 ҷинояти ошкоршудаи солҳои пешин аз ҷиноёти марбут ба расонидани зарари ҷисмонӣ (4), дуздии моликияти давлатӣ (11) ва шахсӣ (86), ғоратгарӣ (2), қаллобӣ (7) ва ҷиноёти иқтисодӣ (5) иборат будаанд.
Дар воқеъ, ҷанги шаҳрвандӣ ҷони беш аз 100 ҳазор нафарро рабуд, 60 ҳазор тифлро бепадару 25 ҳазор занро бешавҳар кард, садҳо хонавода беманзил монданду фирорӣ шуданд. Низоъҳои ҳамватанӣ ба иқтисоди кишвар беш аз 7 миллард зарари молӣ расонид ва то ҳанўз осори он эҳсос мешавад.
…Шояд таҳлилгарон дуруст мегўянд, ки ҳанўз замони то ахир ошкор кардани омилони ҷиноёти содиршудаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нарасидааст…
Шояд дуруст мегўянд, ки бо пайгирии ҷиноёти солҳои пешин захмҳои пўшишнахўрда дубора эҳё мегарданд…
Шояд дуруст мегўянд, ки ҳанўз на ҳама осебдидаи ҷанг омода аст, бидонад, ки қотили падару бародараш кисту хонаашро кӣ сўхта буд, кӣ охирин молу мулкашро рабуд ва ў ва хонаводаи ўро ғарибу беватан кард…
Ё шояд вақти он расидааст, ки «мўй аз хамир ҷудо шавад»? Ҷомеа дигар дарк кунад, ки давлат амнияти ўро таъмин карда метавонад, ҷинояткор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегўяд, сарфи назар аз кӣ буданаш?! Ва осуда бихобад…