Вале аз сӯи дигар сарвари Қазоқистон таъкид намуд, ки бидуни дастёбӣ ба таъмини амният дар минтақа тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ғайриимкон аст. Н. Назарбоев дар маҷмуъ маҳдудаи созмонро амн ва пешгӯишаванда арзёбӣ кард, вале аз сӯи дигар мавҷудияти хатар ва таҳдидҳоеро ба амният ва рушди кишварҳои минтақа таъкид намуд. Ҷиҳати мубориза бо чунин хатару таҳдидҳо сарвари Қазоқистон фаъолияти муштараки кишварҳои узви созмонро зарур донист.
Ба гуфтаи ӯ, пайдо шудани шаклҳои нави фаъолияти террористӣ ва ниҳодҳои ҷиноии бунёдгаро, ки идеологияи тундгароро ҷонибдорӣ мекунанд, ба мушоҳида мерасанд. Вақте бӯҳрон оғоз мегардад, гурӯҳҳои муайяни ҷиноӣ фаъол мегарданд ва ба рушди тиҷорат монеъаҳо эҷод мекунанд ва дар ин маврид ҳеч кишваре қодир нест, ки ба танҳоӣ мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавиро, ба вижа он марбут ба амният бошад, ҳал намояд ва аз ин лиҳоз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шонхой муҳим аст, гуфт Нурсултон Назарбоев.
Ба басо муҳим будани масъалаи таъмини амният Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, низ ишора кард. Аз сӯи дигар, оқои Масимов афзуд, ки алъон дар маҳдудаи созмон тарҳҳое пиёда мегарданд, ки ҳамкориҳои ин кишварҳоро тақвият хоҳанд бахшид.
Нахуствазири Қазоқистон гуфт, ки системаи хатти лӯлаи нафт, ки дар маҳдудаи созмон ба вуҷуд омадааст ва Русияро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин пайваст месозад, аллакай асоси ҷиддиест барои ба вуҷуд овардани маҳдудаи воҳиди энергетикии созмон.
Владимир Путин, нахуствазири Русия, бошад, таваҷҷӯҳи ҳамтоёнашро ба рушди ҳамкориҳои амалӣ байни кишварҳои узви созмони ҳамкории Шонхой ҷалб намуд ва ба андешаи вай рушди чунин ҳамкориҳо ва пиёдасозии тарҳҳои бузурги маштарак омилҳои ҷиддие мегарданд ба рушди босуботи иқтисодӣ дар минтақа. Ба гуфтаи нахуствазири Русия дар барномае, ки тоза пазируфта шудааст, гомҳои ҷадиде ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар риштаҳои гуногун муайян гардидаанд. Дар ин барнома таваҷҷӯҳи бештаре ба ҷонибдорӣ аз тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ ба сохтмон, энергетика, нақлиёт ва фанновариҳои навин дода шудааст.
Ҷониби Чин бошад омодагии хешро барои пуштибонӣ аз чунин тарҳҳои бузурги иқтисодӣ баён кард. Вен Сзябао, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин, гуфт, ки кишвараш ҷиҳати пиёдасозии чунин тарҳҳо ба кишварҳои узви созмон вомҳои имтиёзнок хоҳад дод.
Дар ҷаласаи нахуствазирон кишварҳои Русия Тоҷикистон ва Қирғизистон ин иқдоми Чинро писандиданд ва хостори боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ шуданд. Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, таъкид намуд, ки кишвараш ҳамеша ҷонибдори ҳамкориҳои воқеъии иқтисодӣ аст.
Оқои Оқилов гуфт, ки Тоҷикистон ҳамеша барои пиёда сохтани ҳамгароии иқтисодӣ ва аз байн бурдани монеаҳо дар риштаҳои иқтисодӣ ва башардустона талош дорад. Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, бошад, хостори ин шуд, ки кишварҳои созмон бояд дар бахши истифодаи об тафофуқнома ба имзо расонанд .
Ширкатдорони сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви созмони ҳамкории Шонхой дар фароварди ҷаласа баёнияи муштаракро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни кишварҳои узви созмон қабул карданд. Дар он зикр шудааст, ки ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои узв соли оянда дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор хоҳад гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба Созмони ҳамкории Шонхой, ки он соли 2001 арзи вуҷуд карда буду онро созмони сирф иқтисодӣ меҳисобанд, аз аввал Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон узвият доранд ва баъдан ба он Узбакистон пайваст.