Шариф Саид – раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон дар ҷараёни машваратҳо бо ҳайъати ширкати «Намоишгоҳҳои ҷаҳонии Туркия» дар Душанбе ин мавзӯъро матраҳ кард. Ба эътиқоди Шариф Саид, пайвастшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба ин кишвар имконоти фаровони тиҷоратро фароҳам хоҳад овард.
Ғулом Бобозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, пайвастшаӣв ба СҶТ як раванди мушкилест, ки онро бояд паси сар кард. Барои мисол шартҳои узвият инҳоянд. Якум, қонунҳои Тоиҷкистон дар бахши иқтисод ва тиҷорат бояд ба қавонини кишварҳои узв мутобиқат кунад. Дувум, муносибатҳои дохилӣ комилан бозорӣ бошад. Севум, дар равобит миёни ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ монеа вуҷуд надошта бошад ва ғайра.
Пас суол ин аст, ки оё мо дар ҳоли ҳозир ба иҷрои ин шурут омада ҳастем ё на?
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, ҷумҳурӣ дар бораи пайвастшавӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат танҳо бо Чин ба тавофуқ расидааст. Ва барои пайвастан ба ин созмон Тоҷикистонро зарур аст, то ризоияти соири кишварҳои узви ин созмонро ба даст биорад. Ғулом Бобозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, дар ин бора гуфтугӯҳо бо Қирғизистон, ки узви ин созмон аст, идома дорад. Ғулом Бобозода гуфт, ӯ низ бо мақомоти Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар ин мавзӯъ машваратҳо анҷом додааст.
Оё илҳоқи ҷумҳурӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба нафъи кишвар аст?
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси умури иқтисод аз натоиҷи пайвастшавӣ ба ин созмон хушбин нест. Оқои Умаров гуфт, «Муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби ин созмон моро маҷбур мекунад, танҳо ба тавлиду фурӯши маводи хом машғул шавем, ки ба назари ман барои рушди ояндаи Тоҷикистон мусоидат намекунад. Ва мо дар вориди технологияи ҷадид ва коркарду тавлиди колоҳои рақобатпазир дасткӯтоҳ хоҳем шуд.»
Аммо ба эътиқоди Давлат Усмон, коршиноси коршиноси дигари иқтисод ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон мулҳақ шудан ба ин созмон нисбат ба зиён нафъаш бештар аст. Давлат Усмон гуфт: «Тоҷикистон кишварест, ки иқтисоди он дар ҳолати рукуд қарор дорад. Ва пайвастан ба ин созмон имкон дорад барои ҷумҳурӣ як таконе шавад. Ва ин такон роҳро барои ворид шудани ширкатҳои бузурги хориҷӣ ва сармояи онҳо боз кунад. Ба назари ман, ҷиҳати манфӣ танҳо таъсире ба фарҳанги мо метавонад бошад.»
Бо вуҷуди ин, Давлат Усмон бо дарназардошти мушкилоти таъсири қавонини ҷумҳурӣ ва сиёсати иқтисодӣ, ки ба қавли вай аз ормонҳои миллӣ бегона аст, баъид медонад, ки Тоҷикистон дар ин солҳои наздик тавонад ба иҷрои шурути Созмони ҷаҳонии тиҷорат омода бишавад.