Бино бар эъломияи раиси он Доминик Стросс Кан, ёрӣ ба эҳёи суботи иқтисодии Укроин, рафъи паёмадҳои бӯҳрони саросарии молӣ ва поён овардани сатҳи таваррум дар он кишвар мусоидат хоҳад кард.
Сандуқи пул ин маблағро ба мӯҳлати ду сол ба Укроин қарз медиҳад.
Бо вуҷуди он ки Бонки марказии кишвар барои дастгирии пули миллии Укроин - гривна маблағи қобили мулоҳизаро сарф кард, дар тӯли ҳафтаи гузашта қурби он дар муқоиса бо доллари амрикоӣ 20 дар сад арзон шуд. Илова бар ин, бино бар суханони раисҷумҳур Виктор Юшенко, то охири соли равон Киев ба ниҳодҳои мухталифи молии байнулмилалӣ бояд 8 миллиарду 800 миллион доллар баргардонад ва соли 2009 Укроин бояд 15 миллиард доллари дигар пардохт кунад.
Афзун бар мушкилиҳои молӣ, Укроинро бӯҳрони навбатии сиёсӣ бесубот мекунад. Моҳи гузашта эътилофи аҳзоби ҷонибдорони раисҷумҳур Юшенко ва нахуствазир Юлия Тимошенко дар Радаи давлатӣ порлумони Укроин пароканда шуд ва Юшенко интихоботи пешазмӯҳлати порлумониро дар моҳи декабр таъин кард. Ин севумин интихоботи порлумонӣ дар тӯли се соли охир хоҳад шуд.
Бӯҳрони саросарии молӣ қариб ба ҳамаи иқтисодҳои ҷаҳони таъсири тахрибкунанда дошт. Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта Сандуқи байнулмилалии пул эълом намуда буд, ки барои наҷоти низоми бонкии Исландия беш аз 2 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Бо дархости ёрии таъҷилӣ Маҷористон, Покистон ва ҳатто Беларус низ ба Сандуқи байнулмилалии пул муроҷиат кардаанд. Минск аз ин ниҳоди байнулмилалии молӣ барои таъсиси захираи эҳтиётии пул 2 миллиард доллар дархост кард.