Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ифтитоҳи Анҷумани саввуми байнипорлумони Русия ва Тоҷикистон суханронӣ мекард, гуфт, ширкати сармояи русӣ дар таҳкими равобити иқтисоди ин ду кишвар нақши ночиз дорад. Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар роҳи вуруди сармояи Русия ба Тоҷикистон ҳеҷ гуна мавонеъ вуҷуд надорад ва баръакс, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар ҳеҷ як гӯшаи дигари дунё мислашро надорад, кафолат ва замонати ҷиддӣ барои сармоягузорони ин кишвар аст. Ҳамзамон бо ин президент Раҳмон таъкид кард, ки давлат ва ниҳодҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳад бо ширкатҳое ҳамкорӣ дошта бошад, ки фаъолияти онҳо шаффоф ва олуда ба фасод набошад. Ба таъбири президент, давлати Тоҷикистон дар солҳои қабл аз сӯи бархе аз ширкатҳо ва шарикони иқтисодии русиаш гӯл зада шуд, вале акнун Тоҷикистон омодааст бо он ширкатҳое равобит ба роҳ монад,к и фақат аҳдофи тиҷоратӣ ва иқтисодиро дунбол мекунанд ва ғаразҳои дигар надоранд.
Ба таъбири президент Раҳмон, дар солҳои гузашта бархе аз демократҳои Русия ба шумули намояндагони порлумони ин кишвар талош карданд дар амри дарёфти роҳи дурусти тараққиёт ва рушди ҷомеа ба ҳамтоёни тоҷики худ кӯмак кунанд. Аммо, гуфт оқои Раҳмон, ин гуна «роҳнишондиҳиҳо» оқибат бо ҷанги шаҳрвандӣ анҷомид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон мехоҳад Русия ҷиҳати баҳарбардории захоири урани ин кишвар ширкат дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба хотири Русия корхонаи тавлиди уранро ба фурӯш нагузошт ва ҳоло ҳам бар ин бовар аст, ки маҳз бо сармояи русӣ онро ба кор медароварад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки Русия ба кишварҳои африқоӣ сармоягузорӣ карда, аммо кишварҳоеро, ки шарики стратегӣ меҳисобад, аз ҷумла кишварҳои ИДМ-ро дар канор гузоштааст. Оқои Раҳмон изофа кард, ки дар ҳоле дар Афғонистон сиёсати бархе аз кишварҳо на он қадар рӯшан ас,т вале Русия метавонад ҳузури иқтисодӣ ва тиҷоратии худро дар ин кишвар тавассути Тоҷикистон таъмин кунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз вакилони порлумони ҳарду кишвар хост, ки ҷиҳати афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаҳои ҳуқуқии мусоид фароҳам оранд. Оқои Раҳмон натоиҷи ду нишасти қаблии намояндагони порлумонҳои Русия ва Тоҷикистонро бесамар ва нокофӣ хонда, афзуд, бояд чунин нишастҳо манфиат ва суде ба бар оварад.
Зимни суханронии худ Сергей Миронов – раиси Шӯрои федерасиони Русия бо ситоиш аз сатҳи равобити ду кишвар бар афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон Русия ишора кард. Вай гуфт, қарор аст то анҷоми соли равон ҳаҷми табодули коло то ба як миллиард доллар бирасад. Оқои Миронов гуфт, дар ҳоли ҳозир дар макотиби олӣ ва омӯзишгоҳҳои Русия чоруним ҳазор донишҷӯ ва мутахассиони тоҷик машғули таҳсиланд ва интизор меравад дар оянда ин шумора афзоиш ёбад.
Аммо нуктаи муҳим дар суханронии Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон – масъалаи тағйири шароити сабти номи муҳоҷирини тоҷик дар Русия буд. Оқои Убайдуллоев аз аъзои порлумони Русия даъват кард, ки дар тамдиди мӯҳлати сабти номи атбои тоҷик мусоидат кунанд. Бар асоси муқаррароти мавҷуда, барои ин кор се рӯзи баъди вуруд ба қаламрави ин кишвар пешбинӣ шудааст, ки кофӣ нест.
Қарор аст, дар анҷоми Анҷумани байнипорлумонии Русия ва Тоҷикистон бархе аз асноди ҳамкорӣ миёни манотиқи ин ду кишвар ба имзо бирасад.
Нахустин нишасти намояндагони порлумонҳои Русия ва Тоҷикистон дар соли 2006 дар Тоҷикистон ва дуюми он дар моҳи сентябри соли 2007 дар Русия баргузор шудааст.