Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон созишномаро имзо накард


Ҳамоиши байнулмилалии дурӯза дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Идораи сарҳадот ва муқобала бар маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ» бо тасвиби як эъломия ба кори худ анҷом дод.

Ин санад бар тақвияти равобит миёни кишварҳои минтақа, Амрико ва Аврупо дар амри муроқибати беҳтари сарҳадот ва шеваҳои судманди мубориза бо қочоқи маводди мухадир таъкид кардааст.

Ӯзбакистон аз кишварҳои пурҷамъияти минтақаи Осиёи Марказӣ зери ин эъломия имзо накард. Вале ин барои бори аввал нест, ки ин кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон аз имзо ва эътирофи асноди ҳамкории минтақаӣ худдорӣ карда ва боиси эҷоди мавонеъ дар ин роҳ мешавад.

Намояндаи Ӯзбакистон дар ҳоле аз имзои эъломияи мазкур даст мекашад, ки ба таъйиди дастандаркорони ин ҳамоиш пешнависи он қабл аз ниҳоӣ шудан бо дарназардошти мулоҳизоти ҷонибҳо ислоҳ шудааст. Аммо Азизбек Эркабоев - сардори бахши байнулмилалии Маркази миллии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Ӯзбакистон, ки намехост бо хабарнигорон сӯҳбат кунад, хело кутоҳ гуфт,ки имзогузорӣ зери ин санад дар салоҳияти ӯ нест.

Ҳарчанд дар ин эъломия таъкид рӯи таҳкими равобит, тавсеаи ҳамкориҳо миёни нерӯҳои марзбонии кишварҳо, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир, муроқибати беҳтари сарҳадот ва ҳамчунин мусоид кардани шароит барои тиҷорат таъкид шуда, зоҳиран, манофеъи кишварҳоро ба назар гирифтааст, аммо Ӯзбакистон ҳозир нашудааст онро эътироф кунад.

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, далели худдории Ӯзбакистон аз тасвиби ин санад дар он аст, ки бо кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла, бо Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бархе аз масоил ихтилофи назар дорад. Аз мушкилоти ҳалношуда миёни ин кишварҳо то ба охир таъйин нашудани хатти марз ва вуҷуди мавозеъи баҳсӣ дар хатти марз аст. Ӯзбакистон сарҳадоти худ бо Тоҷикистонро минкорӣ кард, ки яке аз мавонеъи дигар дар роҳи ҳамгироии минтақаӣ арзёбӣ мешавад. Бар изофа, миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон низоми раводид роҳандозӣ шуд, ки ин амр низ як садди ҷиддӣ дар роҳи ҳамкориҳои минтақаӣ эҷод кардааст. Зеро дар натиҷа убуру мурури шаҳрвандон , тиҷорат ва доду ситад ба маротиб коҳиш ёфт.

Аммо ин барои бори аввал нест, ки Ӯзбакистон аз имзои чунин аснод, ки заминаро барои густариши ҳамгирӣ ва ҳамкорӣ фароҳам оварад худдорӣ кардааст. Ва ё агар имзо ҳам кардааст тааҳҳудоти худро иҷро намекунад. Барои мисол, ин кишвар баъди ҳаводиси моҳи майи Андиҷон узвияти Паймони амнияти дастаҷамъиро пазируфт ва шомили Ҷомеаи иқтисодии Авроосиё шуд. Яке аз шартҳои пайвастан ба ин созмонҳо бекор кардани муқаррароти раводид миёни кишварҳои узв аст, ки бо гузашти 4 сол дар ин замина иқдом намешавад.

Абдуғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ бар ин назар аст, ки Ӯзбакистон бо доштани захоири қобили мулоҳизаи газу нафт, яъне, имконоти беҳтари иқтисодӣ ва ҷойгиршавиаш дар маркази минтақаи Осиёи Марказӣ, ки иртибототи заминии кишварҳо ба хориҷ аз минтақа тавассути қаламрави он таъмин мешавад, мехоҳад, ҳамсояҳо барояш нақши бештареро қоил бошанд. Аммо кишварҳои дигар намехоҳанд истиқлоли худро зери соя кашанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ӯзбакистон бо он ки аснодро имзо намекунад ва ё имзо мекунаду ба иҷро намедарорад, иқдомоти худро тавзеҳ намедиҳад ва афзун бар ин роҳҳои алтернативии ҳалли масъалро пешниҳод намекунад.

Аммо кишварҳое назири Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки аз лиҳози иқтисодӣ дасте кӯтаҳтар доранд ва аз ин ҳам мушкилтар сипари воқеӣ дар роҳи вуруди маводди мухаддир ва ҳар гуна аносири ҷиноӣ ва ифротӣ аз он тарафи марз ҳастанд, пайваста дар талаби ҳамкориву ҳамгироӣ дар сатҳи минтақаӣ ва ё байнулмилалӣ талош меварзанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони ин ҳамоиш, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дигар аз эъломияи Душанбе пуштибонӣ карда ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз фаъъолсозии як Донишгоҳи минтақаӣ дар шаҳри Душанбе дар соли оянда барои омӯзиши кормандони ниҳодҳои амниятиву интизомӣ ва марзбонии кишварҳои ОМ ва Афғонистон хабар додааст.

XS
SM
MD
LG