Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри тоҷик дар Бишкек


Дар ҳамин ҳол шаҳри Бишкек ҳунармандони театрҳои ҷавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистонро гирди ҳам овардааст, ки дар як ҷашнвораи байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Елена Торотина, яке аз дастандаркорони ин ҷашнвора ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ин ҷашнвораи севвуми байнулмилалии театрҳо дар Бишкек аст, ки таҳти унвони «Арт-Ордо» сурат мегирад. Вай афзуд, ки рӯзи ҷумъа намоиши китобҳои нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов ва ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳои аккоси шинохтаи Қирғизистон Владимир Кириенко ин ҷашнворарао ҳусни оғоз хоҳад бахшид.

Вай гуфт, ки барои ширкат дар ҷашнвораи театрии «Арт-Ордо» аз Тоҷикистон театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омадааст ва ҳунармандони тоҷик намоишномаи «Рӯзе, ки ба як қарн баробар аст»-ро ба маърази доварон ва тамошобинони хоҳанд гузошт, ки аз ду қисм иборат аст.

Ба таъкиди Елена Торотина, барои ширкат дар ҷашнвораи севвуми байнулмилалии театрҳои «Арт-Ордо» аз Қазоқистон театри ҷавонони шаҳри Остона ва театри драмаи русии шаҳри Чимкент, аз Узбакистон театри давлатии ҷавонони ҷумҳурии Қароқалпоқистон вориди Бишкек шуданд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ҳунармандони ин театрҳо низ намоишномаҳои худро аз рӯи асарҳои нависанда Чингиз Айтматов рӯи саҳна овардаанд ва ин намоишномаҳо дар тӯли се рӯзи ҳафтаи равон дар саҳнаи театри миллии русии Бишкек намоиш дода хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Елена Торотина президент Қурмонбек Боқиев бо судури як амр соли 2008-ро соли Чингиз Айтматов эълом карда буд. Вай меафзояд, ки ин ҷашнвора маҳз дар чаҳорчӯби «Ҳафтаи Чингиз Айтматов» раҳандозӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG