Дар гузориши имсолаи Созмони байналмилалии хабарнигорони бидуни марз кишварҳо мувофиқи сатҳи озодии матбуот радабанди шудаанд. Имсол Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар байни 173 кишвар мақоми 106-ро касб кардааст, ки ин болотарин мақом дар байни кишварҳои Осиёи Марказист. Дар ин радабандӣ Қирғизистон дар мақоми 111-ум, Қазоқистон - 125-ум, Узбакистон – 162-ум ва Туркманистон дар мақоми 171-ум ҷойгир шудаанд.
Дар гузориши «Хабарнигорони бидуни марз» Исландия аз нигоҳи озодии матбуот дар мақоми якум ва аммо Туркманистон дар мақоми 171-ум ҷойгир шудаанд. Туркманистон дар ин радабандӣ фақат аз Кореяи Шимолӣ ва Эритрея пеш гузаштааст. Таҳиягарони гузориш кишварҳои Балкан, ба монанди Словения ва Боснияро болотар аз ИМА қарор доданд ва аммо Русияву Беларус дар зинаҳои хеле пасти 141-ум ва 154-ум гузошта шудаанд.
Ин нукта ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки радабандии Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» рабте бо нишондодҳои рушди иқтисодии кишварҳо надорад. Дар ҳоле, ки шояд барои хабаргузориҳо ва рӯзномаҳо имкони харидани таҷҳизоти ҳозиразамон ва истихдоми рӯзноманигорони боистеъдод роҳат бошад, аммо, бар ақидаи муаллифони гузориш, пул дар ин робита он қадар аҳамият надорад, ки муҳити собиту осуда ва демократӣ.
Раҳбари бахши “Хабарнигорони бидуни марз” дар умури кишварҳои Аврупо ва Шӯравии собиқ Элза Видал вазъро чунин шарҳ медиҳад: “Сатҳи озодӣ дар кишварҳои қашшоқ метавонад баландтар бошад. Аз ин рӯ намешавад гуфт, ки озодӣ ба рушди иқтисодӣ иртибот дорад. Сатҳи озодӣ бештар ба сулҳу субот вобаста аст”.
Элза Видал аммо афзуд, ки танҳо сулҳ ба сари худ наметавонад озодии матбуъотро замонат диҳад. Ӯ ҳамчунин сарсупурдагии кишвар ба арзишҳои аслии демократӣ, на ба намоиши зоҳирии чунин арзишҳоро муҳим мешуморад. Масалан, мегуяд вай, дар Туркманистон ҷанг нест, аммо бо вуҷуди ин дар робита ба озодии матбуот обрӯи ин кишвар хеле паст аст ва сабаби ин ҳукуматдории худкома аст. Илова бар ин, бо таассуф таъкид кард хонум Видал, кишварҳои Ғарб болои ҳукумати Туркманистон бо талаби озодии матбуот ва анҷоми ислоҳот фишори кофӣ намеоранд.
Хонум Видал афзуд, ки ҳарчанд кишварҳои Ғарб иддаъо доранд, ки аз вазъи Туркманистон огоҳанд, дар воқеъ миллатҳои аврупоӣ то он андозаи зиёд ниёзманди захоири энержии Осиёи Марказианд, ки арзишҳои демократиро қурбони ин сарватҳо мекунанд:
“Аз замоне, ки кишварҳои Аврупо ба ҷӯстуҷӯи манобеъи алтернативии нафту газ пардохтаанд, сиёсати Аврупо дар қиболи Осиёи Марказӣ фарогири талабҳои кофӣ аз мақомоти Туркманистон нест. Ва мо борҳо аз онҳо даъват кардаем, ки озодии матбуот ва ҳуқуқи башарро дар баҳои нафту газ тиҷорат накунанд”.
Раиси бахши осиёии созмони “Хабарнигорони бидуни марз” Винсент Броссел гуфт, ки дар тафовут аз Туркманистон, Афғонистон кишварест, ки дар он ҷанг идома дорад ва сокинони он дар аксари мавридҳо аз гирифтани маълумоти пурра ва дақиқ маҳруманд. Вай афзуд, ки хабарнигорон аз Аврупо ва ИМА ба хабарҳо дар Афғонистон дар муқоиса ба шаҳрвандони он кишвар дастрасии бештар доранд ва шунавандагон ва тамошобинони худро дар ҷараёни он рӯйдодҳо бештар қарор медиҳанд.
Винсент Броселл аз ҷумла ба парвандаи хабарнигори афғон Парвизи Комбахш ишора кард, ки бо ҷурми иҳонат ба дини Ислом ва паёмбари Ислом маҳкум ба қатл шуд ва ахиран ҳукми эъдоми ӯро ба 20 соли зиндон иваз карданд: “Бист сол ҳукми зиндон моро такон дод. Албатта мо розием ки таҳдиди эъдом шудани ӯ барои чунин ба истилоҳ ҷиноят аз байн рафт. Вале чаро додгоҳи таҷдиди назар метавонад бидуни ягон мадрак ки ӯ даст ба тавҳин задааст 20 сол ҳукми зиндон содир кунад, ин комилан ғайриодилона аст”.
Гузориши созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, ки як созмони бонуфузи байнулмилалист, ҳарсола нашр мешавад. Тоҷикистон соли гузашта дар гузориши ин созмон дар мақоми 115-ум буд.