Идораи додситонӣ онҳоро бо тарҳрезии сӯиқасдҳо, бомбгузориҳо ва вожгун намудани ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққиёт масъул мешуморад.
Аз эҳтимол дур нест, ки ин қазия боиси амиқ шудани ихтилоф миёни ҳукумат ва гурӯҳҳои миллатгарои Туркия шавад. Миллатгароҳои ашаддӣ бар ин назаранд, ки ҳукумат мехоҳад пояҳои дунявии Туркияро аз байн бурда, кишварро исломӣ кунад. Тарафдорони ҳукумат бошад, мегӯянд, ки миллатгароҳои ашаддӣ ба сохти демократии кишвар таҳдид эҷод мекунанд.
Айбномаи додситонӣ дар 2500 саҳифа ҷой дода шудааст. Дар байни 86 муттаҳам: номҳои ҳуқуқшиносон, донишмандон, собиқ генералҳои артиш, сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон ба чашм мехӯранд.
Расонаҳои Туркия аз нақли додситонӣ овардаанд, ки дар рӯйхати ҳадафҳои табаддулотчиён сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, собиқ раиси артиши Туркия Ясор Буюканит, барандаи ҷоизаи Нобел Орҳан Памук, сиёсатмадори маъруфи курдтабори ин кишвар Усмон Бойдемир ва дигарон қарор доштанд. Вале Сайфӣ Ташан - мудири пажӯҳишгоҳи сиёсати хориҷии Донишгоҳи Билкент мегӯяд, ба ин гузоришҳо бояд бо эҳтиёт баҳо дод.
Додгоҳ мегӯяд, муттаҳамҳо узви гурӯҳи пинҳонӣ зери унвони Эргенекон буда, тибқи айбнома ҳадаф доштаанд, кишварро ноором кунанд, то бори дигар низомиён маҷбур ба дахолат дар сиёсат шаванд. Артиши Туркия доимо ҳамчун муҳофизи сохти давлатдории дунявӣ амал кардааст.
Яке аз муттаҳамҳо: генерали мустаъфӣ Музаффар Текин гуфтааст, ки гурӯҳе бо номи Эргенекон вуҷуд надорад. Ӯ афзудааст, ки ихтирои чунин гурӯҳ нақшаи сиёсии ҳизби ҳоким мебошад. Додситонҳо Текинро яке аз раҳбарони гурӯҳи ёдшуда унвон додаанд.
Дирӯз, 20 октябр дар рӯ ба рӯи маҳбаси Силиврӣ раҳпаймоии тарафдорони сохти дунявии давлатдорӣ барпо шуд ва онҳо 86 муттаҳамро ватандӯст ва мухолифини онҳоро хоин меномиданд.