Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат алайҳи занон дар Осиёи Марказӣ


Бандҳои қонунҳои Тоҷикистон марбут ба хушунат алайҳи занон амал намекунанд ва рафтори ниҳодҳо ҷиҳати назорати иҷрои бандҳо низ ҷиддӣ нест.

Ин нукта дар ҳамоиши байнулмилалӣ дар мавзӯъи афзоиши хушунат алайҳи занон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид шуд, ки мизбони он САҲА мебошад. Коршиносон ва муҳофизони ҳуқуқ дар Душанбе мехоҳанд роҳҳи ҳалли ҷилавгирӣ аз хушунати занонро райдо кунанд. Зеро ба қавли коршиносони масоили занон вазъи зан, модар ва кӯдак дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гунаи мухталиф вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Татяна Бозрикова, коршинос аз Тоҷикистон, дар қонуни ин ҷумҳурӣ модаҳои муҷузот дар робита ба хушунат алайҳи занон вуҷуд дорад, вале мушкили умда инаст ки иҷрои ин қонунҳо муроот намешаванд. Вай дар ин бора гуфт:

«Дар Тоҷикистон дар солҳои ахир барои ҳифзи ҳуқуқи корҳои зиёде анҷом дода шуд. Қонунҳо, барномаҳо ва ҳукми раиси ҷумҳур дар бораи ҳифзи ҳуқуқи занон қабул карда шуд яъне Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии он ташкил шудааст. Аммо то ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон хушунат алайҳи занон боқи мондааст. Ва ин мушкилот на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад. Хушунати зан ҳар навъ аст. Дар ҷомеъаи мо ин тавр аст ки агар занро латукуб накуни хушунат низ вуҷуд надорад, аммо на танҳо латукуб кардан хушунат аст балки хушунати равони ва моли низ вуҷуд дорад. Вақте, ки занро кор кардан иҷозат намедиҳанд ё таҳсил кардан намемонанд ин ҳам хушунат алайҳи зан аст.»

Ба гуфтаи Хонум Бозрикова, чунин мушкилот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Аммо Роза Кузахмедова, коршинос аз Туркманистон, мегуяд, дар ин кишвар занон ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ нестанд. Дар Туркаманистон занон ба мушкилоти итилоъи зиёд надоштан аз ҳуқуқҳои худ ҳастанд.

Хонум Кузахмедова гуфт: «Мавзӯъи имрӯзаи ҳамоиши мо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муассир аст, аммо на барои Туркманистон. Дар Туркманистон қонунҳои зиёде вуҷуд дорад, ки занонро ҳимоят мекунад. Ва занон низ метавонанд ба роҳати аз ин истифода кунанд. Мо дар Туркманистон ягона мушкилоте дорем, ки занон аз ҳуқуқҳои худ чандон хуб огаҳ нестанд, ки аз онҳо хуб истифода кунанд.»

Ба гуфтаи коршиносон, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба хушунати занон мушкилоти зиёд доранд. Қирғизистон ба монанди ба монанди кишварҳои дигари Осиёи Маркази дар робита ба хушунат ва нақзи ҳуқуқи занон мушкилоти зиёд дорад. Ба гуфтаи Анара Нурдинова, коршинос аз Қирғизистон, мушкилоти нигаронкунанда дар арӯсрабоӣ аст:

«Дар Қирғизистон вақте, ки соли хониш ба анҷом мерасад, мушкилот ба мисли арӯсрабоӣ шурӯъ мешавад. Хушунат алайҳи занон дар хона на танҳо дар Қирғизистон, балки дар тамоми Осиё Марказӣ вуҷуд дорад. Арусрабоӣ ба назари ман хушунат аст, чун ин нақзи ҳуқуқи зан аст. Барои мисол агар духтаракон мехоҳанд таҳсил кунанд, мардон онҳоро медузданд ва онҳо дар хона менишинанд. Зан барои онҳо ҳамчун як нируи кори арзон аст.»

Дар ҳамоиши байнулмилалии коршиносон дар робита ба ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи занон барномаҳо ва гузоришҳои мухталиф барраси хоҳад шуд. Ва дар ин барномаҳо коршиносон ва муҳофизони ҳуқуқ роҳҳои ҳалли мушкилот ва хушунат алайҳи занон дар Осиёи Марказиро пайдо хоҳанд кард. Ин ҳамоиши байнулмилалии коршиносон дар робита ба ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи занонро Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор кардааст ва қарор аст, то 22 октябри соли равон идома ёбад.

XS
SM
MD
LG