Зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC Пауэл на ҳамҳизбаш - сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн, балки Обамаро аз ҳизби мухолифи демократ дастгирӣ карда, ба вижа “қобилияти ҷалби таваҷҷӯҳ кардан”-и ӯ ва “паҳноварии” маъракаи интихоботии ӯро таъкид кард. Колин Пауэл гуфт:
“Обама ҳардуро – ҳам сурат ва ҳам сиратро дорад ва барои раисҷумҳури муваффақ ва истисноӣ шудан вай соҳиби ҳамаи хислатҳои лозим ҳаст. Ман фикр мекунам, ки ӯ як шахсияти ислоҳталаб ва намояндаи насли навест, ки ба саҳнаи сиёсии ҷаҳон, ба саҳнаи сиёсии Амрико ворид мешавад. Ва ба ҳамин хотир ман ба ҷонибдории сенатор Барак Обама овоз медиҳам.”
Бо вуҷуди ин, Пауэл гуфт, ки дар маъракаи интихоботии Барак Обама ширкат нахоҳад кард ва ягон мақоми давлатиро дар ҳукуматаш ишғол карданӣ нест.
Дар гузашта таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки имкон дошт, худи Колин Пауэл нахустин раисҷумҳури сиёҳпусти Амрико гардад. Аммо дастгирии вай аз Барак Обама метавонад пайомадҳои дугона дошта бошад. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пуштибонии вай эътибори Обамаро дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ боло мебарад. Аммо, аз дигар ҷониб, мегӯянд онҳо, ҳангоми оғози ҷанги Ироқ Пауэл ба СММ дар бораи мавҷудияти силоҳи куштори ом дар он кишвар гузориши ғайридақиқ дода буд ва ин ба обруи вазири хориҷаи вақт латма зада буд. Таҳлилгарон мегӯянд, имкон дорад баъзе интихобкунандагон бо сабаби пуштибонии Пауэл аз Обама рӯ гардонанд.
Номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳ сенатор Ҷон Маккейн дар сӯҳбат бо як шабакаи дигари хабаргузорӣ баъд аз пахши ин изҳороти Пауэл гуфт, мавқеъи вазири пешини умури хориҷӣ ӯро ба шигифт наовардааст ва 4 котиби давлатии собиқи дигар ӯро дастгирӣ кардаанд: