Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти Русияву Гурҷистон


Намояндагони баландмақоми Русия ва Гурҷистон имрӯз, 15 октябр дар Женеваи Швейтсария ба хотири баҳси мавзӯъҳои ҳассоси низомӣ ва башарӣ пушти мизи гуфтугӯ хоҳанд нишаст.

Музокироти Женева паси дарҳои баста ва зери раёсати муштараки Иттиҳодияи Аврупо, СММ ва САҲА доир мешавад.

Аз дидгоҳи дипломатҳо, мақсади асосии ин музокирот тавофуқ дар бораи мулоқотҳои коршиносони ҳарду ҷониб аст, ки қарор аст, ҳар ду ҳафта дар Женева гирди ҳам омада, масоили амният ва субот ва сарнавишти афроди фирориву беҷошударо мунтазам баррасӣ кунанд.

Музокироти Женева дар пайи ду моҳи танишҳои шадид байни Маскаву Тифлис оғоз ба кор мекунад. Маскав моҳи август нирӯҳои Гурҷистонро ибтидо аз Осетияи Ҷанубӣ ва сипас аз Абхазистон берун карда, чанд минтақаи аз лиҳози стротежӣ муҳимми Гурҷистон, бо шумули бандари Потӣ, пойгоҳҳои низомии артиши Гурҷистон дар Сенакиву Горӣ ва ҳам нирӯгоҳи Ингуриро зери назорати худ овард ва дар поёни моҳи август истиқлолияти Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт ва танҳо ҳафтае пеш маҷбур шуд нирӯҳояшро аз хоки асосии Гурҷистон берун кашад. Вале Русия гуфтааст, дар Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ 7600 сарбозашро мустақар хоҳад кард.

Маскав мегӯяд, ҳама бандҳои қарордоди оташбас бо Гурҷистонро, ки бо номи нақшаи Саркозӣ маъруф буда, бо миёнҷигии ИА имзо шуда буд, пеш аз мӯҳлат ва пурра иҷро кардааст. Аммо бархе кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки ин нақша аз ҷониби Маскав қисман иҷро шудааст ва Русия мебояд нирӯҳояшро ба сангарҳое, ки то рӯзи 7 август, яъне то шурӯъи низоъ бо Гурҷистон ишғол мекард, баргардонад.

Бо ин ҳол, Идораи паноҳандагони СММ мегӯяд, баъд аз хурӯҷи артиши Русия дастикам 20 ҳазор нафар аз беҷошудагон ба манзилҳои худ баргаштаанд.

Дар музокирот дар баробари намояндагони Русияву Гурҷистон ва созмонҳои мубтакири ин гуфтугӯ ҳамчунин ширкати як ҳайъати Амрико ба раҳбарии ёвари вазири хориҷааш Дениэл Фрид дар назар аст. Баъд аз оғози расмии нишаст, нишасти фаннӣ доир мегардад ва дар он намояндагони Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон низ ҳузур хоҳанд дошт.

Ҷомеъаи байнулмилалӣ эътирофи ин ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон аз ҷониби Русияро маҳкум карда буд ва дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, дар мизи музокирот танҳо номи ин афрод бидуни зикри исми кишваре, ки намояндагӣ мекунанд, навишта мешавад. Ин дар ҳолест, ки муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Гига Бокериа гуфтааст, Тифлис метавонад ба ҳузури намояндагони ин ду вилоят дар музокирот мухолифат кунад. Аммо вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, бидуни ширкати намояндагони Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ расидан ба ягон тавофуқ дар Женева ғайримумкин аст.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гуфтааст, Тифлис омода ҳаст дар ҷараёни музокироти Женева бо намояндагони вилоятҳои ҷудоиталабаш пушти мизи гуфтугӯ бинишинад. Вале оқои Саакашвилӣ гуфтааст, он ду вилоят набояд ба Женева афроди дастдошта дар поккориҳои қавмӣ дар ҷараёни низоъи ахирро эъзом кунанд.

XS
SM
MD
LG