Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчиёни хориҷӣ дар Тоҷикистон


Танҳо дар тӯли як моҳи гузашта чаҳор шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои Уганда, Филиппин, Африқои Ҷанубӣ ва Афғонистон бо иттиҳоми қоҷоқи маводди мухаддир аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба давраҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шуданд.

Дуруст аст, ки атбои кишвари ҳамсояи Афғонистон дар солҳои қабл низ бо айни ҳамин ҷурм дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ мешуданд, аммо мавориди боздошт ва муҷозот шудани атбои хориҷӣ ва он ҳам кишварҳои хориҷии дур дар Тоҷикистон бесобиқа будааст. Тибқи ахбори мунташира, ҳамчунин, як шаҳрванди Бритониёи Кабир ва як табаъаи Вйетнам низ барои ширкат дар қочоқи маводди мухаддир аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шуда ва ҳоло таҳти тафтиш қарор доранд.

Ҳоло савол ин ҷост, ки чаро шаҳрвандони хориҷӣ барои анҷоми ин аъмоли ғайриқонунӣ Тоҷикистонро интихоб мекунанд ва иллал ва далоиле, ки онҳо аз ин кишвар ба унвони нуқтаи тронзит истифода мекунанд, чӣ буда метавонад?

Бобоҷони Шафеъ - сарнозири раёсати ҳамкорӣ бо ҷомеаи Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, иллати аслии афзоиши таваҷҷӯҳи атбои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва ё далели интихоби онҳо аз ин кишвар ба унвони нуқтаи осони дарёфти маводи мухаддир ва махсусан ҳероини тавлиди Афғонистон мавҷудияти чанд шарт аст. Шарти аз ҳама муҳим ин аст, ки Душанбе дар муқоиса бо Кобул макони амну осуда барои будубоши шахсии онҳост ва аз сӯи дигар нархи маводи мухаддир нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон арзонтар аст. Оқои Шафеъ мегӯяд, ин шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соли ахир дар Тоҷикистон боздошт шуданд, ҳамагӣ шарикони як гурӯҳи алоҳидаи нашъаҷаллоби афғон будаанд ва маҳз шарикони афғонӣ замонати тиҷорати бегазанд барои онҳоро дар Душанбе таъйин кардаанд.

Зимнан, аз ин чаҳор тани маҳкумшуда ду нафари онҳо аз кишварҳои Уганда ва Филлипин зан ҳастанд. Онҳо қасд доштанд ҳероини тавлиди Афғонистонро тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Истанбул ва сипас ба шаҳрҳои аврупоӣ интиқол диҳанд. Аммо ҳам шаҳрванди Филиппин ва ҳам шаҳрванди Африқои ҷанубӣ, ки тавассути робитаи интернетӣ бо шарикони афғони худ ҳама амалиётро аз қабл пайрезӣ ва ҳамоҳанг кардаанд, ба унвони ҷаҳонгард вориди Тоҷикистон шудаанд. Бар пояи маълумоти додгоҳ, ин атбои хориҷӣ аз як шаҳрванди Афғонистон, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст, маводди мухаддирро дарёфт кардаанд. Ҳамчунин, тафтишот нафареро бо ном ва ё лақаби Ҳаким, ки ҳуввият ва шаҳрвандии ӯ то кунун норӯшан боқӣ мондааст, маълум кардааст, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир бо шаҳрвандони хориҷӣ даст доштааст.

Аваз Юлдошев - як коршиноси тоҷик мегӯяд, шояд дар солҳои қабл низ хориҷиҳо Тоҷикистонро ба сифати нуқтаи тронзитии муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир истифода кардаанд. Вале дар ин авохир боздошт шудани онҳоро сабаб ин аст, ки дар фурудгоҳи Душанбе хадамоти гумрук ва марзбонии Тоҷикистон бо навтарин таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ва бо истифода аз чунин имконоти ҷадиди техникӣ аз содироти маводу колои ғайриқонунӣ метавонанд ба роҳатӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Султони Ҳамад - коршиноси мустақил бар ин назар аст, ки дар матбуоти хориҷӣ Тоҷикистон бештар ба унвони яке аз гузаргоҳҳои асосии маводи мухаддир ва як нуқтаи тронзитии ин мавод муаррифӣ мешавад. Ва аз эҳтимол дур нест, ки ин қочоқбарони хориҷӣ таҳти таъсири чунин таблиғот низ қарор гирифта бошанд. Аз тарафи дар бархе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Покистон, вазъи амниятӣ нохуб аст, аз ин хотир, онҳо рӯ ба Тоҷикистон овардаанд.

Бар пояи маълумоти Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири Тоҷикистон, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ дар нӯҳ моҳи соли равон беш аз панҷ тонна маводи мухаддири тавлиди Афғонистонро ошкор ва мусодира кардаанд. Гуфта мешавад, аз ин миқдори маводди мухаддир ҳудуди якуним тоннаи онро навъи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад. Ва ба гуфтаи ҳамин идора, аз атбои хориҷӣ, ки талоши интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба берунро доштаанд, 50 кило ҳероин забт ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG