Гуфта мешавад, ки ҳамаи қурбониёни зилзилаи шадид бошандагони деҳаи Нури ноҳияи Олой мебошанд ва ин деха саропо тахриб гардидааст. Бино ба вазорати вазъи изтирорӣ зилзила ҳамчунин дар минтақаҳои дигари ноҳия хисороти молӣ бар ҷой гузоштааст.
Ба таъкиди Қамчибек Ташиев, вазири вазъи изтирории Қирғизистон, ки дар ҳамин ҳол дар ҷои ҳодиса қарор дорад, мутаассифона рақами 72 шояд ҳанӯз рақами ниҳоӣ нест ва интизор меравад, ки теъдоди қурбониёни зилзила боз ҳам биафзояд.
Алишер Туқсонбоев, хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ дар вилояти Ӯш мегӯяд, манзилҳои зиёди деҳаҳои дигари ноҳияи Олой аз зарби зилзилаи шадид осеб дидаанд. Вай афзуд, ки хушбахтона зилзила дар ин деҳот хисороти ҷонӣ дар пай нагузоштааст. Алишер Туқсонбоев мегӯяд, теъдоди зиёди сокинони ин деҳа, ки ҳамчунин аз шиддати зилзила осеб дидаанд, ба бемористонҳои ноҳия ва вилоят интиқол дода шуданд. Вай афзуд, дар ҳамин ҳол ҳукумат ба ноҳияи Олой кумакҳои фаврии башардӯстона расонидааст.
Ба гуфтаи Алишер Туқсонбоев аз ҷумла маводи ғизоӣ, либос ва кампалу хаймаҳои зиёд дар ихтиёри мардуми ноҳияи Олой гузошта шуданд, ки манзилашон хароб гардидааст ва ё бар асари ваҳму ҳарос онҳо дигар намехоҳанд, ки вориди манзил шаванд ва ба шиддати навбатии зилзила дучор гарданд.
Вазорати изтирории Қирғизистон мегӯяд, аз афроде ки ба бемористонҳо интиқол дода шуданд, 7 нафарро кӯдакон ташкил мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар вилояти Ӯш ба сар мебарад. Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи сешанбе вай аз ҷои зилзила боздид хоҳад кард ва ба дастандаркорони идораҳои марбутаи кишвараш перомуни бартараф кардани хисороти заминларза дастур хоҳад дод.
Абдусамад Фаёзов, сухангӯи вазорати вазъи изтирории Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвараш борҳо шиддати зилзила ҳис карда шуд. Ба гуфтаи Абдусамад Фаёзов, заминҷунбӣ ҳодисаи табиист ва дар минтақаҳои мухталифи дунё ба вуқӯъ пайвастааст.
Вай афзуд, ба далели он ки заминларза ҳам хисороти ҷонӣ ва ҳам хисороти молӣ бар ҷой гузошт, ҳукумати кишвараш тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки мардуми осебдидаи ноҳияи Олой дар зудтарин фурсат бо манзил ва маводи зарурӣ таъмин карда шаванд.
Тибқи хабарҳои расида, кормандони созмони байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар низ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва роҳҳоеро меҷӯянд, ки ба осебдидагони зилзила ҳар чи зуд бештар дасти кумак дароз намоянд.
Дар ҳамин ҳол президенти Русия Дмитрий Медведев аввалин шуда ба ин ҳодисаи заминларза вокуниш нишон дод. Тибқи хабарҳо вай ба мақомоти марбутаи кишвараш дастур додааст, ки ба осебдидагони зилзила дар Қирғизистон кумакҳои фаврии башардӯстона бирасонанд.
Аммо мақомоти Қирғизистон ҳанӯз ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати кӯмак дар рафъи оқибатҳои ин зилзила муроҷиат накардаанд.