Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон ва мардум


“Воқеъан, кӯмак ё ғамхории намояндагони мардумӣ дар порлумонро барои интихобкардаҳояшон эҳсос накардаам. Ё ақаллан онҳо қонунеро ба тасвиб нарасонидаанд, ки мардум хостори он ва ё ҷонибдори он буд”.

Ҳамин гуна, бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон аз фаъолияти камранги вакилони мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон шиква мекарданд. Ба қавли онҳо, вакилони мардумӣ танҳо дар остонаи интихобот аз сокинони кишвар ба гунаи раъйдиҳанда ёд мекунанд ва бо ҳамин на аз пайи иҷрои барномаҳои қаблазинтихоботии худ мешаванду на қонунеро тасвиб мекунанд, ки дархӯри зиндагии сазовори мардум бошад. Ин ҳамсӯҳбати мо, ки аз баёни исмаш худдорӣ кард, гуфт, ҳамакнун, нарх дар бозорҳои кишвар ба олитарин нуқтаи худ дакка мехӯрад, вале ин ҳама гӯиё хотири вакилонро парешон намесозад. Онҳо, ба гуфтаи ӯ, даруни қалъае пинҳон мондаанд, ки садо то он ҷо намерасад ва даст барои дарозӣ кӯтаҳӣ мекунад.

Вале вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков мегӯяд, чунин эроди сокинон ба ҳақиқат наздик нест. Зеро, ба таъкиди вай, аъзои порлумон дар як сол ду бор имкони дидору гуфтугӯ бо раъйдиҳандаҳои худро доранд. Оқои Талбаков мегӯяд, вакилони мардумӣ омода ҳастанд, ки ҳамагуна талабу пешниҳод ва арзи интихобкардаҳои худро шунаванд ва ҳангоми таҳияи қонунҳо ин ҳамаро ба инобат гиранд: “Аз гилагузории интихобкунандагон намеранҷам, чунки дар нисбати онҳо мо низ гилае дорем. Зеро бештари интихобкунандагони мо ба ҳаёти ҷамъиятии худ бетараф ҳастанд. Нашрия намехонанд, радио гӯш намекунанд ва барномаҳои телевизионро кам мебинанд. Барои фаъолияти ҷонноки вакил бояд интихобкунандаҳо низ камтар фаъол бошанд ва аз вакилон талаб кунанд”.

Исмоил Талбаков мегӯяд, вакилони мардумӣ аз Ҳизби коммунист дар Маҷлиси Намояндагон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар қароргоҳи марказии ҳизб бо ҷонибдорон ва раъйдиҳандагони худ вохӯрӣ мегузаронанд. Ба қавли ӯ, телефони ин вакилон махфӣ нест ва ҳар нафар метавонад бидуни мушкил ва мустақим бо онҳо дар иртибот шавад. Дар навбати дигар, оқои Талбаков аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки худи сокинон ба тақдири минбаъдаи худу насли худ бетараф ҳастанд ва наметавонанд дар ҳалли мушкилашон масъалагузорӣ кунанд: “Бигузор, шаҳрвандон низ масъалагузорӣ кунанд. Ҳоло дар ёд надорам, ки аз қабулгоҳи порлумон нафаре бидуни посух ронда шуда бошад. Ҳар муроҷиаткунандаро вакилон қабул мекунанд ва то ҳадди имкон ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Интихобкунандае, ки оид ба ин ё он масъала пешниҳод менамоянд, барои мо манбаъаи иттилоъ аст. Хоҳиши мо ин аст, ки акнун сокинон низ фаъолу бедортар шаванд, то дигар мушкиле миёни мо ва онҳо боқӣ намонад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ва роҳбарони аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, вакилони мардумӣ дар тасмимгирӣ ва раъйдиҳӣ барои тасвиби ин ё он қонун аксаран мустақил нестанд.

Феълан, аз 63 курсии порлумон 46 курсӣ марбут ба аъзои ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон аст, ки ҳангоми раъй додан, ба қавли таҳлилгарон, аз мавқеъи ҳукумат ва аслан аз мавқеъи шахси президент дифоъ карда мешавад. Ва дар ин иртибот, ҳамсӯҳбатони мо низ мегӯянд, чунин таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳукумат ва бетаваҷҷӯҳӣ барои ҳалли мушкили сокинон беэътимодӣ дар нисбати вакилони мардумиро бештар мекунад, ки камтар не.

XS
SM
MD
LG