Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳии артиш ба Бағдод вогузошта шуд


Низомиёни ИМА масъулияти фармондеҳӣ ба шибҳанизомиёни сунниро ба ҳукумати аксаран шиъамазҳаби Бағдод таслим карданд.

Амрикоиҳо ин артиши дар маҷмӯъ иборат аз тақрибан 100 000 нафари сунниҳоро “Фарзандони Ироқ” унвон додаанд ва аз ин ҷамъ 54 ҳазораш дар вилояти Бағдод мустақар будаанд.

Таслими фармондеҳӣ ба ин нерӯро ҳукумати нахуствазир Нурӣ Ал Моликӣ дер боз тақозо дошт ва тавофуқ дар ин замина моҳи август ҳосил шуд. Ҳукумати Ироқ дар иваз ваъда додааст, ки маъоши нахустини шибҳанизомиёни сунниро дар поёни моҳ хоҳад пардохт. Гуфта мешавад, ҳазинаи маъоши шибҳанзиомиёни суннӣ ҳудуди 15 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Фармондеҳии шибҳанизомиёни суннӣ дар вилоёти дигари Ироқ ҳамчунон бар ӯҳдаи нерӯҳои амрикост ва ин нерӯҳо батадриҷ дар ихтиёри давлати Ироқ қарор дода хоҳанд шуд. Ин нерӯҳо аксаран аз ҳисоби ҷангиёни сунние ташкил шудаанд, ки баъд аз барканор шудани Саддом Ҳусейн дар соли 2003 ибтидо муқобили артиши Амрико меҷангиданд. Аммо баъдан дар соли 2006 ба ҷониби амрикоиҳо гузаштани ин шибҳанизомиён ба коҳиши мизони хушунатҳо дар он кишвари ҷангзада мусоидат кард.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифоъи Амрико дирӯз дар гузориши тоза интишоркардааш гуфтааст, ки беҳбуди вазъи амниятии Ироқ ҳамоно осебпазир, ноустувор ва қобили баргашт боқӣ мемонанд. Дар гузорише, ки ба Конгресс ироъа шудааст, гуфта мешавад, бо вуҷуди хуруҷи баъзе воҳидҳои ҷангии амрико аз кишвар, дар муқоиса бо соли гузашта сатҳи хушунат дар Ироқ 77 дарсад пойин рафтааст. Аммо ин гузориши Пентагон ҳамзамон ҳушдор медиҳад, ки Ироқ дар маҷмӯъ дар ҳоли набард барои дастрасӣ ба қудрат ва манобеъи захоири табиӣ боқӣ мемонад.

Муаллифони гузориш нақши манфии Эрон ва нуфӯзи Теҳрон ба вазъи Ироқро таъкид карда, дар дарозмуддат онро хатари аслӣ ба суботи кишвар хондаанд. Осебпазирии вазъи амниятӣ дар Ироқро қаблан ҳам мақомоти аршади низомии Амрико иқрор мекарданд.

Дар гузориши Пентагон омадааст, ки имкон дорад бо наздик шудани интихоботҳои маҳаллӣ сатҳи хушунат афзоиш ёбад. Гузориш мегӯяд, агар, масалан, сунниҳо дар Бағдод фикр кунанд, ки ҳукумат озодиҳои интихоботии онҳоро маҳдуд мекунад, ин мунҷар ба ташаннуҷи вазъ дар пойтахт хоҳад шуд. Дар минтақаи ғарбии Анбор ихтилофҳо миёни ду ҳизби асосии сиёсии Ироқ, ки шибҳанизомиёни маҳаллиро идора мекунанд, низ метавонад мояи ангезиши хушунатҳо шавад.

XS
SM
MD
LG