Корвони дуюми мошинҳо нозиронро ба шаҳри Горӣ, ҳамчунон дар наздикии Осетияи Ҷанубӣ, ва гурӯҳи дигар дар наздикиҳои шарҳоҳи ғарбии Потӣ ва Зугдидӣ, воқеъ дар наздикиҳои Абхозистон овард. Нозирони аврупоӣ, ки аксар ихтисоси низомӣ ва ё ходими полисро доранд, манотиқи марбут ба Гурҷистонро назорат мекунанд. Истиқрори онҳо дар паи даргириҳои кӯтоҳмуддати миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи август тибқи созиши сулҳи миёни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо имконпазир мегардад.
Тибқи ин қарордод, Маскав бояд аз ин минтақаҳои ба истилоҳ буферӣ ё амн то таърихи 10 октябр берун шавад, ва баъдан масъулияти назорат аз вазъи амниятӣ ва таъмини субот дар ин қаламравҳо пурра ба дӯши нозирони аврупоӣ вогузор хоҳад шуд.
Нозирони аврупоӣ ҳақи убури хати марзи Гурҷистон ва ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро надоранд. Маскав иқлолияти ин ду ҷумҳуриро ба расмият шинохтааст ва ҳоло мегӯяд, ки ҳудудан ҳафт ҳазор сарбозашро дар хоки ин ҷумҳуриҳо мустақар хоҳад кард.
Аммо дар рӯзи нахустини кори нозирони аврупоӣ нишонаҳое аз каме печидаву ноҳамвор будани вазъ ба гӯш мерасад. Сухангӯи нирӯҳои низомии Русия Виталий Манушко рӯзи сешанбе дар Каралетӣ дар баробари хабарнигорон гуфт, ки нозирон ҳақ нахоҳанд дошт, ки ба дохили минтақаҳои буферӣ ворид шаванд:
"Феълан назорат танҳо то марзҳои ҷанубии минтақаи амн сурат хоҳад гирифт. Сабаби асосии он дар набуди ёддошти тафоҳуме миёнии ҳайати нозирон ва посдорони сулҳи Русия аст, ки ба таври мушаххас вазифаҳои ҷонибҳоро мунъакис мекунад. Ингуна ёддоште ҳамчунин дар миёни Гурҷистон ва Русия низ вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, мутаассифона то ҳол шумори ҳайати полиси Гурҷистон, ки бояд дар деҳоти манотиқи амн мустақар шаванд, муайян нашудааст. Аммо гуфтушунид дар ин замина ҳоло идома хоҳад кард".
Манушко нагуфт, ки оё дар кадом таърих дари ин манотиқи амн ба рӯи нозирони аврупоӣ боз мешавад. Аммо бо ин вуҷуд, рӯзи чоршанбе баъзе хабаргузориҳо иттило доданд, ки як мошини нозирони аврупоӣ барои ошноӣ бо қитъае аз манотиқи буферӣ дар наздикии Осетияи Ҷанубӣ иҷозаи дохил шудан гирифтааст. Хабарнигорони Ройтерс ва Франс-Пресс, ки ҳамроҳи нозирон ҳаракат мекарданд, гуфтанд, ки дар як посгоҳи русӣ, ки дар охири хати буферӣ ҷойгир аст, мошиини нозирон манъ карда шуд ва баъди 10 дақиқа сӯҳбату музокира, онҳо дубора ба роҳи худ идома доданд.
Дипломати олмонӣ Ҳансёрг Ҳабер, раиси ҳайати нозирони аврупоӣ дар Гурҷистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Базалетӣ рӯзи чоршанбе гуфт, ки ҳоло хеле барвақт аст гуфтани ин ки русҳо дар фикри эҷоди монеа мебошанд:
"Русҳо ба мо чандин далел оварданд, ки бо чӣ сабаб нозирони Иттиҳодияи Аврупоро иҷозаи ворид шудан ба манотиқи буферӣ надоданд: ҳам далелҳои амниятӣ, ҳам фаннӣ ва ҳам маъмурӣ пеш гузоштанд. Мо мехоҳем, ки ба вазъият рӯшанӣ андозем ва ҳоло ман аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ мекунам. Мо дар сатҳи сиёсӣ замонат гирифтем, ки то 10 октябр ҳақи гашту гузор ва назоратро дар ҳама манотиқи атроф ба даст хоҳем овард".
Аммо мақомоти Гурҷистон мутмаин ҳастанд, ки Русия метавонад дар ҷараёни ин кор мушкил эҷод кунад. Георгий Барамидзе, муовини нахуствазири Гурҷистон гуфт, ки Русия талош хоҳад кард, ки ҷониби муқобилро асабонӣ кунад. Аммо дар сурате, ки ҳадафи аслӣ берун кардани артиши русӣ аз хоки Гурҷистон аст, пас барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, гуфт Барамидзе, то охир ва бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ кор бояд кард.