Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси ИМА тарҳи молии Бушро рад кард


Конгресси ИМА тарҳи наҷоти молии Ҷорҷ Буш, ки 700 миллиард доллар кӯмак ба низоми молии ин кишварро дар назар дошт, рад кард.

Кохи сафед изҳор дошт, ки раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар мавриди тасвиб нашудани тарҳи изтирории наҷоти Wall Street яъне бозори молии Амрико амиқан нороҳат шуда аз ёварони аршадаш хостори дида баромадани иқдомоти баъди шудааст.

Баъд аз мулоқот бо расиҷумҳури Украина Виктор Юшенко Ҷорҷ Буш бо ишора ба худдории конгресс аз тасвиби барномаи мусовӣ ба 700 миллиард доллар гуфт, ки бо мушовирони аршади иқтисодиаш вохурданист то иқдомҳои баъдиро арзёбӣ намояд:

“Мо лойҳаи бузургро пешниҳод кардем, чунки мушкили мо низ хеле бузург аст. Баъд аз ин вохурӣ бо расиҷумҳури Украина, ман бо мушовирони иқтисодиам машварат хоҳам кард. Мо корамонро бо аъзои конгресс ва раҳбарони он идома медиҳем. Стротежии мо ин идомаи бархурди рӯбарӯ бо ин вазъи иқтисодӣ мебошад ва ҳамзамон мо ба кушишҳои таҳияи стротежие идома хоҳем дод ки ба мо имкони ҳаркат ба пешро таъмин намояд.”

Чанд лаҳза баъд аз суханронии Буш рӯзи кории бозорҳои молии Амрико бо нишондодҳои хеле нигаронкундаи манфи ба поён расид. Баъд аз райдиҳӣ дар маҷлиси намояндагон конгрессмен Рой Блант аз ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт, ки овоздиҳӣ хеле тез сурат гирифт ва аъзои Конгресс барои канор гузоштани эҳсосоти байниҳизбӣ фурсати зарурӣ надоштанд.

Ҳангоми овоздиҳӣ 228 вакил бар зидди лойҳаи Буш ва 205 вакил ба тарафдорӣ аз тасдиқи он раъй доданд. Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо дар Конгресс ва дар Амрико аз аввал бо лоиҳа розӣ набуданд. Аммо, мегӯянд таҳлилгарон, дар давоми як ҳафтаи беқарор ва гоҳе дар натиҷаи аҳду паймонҳои сиёсӣ музокиракунандагон дар Сенат ва Кохи сафед лоиҳаи 110 саҳифагии мусолиҳатомезе таҳия намуда, ба он ислоҳотҳои зиёде ворид карданд.

Ҳамин тавр тибқи пешнависи нав 700 миллиард доллар яку якбора ихтисос намешуд ва шояд ин маблағ ба пурраги низ мавриди истифода қарор намегирифт ва тамоми масрафҳо зери назорати кумитаи вижаи иборат аз ду ҳизби конгресс сурат мегирифт. Ба санад ворид гардид, ки барои ҷилавгирӣ аз мушкилиҳои баъди бояд тарҳи нави бима низ ташкил шавад.

Яке аз ҷонибдорони лоиҳаи Буш дар конгресс Барни Франк аз ҳизби демократи зимни баҳсҳои дируза мавқеашро чунин изҳор дошт: “Агар мо пешниҳоди раиси Бонки марказӣ ва вазири молияро рад карда, гӯем ки “Не мо аз аз баҳри он мегузарем, паёмадҳо тоқатфарсо хоҳанд буд. Ҳамин тавр ман умед дорам ки лойҳаи қонун тасвиб мешавад.”

Аммо аъзои конгрес аз ҳизби ҷумҳурихоҳи Буш Ҷеб Ҳенсарлинг гуфт, ки бо вуҷуди он, ки қонунгузорон рӯи ин санад хеле зиёд кор кардаанд ва ислоҳотҳои муҳим ворид кардаанд, ӯ маҷбур аст бар муқобили он овоз диҳад чунки хеле маблағҳои зиёди шаҳрвандон зери хатар гузошта хоҳад шуд. Вай гуфт: “Ман метарсам, мувофиқи ин тарҳ ҳукумат ба замонатдиҳандаи мутлақ мубаддал мегардад ва ин моро ба роҳи лағжони сотсиализм мебарад”.

Ҳар ду довталаби курсии президенти ИМА ҳам Барак Обамаи демократ ва ҳам Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ аз вакилони конгресс даъват кардаанд, ки ихтилофҳои байниҳизбиро канор гузошта, бидуни таъхир музокирот барои пайдо намудани созишро аз сар гиранд.

XS
SM
MD
LG