Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои СММ барои кӯмак ба Тоҷикистон


СММ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ тақозо кардааст, барои 800 ҳазор мардуми ниёзманд дар Тоҷикистон ҳудуди 35 миллион доллар кӯмак кунанд.

Ба гуфтаи Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башариии Созмони Милал, арзёбии ахир аз вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон нишон додааст, хатари он вуҷуд дорад, ки бештар аз 1 миллиону 300 ҳазор нафари дигар ғизои кофӣ барои хӯрдан нахоҳанд дошт, зеро коҳиши ҳосили зироатҳои имсола ва бӯҳрони ғизоӣ вазъро бадтар кардааст.

Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал, ки Тоҷикистон яке аз қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон ном бурдааст, мегӯяд, силсилаҳои бӯҳронҳои ахир ва офатҳои табиӣ қудрати харидории садҳо ҳазор нафарро кам кардааст.

Зимистони қаҳратуни имсола, ҳамлаи малах ва бар изофаи ин афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба гуфтаи Созмони Милал сабаб шудааст, то як бахши чашмгири мардум ғизои камтару камтар истеъмол кунанд.

Алӣ Бузуруков, масъули умури башарӣ дар дафтари минтақавии Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал дар Қазоқистон, мегӯяд, яке аз ҳадафҳои аслии кӯтоҳмуддати созмон таъмини 800 ҳазор нафар мардуми қашшоқест, ки ғизои дуруст ва кофӣ барои хӯрдан надоранд.

Созмони Милал мегӯяд, агар қимати маводи ғизоӣ боло равад ва тавре интизор меравад, ҳосили имсола назар ба соли гузашта 40 дар сад камтар шавад, дар ин ҳолат садҳо ҳазор нафари дигар дар Тоҷикистон дар харидани маводи ғизоӣ мушкил хоҳанд дошт. Алӣ Бузуруков мегӯяд, вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон таъсири бӯҳрони молии феълӣ дар Амрикоро хоҳад чашид ва аз ду ҷиҳат.

Даъвати Созмони Милал аз ҷомеъаи кӯмакрасон ба Тоҷикистон як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, болоравии қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон вазъи Тоҷикистонро бадтар кардааст.

Майкл Ҷонс, раҳбари дафтари намояндагии Созмони Милал, мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон тайи чанд соли ахир шоҳиди рушди иқтисодӣ шудааст, аммо аз ин беҳбудӣ на ҳама баҳра бурдаанд ва вазъи амнияти ғизоии табақаҳои фақир на беҳтар, балки бадтар шудааст. Созмони Милал ва муассисаҳои имдодии шарикаш бо ҷалби тақрибан 35 миллион доллар мехоҳанд дар қадами аввал ба 800 ҳазор нафар афроди ниёзманд кӯмак расонад ва ҳамчунин ба кишоварзон бо тухмӣ ва дигар роҳҳо мадад расонад, то онҳо дар соли оянда ҳосили хубтар ба даст оранд.

Қисми дигари маблағҳо барои таъмини атфоли хурдсол бо маводи зарурӣ, омодагӣ ба зимистон, кӯмак барои бемористону дигар муассисаҳои тиббӣ масраф мешавад.

XS
SM
MD
LG