Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аз ҳама мулоқоти мушкилтарин гуфтугӯи рӯбарӯ бо котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс хоҳад буд. Мулоқоти ин ду дипломати аршад дар ҳоле баргузор мегардад, ки равобити миёни ҳарду кишвар дар сатҳи хеле паст қарор дорад ва ҳамагӣ як ҳафта баъд аз он, ки вазири амрикоӣ Маскавро дар робита ба низоъи Русияву Гурҷистон дар силсилаиқдомоти таҷовузгарона гунаҳкор намуда буд.
Дар ҳамин ҳол, 1-уми сентябри соли равон ҳангоме, ки Лавров аз хусуси дидгоҳи сиёсати хориҷии Русия суҳбат мекард, баръакс, Вошингтонро ба ҳайси ишғолгар ва ҷониби ҳуҷумкунанда тасвир кард. Ӯ он вақт ба сароҳат гуфта буд: “Кӯшиши Амрико барои зистан дар ҷаҳони якқутбии худ хеле тӯл кашид, ва ин ҳолати хеле хатарнок барои ҳама аст. Мо инро дар иғвоҳои зиддирусӣ мебинем ва ҳуҷуми Гурҷистон бар Осетияи Ҷанубӣ аз қабили чунин иғвоҳост. Ман мутмаъинам, ки таҷрибаи бадномшудаи дастгирии кишварҳои фармонбардор ва режимҳои ғуломи набояд дубора эҳё гардад».
Мавзӯъи аслии мулоқоти Лавров ва Райс барномаҳои ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолӣ хоҳад буд, аммо мутахассисон ҳадс мезананд, ки эҳтимол дипломатҳо ҳодисаҳои Гурҷистонро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
СММ бо даъвати Михаил Саакашвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон, барои суханронӣ дар рӯзи нахустини кори маҷмаъи кулл пуштибониаш аз Тифлисро намоиш дод. Аммо, ба эътиқоди таҳлилгарон, чунин иқдоми андак ба Маскав ҳеч таъсире нахоҳад дошт. Русия аллакай баҳси эъмоли таҳримҳои баъди алайҳи Эронро дар СММ лағв кардааст. Ба назар мерасад, ки Кремлин тавассути суханони Лавров мехоҳад ба намояндагони тамоми миллатҳои ҷаҳон нишон диҳад, ки Русия мехоҳад дар умури байнулмилалӣ нақши умда ва саркашонаро дорад.
Замони ҳукумронии Владимир Путин Лаврови 58-соларо ба ҳайси як сиёсатмадори мустақил арзёбӣ мекарданд. Ӯ дипломати ҳирфаӣ буда, ҳамеша кӯшиш мекард сиёсати хориҷии кишварашро аз роҳи муомила пиёда кунад.
Лавров, ки озод бо забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ низ суҳбат мекунад, муқобили нақшаи ҳуҷуми Амрико ба Ироқ қотеъона садо баланд карда буд. Вале 5 сол баъд С. Лавров, ки аллакай вазири корҳои хориҷии Русия таъйин гашта буд, миёни аввалинҳо амалиёти низомии Русия алайҳи Гурҷистонро дастгирӣ намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки баъд аз низоъ вазири хориҷаи Русия зуд зуд аз минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон боздид мекунад. Ӯ инчунин эълом намудааст, ки пазируфта шудани Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ва шинохташавии истиқлоли минтақаи ҷудоихоҳи Сербистон Косово аз ҷониби Ғарб амалҳои яксонанд.
Акнун Сергей Лавров дар робита ба тавсеъаи паймони NАТО, истиқрори системаи дифоъи зиддимушакии Амрико дар Аврупои марказӣ ва амнияти дастаҷамъӣ кишврашро бо баёнияҳои шадидуллаҳни мусолиҳанопазир кишварашро намояндагӣ мекунад.