Ду рӯз қабл дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Дзержинск ҷасади Беҳрӯз Мирзоев, донишҷӯи соли дувуми бахши иқтисоди филиали Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ошкор гардид.
Ҳангоми тафтиши ҷойи ҳодиса муқаррар шуд, ки афроди ношинос ба Беҳрӯз бо корд ҳамла карда сипас аз пушташ тир андохтаанд. Дмитрий Жиделёв, муфаттиши додситонии шаҳри Дзержинск дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва чанд фарзия, аз ҷумла, куштор бар пояи адовати қавмӣ тафтиш мешавад:
«Мо бисёр фарзияҳоро тафтиш мекунем – низоъи шахсӣ, нафрату адоват ва шояд куштор аз сӯи авбошҳоро. Ҳамчунин фарзияи куштор аз рӯи адовати қавмиро ҳам дар назар дорем. Ин ҳама тафтиш мешавад ва аммо алҳол мушаххас чизе гуфтан душвор аст».
Дмитрий Жиделёв гуфт, ки куштор дар канори манзили зисти хонаводаи Мирзоевҳо ба вуқуъ пайвастааст - Беҳрӯз чандин сол боз ҳамроҳ бо волидайнаш дар ин шаҳри Русия ба сар мебурд. Падари Беҳрӯз дар бозори марказии шаҳр ба тиҷорат машғул аст ва Беҳрӯз лаҳзаҳои фориғ аз таҳсил ба ӯ кумак мекард. Дмитрий Жиделёв бо такя ба баёноти дӯстону пайвандон ва ҳамсояҳо меафзояд, Беҳрӯз ҷавони оромтабиату накурафтор буд ва ҳам дар маҳалли зист ва ҳам дар мактабу донишгоҳ аз сифатҳои неки ӯ ёд меоваранд:
«Ӯ аз сӯи ҳама фақат мусбат арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҷо синфи ёздаҳи мактабро хатм кардааст ва устодон аз ӯ чун ҷавони хубу ором ситоиш мекунанд ва мегӯянд, ки ба низоъҳо ҳамроҳ намешуд. Ва ӯро ҳам дар мактаб ва ҳам дар донишгоҳ толибилми хуб меноманд. Яъне, дар бораи ӯ ҳама, ба шумули ҳамсояҳо ва наздикону пайвандон, шоносону дӯстон фақат ақидаи мусбат доранд».
Куштори Беҳрӯз Мирзоев як рӯз қабл аз мурофиаи додгоҳии пурсару садои гурӯҳи сартарошидаҳои рус дар шаҳри Маскав рух дод. Дар поёни ин мурофиа 12 навраси ноболиғ барои куштори як шоҳмотбоз аз минтақаи Ёқутистон аз 3 то даҳ сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ин ҳодиса тақрибан як сол пеш рух дода буд – гурӯҳи наврасҳо тайи як рӯз ба 27 нафар ғайриславяниҳо ҳамла карданд – бар асари ин шоҳмотбоз Сергей Николаев кушта шуд ва шаҳрванди Узбакистон Ҳалимҷон Гулашов бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон уфтод.
Ва аммо тавре аз ин мурофиа рушан шуд, қотилони наврас аз амалкарди худ заррае пушаймон набуданд ва баъди анҷоми эълони ҳукм онҳо ҳатто бо садои баланд нидои замони Олмони нозӣ “Зиг ҳайл”-ро ба забон оварданд.