Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон баъди як соли қатли пурсарусадои Латифӣ ин кушторро кори дасти бархе аз гурӯҳҳои вобаста ба мухолифини пешини тоҷик донистанд. Ва дар тобистони соли 2000 додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуллоҳ Турсунови 21-соларо ба дар қатли Латифӣ муҷрим шинохт, ки ба гуфтаи додгоҳ, маҳз ҳамин нафар қотили Латифӣ будааст. Аммо зиндагӣ ва корномаи Отахон Латифӣ, ки имрӯзҳо низ дар саҳафоти матбуоти даврӣ аз он зиёд ёдоварӣ мешавад, чи гуна ҷараён гирифтааст?
Отахон Латифӣ, рӯзноманигори саршинос ва яке аз масъулони собиқ Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон аз ҳисоби мухолифини тоҷик, баъди як солу се моҳи имзои Созишномаи умумии сулҳ дар назди манзили муваққатиш бо зарби гулӯла кушта шуд. Отахон Латифӣ, ки ҳамроҳи ҳазорон-ҳазор тоҷик дар натиҷаи фишори низоми нав маҷбур ба тарки ватан шуда буд, солҳои ҳиҷрат дар Русия ва Эрон ҳамвора талош мекард, ки оташи ҷанги бародаркуш дар ватанаш ҳарчи зудтар фурӯ нишонда шавад. Ӯ бисёр мехост, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол як кишваре ободу осоишта бошад, на дар оташи ҷанг ва он ҳам ҷанги ҳамватанӣ бисӯзад.
Ӯ аз нахустин роҳбарони ҳайати музокиротии сулҳи тоҷикон аз сӯи нерӯҳои мухолифини тоҷик буд, ки тарҳ ва нақшаи дастёбӣ ба сулҳи созишро ҳамроҳ бо ҳам намояндагони ҳукумати нав ва ҳам ҳамроҳонаш аз Иттиҳодияи оппозисиюни тоҷик матраҳ кардааст.
Ба гуфтаи проффессор Абдунабӣ Сатторзода, узви ҳайати музокиротии тоҷикон аз тарафи мухолифини тоҷик, ки ҳоло дар Маркази мутолеоти Стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, роҳбарии Латифӣ дар ду давраи аввали музокироти миёни тоҷикон аз ҷониби мухолифин обрӯ ва нуфузи ин ҳайатро ба маротиб боло бурда буд. Зеро Отахон Латифӣ як шахсе дар қаламрави Шӯравии пешин шинохта шуда буд ва ҳамаи роҳбарони ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ҳатман гузориш ва мақолоти ӯро дар саҳафоти нашрия «Правда»-и чопи Маскав хонда ва бо ин ном шинос буданд:
«Он обрӯву эътиборе, ки Отахон Латифӣ дар байни роҳбарони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ дошт, яке аз омилҳои бомуваффақият ва босамар гузаштани нишастҳо ва маҷлисҳои даврони музокирот буд, ки ба ҳайси раҳбари ҳайати нерӯҳои оппозисиюн фаъолият дошта буд. Ёдам меояд, ки мо давраи сеюми музокиротро мегузаронидем. Яке аз рӯзҳо дар фосилаи байни маҷлисҳо президенти онвақтаи ҷумҳурии Қирғизистон мӯҳтарам Аскар Акаев даъват карда буд. Ва ман шоҳиди бевоситаи сӯҳбати хеле гарму самими Аскар Акаев бо Отахон Латифӣ будам. Аскар Акаев эътироф кард, ки «ман мақолаҳои шуморо мехондам ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарвариро, дар навиштҳои онвақтаи шумо, ки он вақтҳо дар нашрияи «Правда» чоп мешуд, фаҳмида будам».
Аммо Отахон Латифӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҳайси рӯзноманигори боҷуръат ва нотарс хеле барвақттар маъруфият касб карда буд. Ва ин хислат ва низ маҳорати баланди рӯзноманигории ӯро рақибону рафиқонаш баробар эътироф мекарданд.
Иброҳими Усмон, устоди Донишгоҳи миллӣ ва аз муҳаққиқони журналистикаи тоҷик, ки дар даврони музокироти сулҳи тоҷикон узви ҳайати ҳукуматӣ буд, мегӯяд, Латифӣ ба фарқ аз дигар ҳампешаҳояш қотеъият дошт ва кореро, ки оғоз мекард, то ба охир мерасонд. Оқои Усмон аз чопи як матлаби Латифӣ дар нашрияи «Комсомолская правда»-и чопи Маскав чунин ёдоварӣ кард:
«Отахон Латифӣ вақте дар бораи ин ва ё он ҷой менавиштанд, бо ҳамон маҳал маҳдуд намешуданд. Масалан, дар ҷавоб ба мактуби толибаи синфи даҳуми шаҳри Ӯротеппа - Истаравшани имрӯза дар «Комсомолская правда» тақрибан 6-8 шумора мақолоти устод Латифӣ дар бораи ин шаҳр нашр шуд ва дар ин замина проблемаҳои маданаияти миллӣ, саноати миллӣ, бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонони Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтани онҳо барраси шуданд. Устод Отахон Латифӣ дар навиштаҳояшон сухани қатъӣ доштанд. Мушкилот то вақте омӯхта намешуд барои худашон рӯшан намегардид,наменавиштанд».
Дар замони шӯравӣ матбуот бозу озод набуд ва матолиби рӯзномаҳо бо сонсур чоп мешуд. Аммо дар ин миён афроде назирӣ Латифӣ, ки ангуштшуморанд, пайдо мешуданд ва аз камбуд ва навоқиси ҷомеъа мегуфтанду менавиштанд.
Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мустақили «Рӯзи нав», ки ин нашрияаш ба таъйиди коршиносон ба далели чопи матолиби интиқодомези фаъолияти ҳукумат аз чоп бозмондааст, мегӯяд, Отахон Латифӣ дар воқеъ виҷдони поку бедори матбуоти тоҷик буд. Зеро ӯ навоқис ва камбуди ҷомеъаро, ки мақомоти ҷумҳурӣ аз назари Марказ пинҳон медоштанд, ошкор мекард. Дар ҳоле, ки метавонист нагӯяд, сукут варзад ва ё баръакс ситоиш кунад ва соҳиби зиндагии бофароғат ва серу пур бошад. Оқои Мирзо мӯътақид аст, ки Латифӣ мактаби ҷуръат ва ҷасоратро барои матбуоти тоҷик бино кардааст. Ва як сабаби дар назди «Рӯзи нав» таъсиси додани ҷоизаи ба номи Латифӣ ҳам ҳамин буд, ки рӯзноманигорон боҷуръатона бинависанд.
Раҷаби Мирзо мегӯяд, «дар бисёр ҳолатҳо ҳатто худи ҳукуматҳо, ки ҷуръати баёни ин ва ё он мушкилиро ва матраҳ кардани он ба марказро надоштанд ба Латифӣ руҷӯъ мекарданд. Яъне тавассути Латифӣ мушкилоти ҷумҳуриҳи худро роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ҳалл мекарданд».
Аммо ҳамин шеваи зисти боғурур ва бовиқори Латифӣ будааст, ки мақомоти давлати Тоҷикистон ба ҳар ҳарфу сатри ӯ мутаваҷҷеҳ мешуданд. Ӯро гӯш мекарданд ва талош мекарданд, ки ҳамеша бо ӯ дар ҳоли муросо бошанд.
Ҳамкори мо Зулфиқори Исмоилиён, ки солҳои шӯравӣ дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» - органи чопии Ҳизби коммунист фаъолият мекард, ёдовар шуд, ки баъди чопи як матлаби интиқодӣ масъалаи ихроҷи ӯ аз коргоҳ маҳз бо кӯмаки Латифӣ ҳалл шудааст: «Соли 1985 буд. Ман як мақола навиштам зери унвони «Бача ба ҷойи оча» дар бораи он талабаҳое, ки дар колхозу совхозҳои Тоҷикистон ба ҷойи падару модарашон кор мекарданд. Субҳ омадам кор ҳамкорон гуфтанд, ки барои ин мақола туро бо супориши Кумитаи Марказӣ аз кор хориҷ мекунанд. Ва чанд дақиқае устод Латифӣ ҳам вориди коргоҳи мо шуд ва пурсид, ки «Зулфиқор кист?». Ва дасти маро фишурду гуфт, ки ман беҳтарин мақолае, ки дар ин рӯзнома хондам, ҳамин мақолаи «Бача ба ҷойи оча» буд ва рафт назди сармуҳаррир. Ва пас аз ин ҷаласа ҳам баргузор нашуду ва аз Кумитаи Марказӣ ҳам садои ихроҷ кардани ман баланд нашуд».
Мансур Сайфиддинов, мушовири аршади раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ки худро аз пайравони мактаби Латифӣ мешуморад, гуфт, фарқи навиштаҳои Латифӣ дар он буд, ки дар заминаи онҳо тасмиме ё қароре қабул мешуд ва ё баракс, лағв мегардид. Матолиби ӯ ҳамеша вокуниш ба дунбол дошт:
«Проблемаҳои умдатарини Тоҷикистонро дар нашрияҳои бонуфузтарини давр «Комсомолская правда» ва «Правда» баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод мекард. Ягон навиштаҷоти ӯ беасар намемонд ва дар ҷомеъа акси садо эҷод мекард. Ва ҳамеша ба ҳадаф мерасид. Ниҳоят ҷасур буд. Аз танқиди амалдорон ҳарос надошт. Танқидро на ҳама таҳаммул мекунанд. Ва ба устод Латифӣ ҳам сарбасар шудан бо ҳокимони давр чандон осон набуд. Вале ӯ медонист, ки ин корро ба хотири ободонии ватан ва некӯаҳолии халқаш мекунад».
Отахон Латифӣ аз оғози соли шастум дар бонуфузтарин рӯзномаҳои шӯравии собиқ «Комсомолская правда», «Правда» ва «Известия» кору фаъолият кардааст. Ӯ дастпарвари донишгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия аст.
Дар охири солҳои 80 дар ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов, ноиби сарвазири Тоҷикистон буд. Ӯ нахустин нафаре буд, ки худ довталабона аз мақоми давлатӣ истеъфо дод ва дубора ба касби худ рӯ овард. Ӯ то охирин лаҳзаҳои умраш дар Комиссиюни оштии миллӣ - ниҳоде, ки аз ҳисоби давлат ва мухолифин барои ду соли раванди сулҳсозӣ ташкил шуда буд кор кардааст.
Аз замони террори Отахон Латифӣ даҳ сол сипарӣ мешавад. Қотили ӯ ба давраи тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифт, аммо марги мармузи яке аз ҳамроҳони ин қотил дар маҳбас ва низ номаълумии фармоишгарони ин фоҷеъа ба мисли террори шахсиятҳои маъруфи кишвар Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ, ки то кунун қотилон ва фармоишгарон номаълум боқӣ мондаанд, гумон ва шоеъотро аз зеҳнҳо пок накардааст.