Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ИМА ба ҳамла ба сафораташ


Мақомдорони расмии Яман гуфтаанд, дар натиҷаи инфиҷор 16 нафар, аз ҷумла, шаш намояндаи хадамоти амниятии кишвар, шаш ҳамлагар ва чор тан аз раҳгузарони тасодуфӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Бино бар иттилоъи пизишкон, ҳадди ақал 7 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Хабаргузории ямании САБА хабар дод, ки миёни маҷруҳшудагон, аз ҷумла, онҳое буданд ки барои гирифтани иҷозати сафар ба Амрико берун аз сафорат дар саф меистоданд.

Дар Вашингтон сухангӯи департаменти давлатии ИМ Шон Маккормак ҳамла ба сафорати Амрико дар пойтахти Яманро маҳкум намуда, ҳамларо “номуваффақ” номид.

Дар шаҳри Санъо сухангӯи сафорати Амрико Райн Глиҳа иброз дошт, ки ҳамлаҳо тақрибан соати 9-у 15-и субҳ ба вақти маҳаллӣ, ба гуфтаи вай, бо “таркиши муқаддамотӣ” оғоз гардид. Баъд аз ин, боз чанд инфиҷори дигар ба вуқӯъ пайваст, афзуд Глиҳа, аммо нагуфт ки таркишҳои дастидуввум дар куҷо рух доданд.

Бо вуҷуди он ки гуруҳи мавсум ба Ҷиҳоди исломии Яман масъулияти анҷоми ҳамларо ба ӯҳдаи худ гирифтааст, ИМ тахмин мезанад, ки ин ҳамла аз ҷониби ал-Қоида роҳандозӣ шудааст ё ҳадди ақал ал-Қоида ангезандаи он мебошад. Яман зодгоҳи аҷдоди асосгузори ал-Қоида Усома бин Лодин аст.

Дар посух ба саволе ки оё ИМА бо кӯшишҳои ҳукумати Яман ҷиҳати дифоъи сафорати Амрико ва сафоратҳои дигар кишварҳо қаноатманд аст, Маккормак гуфт, мақомоти Яман он хатареро ки ҷангиёни исломӣ эҷод мекунанд, ба хубӣ дарк мекунад.

Сафорати Амрико дар Яман қаблан низ борҳо мавриди ҳамлаи ҷангиён қарор гирифта буд. Бори охир моҳи марти гузашта се гулӯла, ки ҳадафашон сафорат буд, ба бинои мадрасаи духтарона бархӯрда, мунҷар ба марги посбони мадраса гашта, чанд донишҷӯи мадрасаро маҷрӯҳ карда буд.

XS
SM
MD
LG