Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргумири навзодон дар Тоҷикистон


ЮНИСЕФ аз натоиҷи омӯзиши вазъи кӯдакон дар 190 кишвари олам гузориш мунташир ва аз сатҳи болои фавти кӯдакон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Бар пояи гузориши ин ниҳоди СММ, Тоҷикистон дар миёни ин кишварҳо ҷойгоҳи 57-умро касб кардааст, ки бадтарин мавқеъ дар Осиёи Марказӣ будааст. Бар асоси омори ин гузориш, аз ҳар ҳазор кӯдаки то панҷсолаи тоҷик 68 нафари онҳо фавт мекардаанд.

Як соли қабл, бар асоси омори интишоркардаи ЮНИСЕФ, 71 нафар аз ҳар ҳазор кӯдаки то панҷсола дар Тоҷикистон фавт мекард. Соли гузашта Тоҷикстон дар феҳрист дар мақоми 59-ум қарор доштааст. Гузориш вазъи маргу мири кӯдак дар Тоҷикистонро дар муқоиса бо соли пеш як каме беҳтар меҳисобад, аммо бар нокифоятии иқдомоти давлат дар ин замина таъкид карда, ва тадобири ҷиддӣ дар роҳи рафъи ин мушкилро тақозо кардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар як ҳамоиши бонувони вакили порлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе масъалаи саломатии модару кӯдак ва бахусус маргу мири кӯдакони навзод дар минтақаро аз мушкилоти ин кишварҳо унвон карда буд. Оқои Убайдуллоев гуфта буд, давлати Тоҷикистон дар иртибот ба ҳалли ин мушкилот иқдомоти заруриро роҳандозӣ карда, ва ҳифзи модару кӯдак ва коҳиши мизони маргумир ҳамвора дар маркази таваҷҷӯҳи мақомот қарор дорад.

Бар қавли як сокини шаҳри Душанбе, дар соли гузашта ва махсусан дар фасли сармо кӯдакон дар зоишгоҳҳо бар асари сардии утоқҳо ҷони худро аз даст доданд ва давлат натавонист дар рафъи ин мушкил чораи зарурӣ биандешад.

Гузориши ЮНИСЕФ зимни натиҷагирӣ болотарин мизони маргу мири кӯдакон дар кишварҳои Муштаракулманофеъро дар Озарбойҷон мушоҳида кардааст. Дар ин кишвар барои ҳар як ҳазор кӯдаки то панҷсола марги 88 нафар сабт шудааст. Аммо дар Туркманистон дар соли равон аз ҳар ҳазор кӯдак 51 нафар фавтида ва дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон бо Тоҷикистон ин нишондод баробари мутаносибан 43 ва 41 нафар будааст. ЮНИСЕФ вазъро дар минтақа дар Қазоқистон беҳтар арзёбӣ кардааст. Мизони фавти кӯдакон дар ин кишвар барои ҳар як ҳазор 29 нафарро ташкил додааст.

Швейсария, Сингапур, Исландия, Сан-Марино ва Лихтенштейн дар миёни кишварҳои олам дар вазъи хуби ҳифзу ҳимояти кӯдак қарор дошта, ва барои ҳар як ҳазор кӯдаки навзод дар ин кишварҳо дар соли гузашта марги се кӯдак рост омадааст.

XS
SM
MD
LG