Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҷоизаи театрҳои тоҷик


Лаҳзае аз намоишномаи театри тоҷикӣ дар ҷашнвора
Лаҳзае аз намоишномаи театри тоҷикӣ дар ҷашнвора

Дар ҷашнвораи II-уми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов беҳтарин офарандаи нақши мардона дониста шуд ва ӯ соҳиби ҷоизаи вижа гардид.

Вай дар намоишномаи дромнависи озарбойҷонӣ Алии Амирлӣ «Зани сарватманд», ки онро коргардон Султон Усмонов дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузоштааст, нақши Сарӣ Кароевро бозӣ кард.

Гулнафис Мирзошева, коршиноси раёсати ҳунари вазорати фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурии Қазоқистон таъкид кард, ки дар ҷашнвора ҳар ду театре, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекарданд, яъне Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Театри вилоятии мусиқиву мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, хуб ҳунарнамоӣ карданд.

Вале ӯ, бештар аз ҳама, аз нақши офаридаи Насриддин Нуриддинов ситоиш кард ва таъкид намуд, ки беҳтарин офарандаи нақши мардона дониста шудани ӯ ин на танҳо назари коршиносони риштаи ҳунар ва доварон, балки арзёбии мунсифонаи тамошобинони сершумор низ ҳаст. Зеро ҳунарманд Насриддин Нуриддинов нақши олим Сарӣ Қароевро, ки аз бенавоӣ ва беқадриаш дар ҷомеъа ранҷ мекашад ва ҳамроҳи хонаводааш рӯзи хуберо тайи 20 сол надидаасту якбора онҳо гӯё соҳиби миллиард доллар мегарданд, басо ҷолиб ва табииву самимӣ бозид ва дар ҷараёни намоиш тамошобинон борҳо ба ҳунари ӯ кафкӯбӣ карданд.

Дар маҷмӯъ дар ин ҷашнвора ҳунарпешагони тоҷик соҳиби се ҷоиза гардиданд. Як ҷоизаи вижа ба Театри вилоятии мусиқиву мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ва ҷоизаи «Барои бунёди дастаи ҳунарии комили нақшофаринон» ба Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дода шуд.

Шоҳҷоизаи ҷашнвора насиби, ба истилоҳ , соҳибони майдон - ҳунарпешагони Театри давлатии академиву дроми Қазоқистон ба номи Мухтор Авезов гардид ва ин театр барои намоишномаи «Мусаввир ва зебосанам» соҳиби 1 миллион танга ва ё беш аз 8000 доллари амрикоӣ шуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар ҷашнвора ба ҷуз коргардонҳои тоҷик, ки дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ҳамчунин коргардони шинохта Барзу Абдурразоқов бо намоишномаи хеш бо номи «Роҳи дури дур ба Макка» , ки онро Театри ҷавонони Учури Қирғизистон ба саҳна гузоштааст, ширкат дошт ва ин асари саҳнавӣ соҳиби ду ҷоизаи гуногун гардид. Тавре коргардон мегӯяд, «Роҳи дури дур ба Макка» ба мавзӯъи ахлоқӣ ихтисос дода шудааст ва он бори нахуст моҳи апрел дар Бишкек ба саҳна гузошта шуда буд ва он аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт.

Коргардон мегӯяд, «мавзӯъ ва ғояи асар ин аст, ки агар дилеро ба даст наорӣ, ҳоҷати зиёрати хонаи Худо нест, яъне роҳ ба Макка аз қалби инсонҳо оғоз мегардад. Дар намоишнома ҳафт кас ширкат менамоянд ва ин асар барои худи ман, ки зиёда аз чил намоишнома ба саҳна гузоштам ва ҳам тамообинонам як навъ табаддулот ва роҳи нави адабиву эҷодӣ буд».

Ҳангоми баррасии намоишнома коршиносони театр ва доварон онро рӯйдоди тозаи ҳунарӣ донистанд ва вақте доварон шоҳҷоизаро ба театри Қазоқистон доданд, бисёр тамошобинон аз он изҳори норизоӣ карданд ва ба андешаи онон шоҳҷоиза бояд насиби «Роҳи дури дур ба Макка» мегардид.

Дар маҷмӯъ коршиносону аҳли назари риштаи ҳунар ба ҳунарнамоии театрҳои Тоҷикистон баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки дар ин ҷашнвора ширкат кардани ду театри тоҷик баёнгари ин аст, ки ҳунари театрӣ дар Тоҷкистон рушд мекунад ва ин кишвар коргардонҳои варзида дорад. Аз сӯи дигар, ба андешаи Гулнафис Мирзошева, онҳо ва дигар дастаҳои ҳунарии кишварҳои минтақа дар ҷашнвораи байнулмилалии театрҳои драммавӣ ширкат намуда бо маҳсули ҳунари ҳампешагонашон аз кишварҳои минтақа ошно гардиданд ва метавон чунин ҷашнвораҳоро як навъ мактаби ҳунарӣ ва воситаи хуби табодули дониш ва таҷрибаи эҷодӣ арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG