Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши тоҷикистониҳои ҷаҳон дар Олмон


Ҷорҷ Делл, раҳбари маркази фарҳангии "21 Century"-и шаҳри Нюрнберги Олмон, замоне корманди филармонияи давлатии Тоҷикистон буд
Ҷорҷ Делл, раҳбари маркази фарҳангии "21 Century"-и шаҳри Нюрнберги Олмон, замоне корманди филармонияи давлатии Тоҷикистон буд

Имрӯз, 13-уми сентябр, дар шаҳри Гиссени Олмон ҳамоиши тоҷикистониҳои ҷаҳон идома дорад, ки ба қавли ташкилкунандаҳояш, бесобиқа будааст.

Ҷорҷ Делл, раҳбари маркази байнулмилалии фарҳангии Entertainment International 21 Century (шаҳри Нюрнберги Олмон) ва ташкилкунандаи аслии ин нишаст дар як сӯҳбати телефонӣ аз маҳалли ҷашнгоҳ дар шаҳри Гиссен ба радиои Озодӣ гуфт, то соати 11:30-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ҳудудан панҷ ҳазор нафар барои ширкат дар ин ҳамоиш вориди ҷашнгоҳ шуданд.

Ҷорҷ Делл гуфт: "Ҷашнгоҳ бояд аз соати 10-и субҳ дарҳои худро боз мекард, аммо мардум аллакай аз соати 8 ҳозир шуда буданд. Мо дар шаҳри Гиссен, дар маркази Олмон, маркази Аврупо қарор дорем, ки дар он ҷашни бузурги ҳамватанон аз Тоҷикистон ҷараён дорад. Мешавад гуфт, ки ин ҳамоиш ҳамоиши ҷаҳонӣ аст, чунки меҳмонони мо аз саросари Аврупо, аз Австралия, Бразилия, ИМА, Канада омадаанд, аз Фаронса, Итолиё омадаанд. То соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ аллакай панҷ ҳазор нафар вориди ҷашнгоҳ шуданд, ҳарчанд шурӯъи расмии ин нишаст ба соати 13 таъйин шудааст. Дар ин ҷашнгоҳ барои 15 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, интизори мо ин аст, ки беш аз 10 ҳазор нафар хоҳанд омад. Имрӯз ин ҷо тамоми Тоҷикистон ҷамъ шудаанд, ки дар саросари ҷаҳон пароканда шуда, мехоҳанд бори дигар ба ҳам оянд, он тавре, ки дар гузашта дар ҷумҳурии азизи мо буд, зери офтоби нурафшон ва дар оғӯши кӯҳҳои маҳбуби Помири мо ба ҳам оянд".

Ҷорҷ Делл афзуд, ки Ҳамоиши тоҷикистониҳои ҷаҳон дар саҳни як намоишгоҳи бузурги Гиссен ҷараён дорад. Толори мазкур, мегӯяд вай, ба панҷ қисмат ҷудо шуда, ҳар як исми як вилоят ё шаҳри Тоҷикистонро гирифтааст, ба мисли "Душанбе", "Суғд", "Кӯлоб", "Қӯрғонтеппа" ва "Бадахшон" ва дар он роҷеъ ба вижагиҳои таърихиву фарҳангии ин маҳалҳо маълумот дода мешавад. Дар барномаи ҳамоиш, намоиши филми мустанад ва наворҳову аксҳо роҷеъ ба таърихи тоҷикон ва таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ дар назар гирифта шуда, инчунин муаррифии дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам дар назар гирифта шудааст. Дар паи ин, баргузории консерти калони дастаҳои ҳунарии мустақар дар Аврупо дар назар гирифта шудааст, ки бо Тоҷикистон ва мусиқии мардумӣ иртиботи наздик доранд.

Ҷорҷ Делл афзуд: "Ҳунарнамоии гурӯҳи беҳтарини ҳунарии мо - "21-й век" бахши аслии барномаро ташкил медиҳад. Ҳама ҳунармандони ин гурӯҳ аз Душанбе буда, оҳангсозону навозандаҳои касбии оҳангҳои тоҷикӣ низ мебошанд. Онҳо бо забонҳои русиву тоҷикӣ суруд иҷро мекунанд. Шояд исми онҳоро дар Тоҷикистон имрӯз ҳам ёд дошта бошанд: пианинонавоз Йозеф Шерр, гиторнавоз Валдемар Рул, ман - овозхон Ҷорҷ Делл, ки замоне дар филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ҳама ситораҳои ҳунари мардумии тоҷик ҳамкорӣ кардаам. Ва имрӯз ҳам ман бо онҳо иртиботи худро нигоҳ медорам".

Ҷорҷ афзуд, ки дар ҳамоиши имрӯза ширкати сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов, оҳангсози номдори муқими Берлин Фирӯз Баҳор дар назар гирифта шудааст. Дар миёни меҳмонҳо, гуфт вай, инчунин муаррихону рӯзноманигорони тоҷик, ҳайате аз вилояти Суғд, ки махсус барои ширкат дар ин ҳамоиш роҳи Гиссенро пеш гирифтааст, ҳузур хоҳанд дошт. Ҷорҷ гуфт, 80 дарсад меҳмонҳои нишасти имрӯзаро зодаҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки дар солҳои охир дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ ихтиёр кардаанд, аммо ҳамеша бо меҳри Тоҷикистон зиндаанд.

Чойхонаи тоҷикӣ дар Олмон ҷойи дӯстдоштаи тоҷикистониҳои муқими ин кишвар мебошад

Вай афзуд: "Ин ҷо олмониҳои русзабон ҳастанд, тоҷикон, узбакҳо, тоторҳо, кореягиҳо, украиниҳову русҳое, ки дар Тоҷикистон зистаанд, омадаанд ва онҳое, ки бо тоҷикҳо оила барпо кардаанд, ҳамчунин ин ҷо ҳузур доранд".

Соати баргузории ҳамоиш аз 13-и зуҳр то 24-и шаб дар назар аст, гуфт вай. Аз ӯ пурсидам, ҳадафи аслии ҷамъ овардани шумори бесобиқа зиёди меҳмонҳо дар Олмон чист?

Вай гуфт: "Мо дар зери офтобу кӯҳҳои боҳашамат таваллуд шуда, ба воя расидем. Мо ҳамеша мегуфтем, ки ин офтобу кӯҳҳо ва обҳои беҳтарини ҷаҳон аст, ки мо дар оғӯши ин ҳама бузург шудем. Мо қарор кардем, ки ҳамагӣ ба по шавему ҷамъ шавем, кӯдакиҳоямонро ба ёд оварем".

Як рӯз пеш аз баргузории Ҳамоиши тоҷикистониҳои ҷаҳон дар Гиссен Анҷумани доираҳои тиҷоративу соҳибкорон баргузор шуд, ки роҳҳои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо доираҳои моливу иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ҷорҷ Делл афзуд, ки дар кори ин нишаст 50 нафар, асосан соҳибкорони зодаи Тоҷикистон, Русия ва намояндаҳои ширкатҳои тиҷоратии ғарбӣ иштирок карданд. Вай афзуд, ки ин соҳибкорон бо бунёд ва тиҷорати мошин, нашри китоб, тавлиди маҳсулоти кимиёӣ, ғизо машғул ҳастанд. Рӯзи сешанбе қарор аст, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорон эълон шавад, гуфт ӯ.

Раҳбари маркази фарҳангии «21 Century» мегӯяд, мақомоти маҳаллии Гиссен баргузории ин ҳамоишро истиқбол карда, шароити ташкили нишастро тавассути таблиғоти телевизиони маҳаллӣ ва сафарбаркунии нирӯҳои полис барои таъмини ҷоҳои холӣ дар истгоҳҳои мошин (паркинг) ва роҳёбии бемушкили меҳмонон ба толори ҷашнӣ фароҳам овардаанд. Ҷорҷ Делл, дар поёни ин сӯҳбат гуфт, барои нахустин бор аст, ки ба онҳо даст дод чунин ҳамоиши бонуфузи ҳамватанонро дар Олмон ташкил кунанд ва ҳамакнун, ният доранд, ки ин анъанаро дар оянда ҳам идома дода, даври дигари ҳамоиши худро дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи соли 2009 баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG