Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисоботи вазири дифоъ ва фармондеҳи артиши ИМА


Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс
Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс

Дирӯз дар нишасти кумитаи хадамоти низомии Конгресси ИМА вазири дифоъ Роберт Гейтс ва адмирал Майк Муллен, фармондеҳи артиши Амрико, ҳисобот доданд.

Ин нишаст як рӯз баъд аз он баргузор гардид ки раисиҷмуҳури ИМ Ҷорҷ Буш нақшаи тозаи коҳиши шумораи артиши амрикоӣ дар Ироқ ва афзоиши теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистонро муаррифи намуд.

Буш эълом дошт, ки коҳиши шумораи сарбозони Амрико дар Ироқ бо сабаби ба таври чашмрас беҳбудёбии вазъи амниятии он кишвар имконпазир гашт. Бо вуҷуди ин вай таъкид кард ки ин дастёбии бисёр нозук ва баргаштпазир буда дар натиҷаи талошҳои тулонӣ ба даст омадааст.

Зимни саволуҷавоби дирӯза вазири дифоъ Роберт Гейтс, гӯё суханони Бушро такрор намуда, дар бораи кушишҳои фарохонии зудҳангоми нерӯҳо аз Ироқ ҳушдор дод: “Фармондеҳони низомиамон то ҳол бовар надоранд, ки комёбиҳои мо устуворанд. Онҳо бар ин ақидаанд, ки чолишҳои зиёде боқӣ мемонанд ва имкон дорад дастовардҳои мо дар оянда коста шаванд. Ман бовар дорам, ки идомаи коҳиши мувозеби нерӯҳо, ки раисиҷмуҳур дар бораи он фармон содир кардааст, на танҳо нишонаи самти дуруст, балки раванди дурусти амалиётро инъикос мекунад, ба вижа бо назардошти радубадли тарҳрезишуда ва тарҳрезинашудаи нерӯҳои муттаҳидонамон. Коҳиши тарҳрезишудаи теъдоди сарбозон ин хатарест, ки мо метавонем имруз онро ба ӯҳда бигирем, аммо дар оянда мо бояд барои тағийри ғайричашмдошти шароит низ омода бошем”.

Гейтс эътироф кард, ки ба фикри баъзеҳо ҷанги Ироқ, таваҷҷӯҳро аз Афғонистон ва таъқиби раҳбарони “Ал-Қоида” ба канор мекашад. Вале вазири мудофиаи ИМА гуфт, ки ин кишвар, яъне Афғонистонро намешавад ба ҳоли худ гузошт, махсусан дар ҳоле ки вазъи Ироқ рӯ ба беҳбуди ва эътидол ниҳод. Бо вуҷуди ин, Роберт Гейтс изҳор намуд ки, имкон дорад ИМА тули чандин соли оянда дар Ироқ боқӣ бимонад.

Қонунгузорон ба Роберт Гейтс ва Майк Муллен дар бораи стротежии ИМА дар Афғонистон ва Покистон савол доданд. Гуфта мешавад, ки ҷангиёни Толибон ва Алқоида дар минтақаи васеъи Покистон наздик ба марзи Афғонистон аз таъқиби неруҳои НАТО паноҳ бурдаанд. Гейтс хабар дод, ки Вошингтон хеле эҳтиёткорона раҳбарияти нави Покистонро ба ин раванд ҷалб мекунад ва ошкоро иброз дорад ки мубориза алайҳи ифротгароёни исломи ҳадафи муштараки ҳарду он кишвар мебошад.


“Мо бо Покистон дар чанд бахш ҳамкори анҷом медиҳем. Ман бовар дорам, ки Исломобод он хатареро ки аз манотиқи қабиланишин ба он таҳдид мекунад ба хуби дарк мекунад. Ба вижа бо назардошти афзоиши ҳамлаҳои интиҳорие, ки алайҳи Покистон анҷом мешаванд. Бисёр муҳим аст ки ба вижа ҳоло дар вақти бесарусомонии сиёсӣ дар он кишвар, мо робитаҳоямонро бо ҳукумати Покистон мустаҳкам мекунем. Агар вазъ дар онҷо бадтар шавад ҳам барои Покистон ва ҳам Афғонистон ин маънои рукудро хоҳад дошт. Ҷанг алайҳи терроризм дар он минтақа шурӯъ шуд ва бояд дар онҷо ба поён расад.”

Гейтс ва Муллен гуфтаанд, ки ҷанг дар Афғонистон мушкилтар шудааст. Муллен афзуд, дар айни ҳол НАТО дар он ҷанг дар ҳоли пирӯзшавӣ нест, аммо вай мутмаъинаст, ки паймон метавонад ғалаба кунад. Ҳарду изҳор намуданд, ки дар соли гузашта ҳампаймонони ИМА аз кишварҳои НАТО дар набардҳо масъулияти бештареро ба зима гирифтанд. Адмирал Муллен инчунин иттилоъ дод, ки дигар аъзои НАТО иштирокашонро дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҷануби Афғонистон афзоиш доданд.

“Ҳангоме ки ман аз ҷануби Афғонистон боздид мекардам, сарбозонамон дар бораи ширкати канадагиҳо, бритониҳо ва австралиёиҳо бо эҳтиром маълумот медоданд. Дар ҳақиқат ҳам Фаронса тоза як баталёни иловагӣ эъзом кард. Бадбахтона чанд замоне баъд аз он, ки онҳо дар онҷо мустақар шуданд, 10 сарбози фаронсави кушта шуд. Ҳамин тавр аз дидгоҳи ман дар ин бахш беҳбудии қобили таваҷҷӯҳ ба амал омад”.

Бо вуҷуди ин Муллен таъкид дошт, ки дар ҷанги Афғонистон бояд иштироки ҷомеъаи мулкӣ афзоиш ёбад. Ба гуфтаи вай, ин ба истиҳкоми демократия мусоъидат хоҳад кард. Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико гуфт, шояд бунёди роҳҳои оҳан, мадорис ва бемористонҳо дар Афғонистон амали хубе бошад, аммо ин коррро намешавад танҳо бо нерӯи низомиёни амрикоӣ ва НАТО анҷом дод. Муллен даъват намуд, ки ба гуфтаи вай “ҷаҳони мулкӣ” бояд ба бозсозии тиҷорат, маъориф, кишоварзи ва қонунгузори саҳми бештаре гузорад.

Дар посух ба саволе, ки баъд аз фоҷеъаи 11 сентябри соли 2001 барои таъмини амнияти аҳолии Амрико ҳукумати кунунӣ ба чӣ пешравиҳо ноил гашт, Гейтс эълом дошт, ки ба ақидаи вай ҳукумати Ҷорҷ Буш дар ин соҳа корҳои қобили таҳсин анҷом додааст ва дар тули ҳафт соли сипаригашта ягон ҳамлаи террористии муваффақ дар Амрико ба вуқӯъ напайваст.
XS
SM
MD
LG