Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Ҳаёти ҷавонони гирифтори HIV AIDS


Мусоҳиби ман, сокини 28-солаи вилояти Суғд, ки беш аз якуним сол аст, бо вируси норасоии масунияти бадан зиндагӣ мекунад, мегӯяд, аз дӯсти наздиктаринаш ба ин маризӣ сироят ёфтааст.

Вай мегӯяд, солҳои зиёд дар як таҳхонаи маҳалли таҷаммӯъи ҷавонони мӯътод, ки замоне толори варзишӣ будааст, бо мӯътодони дигар мулоқот карда ва дар ҳамон ҷо тавассути сӯзандоруи олуда гирифтори вирус шудааст. Ин ҷавон гуфт, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ба истеъмоли ҳероин майл кардааст:

«Ман бо дӯстам ва бо нафарони зиёд ба баданам ҳероин мегузаронидам. Одатан дӯстам ҳероин ва сӯзандоруро омода мекард. Ҳарчанд мо ҳар яке сӯзандоруи худро доштем, аммо як рӯз вақте ки якҷоя ҳероин мегузаронидем, ман маст будам ва аз сӯзандоруи хунолудааш истифода кардам. Дар натиҷаи як ташхиси иҷборӣ, дар маҳбас ба ман хабар доданд, ки ба HIV сироят ёфтаам. Ҳоло вазъи саломатиам рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Ҳарчанд ман медонам, ки ба марг маҳкум шудаам, аммо ноумед нестам ва бовар дорам, ки баъд аз табобати зидди ретровирусӣ умрам барои якчанд соли дигар дароз мешавад. ман кушиш мекунам ба ин бемори аҳамият надиҳам, ҳарчанд вуҷуд доштани вирус дар бадан нохушоянд аст».

Ба назари табибони тоҷик, ҳаёти носолими ҷавонон ва бекорӣ аксар ҷавононро дар зиндагӣ шикаст додааст. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар вилояти Суғд 320 сироятёфтаи HIV расман ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 50 дарсади онҳо тавассути сӯзандоруи олуда бо маводи мухаддир бемор шудаанд. Табибон мегӯянд, ки бино ба набуди марказҳои кофии ташхис дар кулли навоҳии кишвар шумори воъеъии гирифторон муайян нашудааст. Аммо омори мавҷуда ҳоки аз он аст, ки HIV новобаста аз мавқеъи ҷуғрофӣ ва тарзи зисти суннатӣ ё замонавии инсон ба ҳама таҳдид мекунад.

Журналист Абдуқодир Хуҷаев мегӯяд, вақте ӯ шунид, ки дар манотиқи мисли Исфараву Масчоҳ, ки истеҳкоми шариат маҳсуб мешаванд, ҳам олудаҳои Эйч-Ай-Ви ба сар мебаранд, сахт дар ҳайрат афтод.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, яке аз сабабҳои густариши вируси норасоии масунияти бадан дар вилояти Суғд маърифтаи пасти одамон оид ба HIV маҳсуб меёбад, ки он ба нақзи ҳуқуқи сироятёфтагон низ сабаб мегардад. Мусоҳиби ман, ки олудаи Эйч-Ай-Ви аст, мегӯяд аз тарси ин ки радди маърака шуда оилаашон мавриди таҳқиру сарзаниш қарор нагирад, бемории худро пинҳон медонад:

«Баъзан кӯдакони ҳамсоя ба хонаи мо барои об ва ё ҷӯшонидани об меоянд. Волидонашон метавонанд, омадани онҳоро ба хонаи мо манъ кунанд. Як рӯз ман бо ҳамсояамон оиди ин бемори сӯҳбат кардам ва хостам, ки андешаҳояшро нисбат ба гирифторон бифаҳмам. Маълум шуд, ки ӯ комилан оид ба роҳҳои сироятёбӣ ба HIV маълумот надорад. Ӯ боз ба ман гуфт ки бояд ҳама сироятёфтагонро қатл кард».

Коршиносон мегӯянд, мушкили иктисодӣ ва вазъи бади зиндагӣ беморонро водор мекунад, ки ба корҳои вазнини ба саломати зараровар даст бизананд, ки он ҷисми бе ин ҳам нотавонашонро заифтар мекунад. Мусоҳибам мегӯяд, ӯ ҳоло бо рангмолӣ рӯз мегузаронад, аммо ин ҳам ба сиҳҳатиаш зарар доштааст. Мегӯяд, ки ахиран дар шушаш дарди шадидеро эҳсос мекунад. Вай дар бораи кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ дар чунин шароити сахт гуфт:

«Ба наздикӣ аз созмони ҷамъиятии «Гули сурх» ба ман либосҳои гарм пешниҳод карданд. Баъзан маводи хуроки медиҳанд. Маркази мубориза бо HIV AIDS табобати зиди ретровирусиро таъмин мекунад, бархе аз беморонро барои табобат аз сил низ ба дармонгоҳҳо мефиристанд. Ман худам ҳам барои кӯмак ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат накардаам. Худро чи гуна муаррифӣ мекунам? Баъд аз ошкор шудани ҳолатам метарсам, ки муносибати одамон бо ман тағйир меёбад. Доғгузориву таҳқир сар мешавад. Зимистон як зани олуда аз кӯча мегузашт, бачаҳо ӯро бо барф зада аз пасаш СПИД – сироятёфта гуфта, фарёд мекарданд. Ҳарчанд ӯ ҳоло камбизоату нотавон ва бемор аст, аммо, ба гумонам, ин барои таҳқир шунидани кас сабаб шуда наметавонад».

Бояд гуфт, дар муқоиса бо солҳои қаблӣ мизони сироятёбии ҷавонон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ боло меравад. Иброҳим Мадалиев, муовини раҳбари маркази мубориза бо HIV AIDS-и вилояти Суғд, мегӯяд, соли ҷори 32 ҳодисаи нави сироятёбии ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор беш аз 43 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ олуда шудаанд:

«Гузаштани алоҳаи ҷинси байни мардум хеле ҷиддӣ аст, як кас метавонад 5 ё 10 нафарро сироят кунад, мо инро намефаҳмем. Агар истифода барандаи маводи мухаддир бошад, онро мо мешиносем ё мефаҳмем ва эҳтиёт мекунем. Соли гузашта камтар буд, аммо имсол 7-8 фоиз бо роҳи алоҳаи ҷинсӣ сироятёбӣ афзудааст. Дар миёни гирифторон донишҷӯён ҳам буданд».

Ҷавони олуда ба HIV мегӯяд, дар бархе аз марказҳои вилояти Суғд баъзе аз ҷавонону наврасони оилаҳои камбизоат ба танфурӯши машғуланд. Ба гуфтаи вай, ҳатто дар миёни писарон ҳастанд нафароне, ки ба ҳамҷинсони хеш бар ивази маблағ наздикии ҷинсиро пешниҳод мекунанд. Ин ҷавон ҳамчунин афзуд, нодорию муҳтоҷӣ наврасону ҷавононро ба бозори фаҳш баровардааст.

«Ҳоло наврасон ба робитаҳои наздики ҷинсӣ аз синни хеле барвақт шурӯъ мекнунанд. Он манзарае, ки аз тирезаи хонаам мушоҳида мекунам, ин аст, ки духтарони мактабхони 14-15-солаи бароям ошноро мардҳои калонсоли бегона бо мошинҳои гаронбаҳо меоранду мебаранд. Ва фикр мекунам, ин хизмати мардҳо беподош нест. Ҳоло қиммати хизматарсонӣ дар бозори фаҳш вобаста ба намуди зоҳири аз як қадаҳ май то ба 100 сомониро ташкил медиҳад».

Аммо баъзе аз нафарони олуда дар навбати худ дар роҳи пешгирии густариши HIV ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон оид ба ин маризи бо созмонҳои ҷамъияти ҳамкории зич доранд. Аз ҷумла ин ҳамсӯҳбати суғдии мо, ки умед дорад, таҷрибаи талхи вай барои ҳамсолони дигараш омӯзанда хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG