Имрӯз аксар ҳаводорони ҳунарнамоиҳои духтари тоҷикистонӣ Таҳмина Ниёзова дар озмуни овозхонҳои ҷавон "5 ситора. Интервидение" дар Сочӣ (Русия) мегӯянд, ки ба шарофати нерӯи сершумори ҷамъияти Тоҷикистон дар Русия пирӯзии вай дар ин озмун таъмин гардид.
Ин озмун 28 - 31-уми августи соли равон бо ширкати 11 ҳунарманду дастаҳои ҳунарӣ аз 11 кишвари узви ИДМ дар шаҳри курортии Сочӣ баргузор шуд.
Барандаи шоҳҷоизаи озмун тавассути раъйгирии телефонӣ ё SMS сурат гирифт. Ҳарчанд як шарти озмун раъйгирии ҳамватанонро иҷоза намедод, маҳз ба шарофати тоҷикистониҳои бурунмарзӣ, яъне мардикорони тоҷикистонии мустақар дар Русия, Таҳмина Ниёзова (воқиъан, набераи ҳунарманди мумтоз Боймуҳаммад Ниёзов) тавонист аз дигарон пеш гузарад. муқаррар шуд. Таҳмина инчунин ба дарёфти ҷоизаи махсуси "Бозёфти ҷашнвора" (барои ҷавонтарин овозхони озмун) мушарраф гардид.
Барандаи шоҳҷоизаи озмун тавассути раъйгирии телефонӣ ё SMS сурат гирифт. Ҳарчанд як шарти озмун раъйгирии ҳамватанонро иҷоза намедод, маҳз ба шарофати тоҷикистониҳои бурунмарзӣ, яъне мардикорони тоҷикистонии мустақар дар Русия, Таҳмина Ниёзова (воқиъан, набераи ҳунарманди мумтоз Боймуҳаммад Ниёзов) тавонист аз дигарон пеш гузарад. муқаррар шуд. Таҳмина инчунин ба дарёфти ҷоизаи махсуси "Бозёфти ҷашнвора" (барои ҷавонтарин овозхони озмун) мушарраф гардид.
Ҳамонтавре ки қоидаҳои озмуни байнулмилалии «Eurovision» ҳам тақозо мекунад, ҳамакнун даври навбатии "5 ситора…" соли оянда бояд дар ватани барандаи шоҳҷоиза – яъне дар Тоҷикистон – баргузор шавад.
Каромат Шарифов, раҳбари созмони "Тоҷик-диаспора" дар шаҳри Маскав, ки тавассути сомонаи интернетии худ ва ба таври шифоҳӣ ба тарафдории Таҳмина Ниёзова таблиғоти зиёд ташкил кардааст, гуфт, аксар муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки ин озмунро тамошо мекарданд, барои пирӯзии ин овозхони ҷавон талошҳо ба харҷ доданд: "Хуб шуд, ки ин озмун дар Русия гузашт, чунки забони хуб, гуфтори хуб, овозхонии хубе, ки духтари зебои Тоҷикистон дошт, ва ба забони англисӣ хондани суруди охиринаш дили ҳамаро тасхир кард. Тамоми муҳоҷирони тоҷик аз ин озмун хабардор буданд, аз телевизион онро пайгирӣ карданд ва дастгирии худро тавассути телефон (SMS) намоиш доданд ва барои гирифтани ҷои аз ҳама баланд ба ӯ мусоидат карданд. Фарзандони ман, духтару писари ман тавассути 4 телефон 12 SMS фиристоданд. Боварӣ дорам, ки дигар муҳоҷирон бояд зиёдтар фиристода бошанд. Ин пирӯзӣ орзуи ҳамаи мо буд, то ки дар оянда озмун дар Тоҷикистон гузарад".
Пирӯзии Таҳмина Ниёзова дар нашрияҳои чопи Русия бозтоби густурдае дид. Нашрияи "Коммерсант" навиштааст, ки "хандаи пурҷилои Таҳмина Ниёзова бар маҳорати гурӯҳи "Кватро"-и русӣ пирӯз омад".
Гурӯҳи чаҳорнафараи овозхонҳои "Кватро" аз оғози озмун ду дафъа барандаи раъйгирии SMS-ӣ шуда ҳадсу тахминҳоро роҷеъ ба пирӯзии ниҳоии ин даста ба миён оварданд. Ниҳоятан "Кватро" ва ҳунарманди хушсадои арманӣ Размик Амян аз ҷониби доварон ба раҳбарии овозхони маъруфи рус Иосиф Кобзон сазовори ҷои аввали озмун дониста шуданд.
Пирӯзии Таҳминаро ширкатдори порсолаи озмуни "5 ситора" аз Тоҷикистон Манижа Ҳамроева, ки бо тахаллуси Ру.Кола ҳам маъруф аст, тавассути сомонаи интернетиаш табрик кардааст. Манижа дар Маскав зиндагӣ мекунад ва модари ӯ, ки ҳамзамон продюссери ҳунариаш мебошад, гуфт, ки онҳо ҳамаи се рӯзи озмун ба ҷонибдории Таҳмина тавассути телефон раъй доданд: "Ман Таҳмина Ниёзоваро бо бурдани шоҳҷоизаи озмун табрик мекунам. Барояш муваффақиятҳои эҷодӣ мехоҳам. Офарини ӯ, ки ба Тоҷикистон озмуни "5 ситора"-ро мебарад. Ин хуб ва шоистаи таҳсин аст".
Ин хонум афзуд, ки, ба андешаи вай, аз назари фаннӣ ва омодагии ташкилкунандаҳои он озмуни имсола дар сатҳи андак поинтар танзим шуда буд ва дар ниҳоят ба ҳунарнамоии овозхонҳо ҳам таъсир гузошт: "Садо кайфияти бад дошт ва ин мушкили садобардорҳо буд, худи барнома ҳам ҷаззобияти як шоу, як барномаи тафреҳиро, надошт ва ширкатдорон ҳам чандон касбӣ набуданд".
Хонум Наҷиба афзуд, ки кори садобардорҳо то ҷое ба кайфияти овозхонии Таҳмина ҳам таъсир кард, аммо ин маънои онро надорад, ки садои ӯ ва ё ҳунари ӯ камтар аз дигарон буд. Таҳмина ояндаи хуб дорад, гуфт ӯ, ва акнун бояд ҷиддан аз пайи рушду пешбурди шуҳрати овозхониаш шавад: "Барои дастёбӣ ба пешрафтҳои техникӣ вай ҳама имкониятҳоро дорад, бобои ӯ Боймуҳаммад Ниёзов мақомсарои бузург аст ва ин захираи бои зотӣ ба вай ҳатман кумак хоҳад кард. Ба назари ман, Таҳмина бояд дар жанри року поп кор кунад".
Мутазаккир мешавем, ки Таҳмина Ниёзова 14-уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ қаблан дар озмуни мусиқии "Асри ситораӣ" ("Звёздный век") ва ҷашнвораи "Индиго" иштирок намуда буд.