Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Русия ва Чин дар Тоҷикистон


Дидори Дмитрий Медведев бо Ҳу Ҷинтао дар ... шаҳри Душанбе
Дидори Дмитрий Медведев бо Ҳу Ҷинтао дар ... шаҳри Душанбе

Ҷалби сармояи ду кишвари абарқудрати ҷаҳон: Русия ва Чин дар анҷоми тарҳҳои энержии Тоҷикистон барои рушди чашмгири иқтисоди ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқоти руасои ҷамоҳири Чину Тоҷикистон ва Русияву Тоҷикистон дар Душанбе дар ҳафтаи гузашта низ, шароити ҳузури ин ду кишвари бузург дар барномаҳои энержии давлати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ва дар ин замина асноди ҳамкорӣ низ ба имзо расид.

Аммо, ба эътиқоди коршиносон, ҷараёни афзоиши ин мушорикат бар бурузи рақобати ин ду кишвар мунҷар хоҳад шуд.

Дар ҷараёни сафари Ҳу Ҷинтао - раисҷумҳури Чин ба Тоҷикистон созишнома ҷиҳати эҳдоси неругоҳи «Нуробод-2» ва дар ҷараёни сафари Дмитрий Медведев – раисҷумҳури Русия дар бораи сохтмони се неругоҳи миёнаиқтидор дар се соли оянда дар Тоҷикистон мувофиқатнома ба имзо расид. Бо таваҷҷӯҳ ба талошҳои Русия ҷиҳати иштирокаш дар сохтмони неругоҳи Роғун, ки бузургтарин пойгоҳи тавлиди барқи минтақа хоҳад шуд ва низ ваъдаҳои мушорикати Чин дар сохтмони чанде аз неругоҳҳо, аз ҷумла, «Сангвор» дар рӯди Хингоб ва «Ёвон» дар дарёи Зарафшон коршиносон бар рӯ задани рақобатҳо миёни Чин ва Русия ишорат мекунад.

Рақобати Чин ва Русия барои иштироки ҳарчи бештар дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон, ба бовари коршиносон, дар маҷмӯъ бар манфиати давлати Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро дар вазъи пешомада имкони интихоб барои кишвари соҳиби захира ва манобеъ боқӣ мемонад.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба имконоту зарфиятҳои сармоягузор, холисии нияти вай, мурооти ӯ аз Тоҷикистон ба ҳайси як шарики баробар ва низ бо такя бо таҷрибаи байналмилалӣ дар чунин шароит Тоҷикистон бо кадоме аз ин ду кишвар иҷрои лоиҳаҳои энержии худро роҳандозӣ кунад, беҳтар хоҳад буд? Посухи ин суолро коршиносон ва соҳибназарон ба таври мухталиф баён доштанд.

Ғуломиддини Сайфиддин - коршиноси масоили энержӣ бар ин назар аст, ки барои Тоҷикистон беҳтар хоҳад буд, ки дар татбиқи тарҳҳои энержиаш аз сармояи кишварҳои бетарафе, назири Чин ва Эрон, ки танҳо аҳдофи иқтисодиро дунбол мекунанд, истифода кунад. Оқои Сайфиддин бо ишора ба сохтмони неругоҳи Сангтӯда-1, ки Русия барои сарфи сармояаш 75 дар сади саҳмияҳои онро аз они худ мекунад, гуфт, иштироки Русия дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон ғаразҳо ва хостаҳои дигар низ дорад. Ва ҳанӯзам ин кишвар Тоҷикистонро як шарики ҳамчанд ва соҳиби раъйи худ қабул кардан намехоҳад.

«Ҳузури Чин албатта пеши Русия рақобатро ба миён меоварад. Русия Тоҷикистонро ҳамчун як вассали худ нигоҳ доштанист. Ва агар баъди пош хӯрдани советӣ ҳам мутаваҷҷеҳ шавед, дар ин ҷо бо Русия ягон рақобат намешавад. Аммо вақте дигар давлатҳо ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, хашмаш меояд, рашкаш меояд. Рашк мекунад, аммо худаш ягон кор намекунад. Ва ҳоло Русия мехоҳад дар оби Хингобу Сурхоб неругоҳҳои миёнақудрат созад. Ин ҳам танҳо гап аст. То лоиҳа мекашанд, то асоснок мекунанд, ки боз як панҷ –шаш соли дигар мегузарад».

Ба эътиқоди оқои Сайфиддин, афзоиши ниёзмандиҳо ба неруи барқ дар оянда рақобати ин ду кишвари абарқудратро минбаъд шиддат мебахшад ва ҳатто ин рақобатҳо дар ниҳояти амр водор мекунад, ки онҳо мухолифатҳои минтақаӣ барои тарҳҳои энержии Тоҷикистон аз ҷумла Ӯзбакистонро ба навъе маҳор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Мирзошариф Исломиддинов - раиси Кумитаи энергетика, сохтмон ва саноати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ бо эътирофи бурузи рақобат миёни Чин ва Русия рӯи тарҳҳои энержии Тоҷикистон мегӯяд, ин як раванди табиист, ки кишварҳои неруманд барои дастёбӣ ба захоир ва манобеъ дар шароити раванди босуръати ҷаҳонишавии иқтисод миёни ҳам талош варзанд. Вале мегӯяд ӯ тарҳҳои энержии давлати Тоҷикистон кам нестанд ва давлат низ ҳоло метавонад, ки сармояи хориҷиро ба навъе вориди кишвар кунад, ки субот ва оромӣ халалдор нашавад. Аз сӯи дигар, иллати тамоюли бештар доштан ба сармояи русӣ дар он аст, ки миёни Тоҷикистон ва Русия на танҳо дар бахши энержӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст:

«Албатта, рақобат вуҷуд дорад. Русия дида истодааст, ки ҳозир ҷумҳурии мардумии Чин ба ҷамоҳири Осиёи Марказӣ инвеститсияҳои калон ворид мекунад. Русия медонад, ки Тоҷикистон кишвари дорои захоири бузургу обу энержӣ дар минтақа мебошад ва потенсиали бузург дорад дар оянда. Ва аз Тоҷикистон ба Русия тавассути Қазоқистон ва Қирғизистон имкони ворид кардани неруи барқ вуҷуд дорад. Барои ҳамин Русия манофеи иқтисодӣ ва энергетикии худро дар оянда дар назар дорад. Аз тарафи дигар бозор ин рақобат аст. Ҳар гуна рақобатҳо пеш омаданаш мумкин. Вале мо набояд аз ин хафв барем, лекин моҳирона бояд манофеи Тоҷикистонро ҳифз намоем».

Ҷумҳурии мардумии Чин ба таври сокит ва бидуни сару садо вориди иқтисоди Тоҷикистон мешавад. Ва мақомоти чинӣ низ ҳамин тавр аз сӯҳбатҳо ва суханрониҳо дар мавриди ояндаи ҳамкориҳояшон ва ё рӯёрӯӣ бо Русия дар минтақа парҳез мекунанд.

Аммо бархе аз масъулони арсаи энержии Русия, аз ҷумла Сергей Шматко – вазири энергетикаи Русия, ки аз ӯ як нашрияи чопи Маскав баъди мусофираташ дар ҳайати давлати ин кишвар ба Душанбе нақли қавл кардааст, мегӯяд, шароити ширкати Русия дар сохтмони неругоҳи Роғун ҳоло мавриди омӯзиш аст. Вале як нукта мусаллам аст, ки Тоҷикистон ба ҳеҷ сурат 75 дар сади саҳмияҳои онро намедиҳад ва оқои Шматко далели аслии онро ба зуҳури рақобати Чин рабт медиҳад.

XS
SM
MD
LG