Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ҳайати нави созмони тоҷикон дар Бишкек


Ҳайъати нави Созмони иҷтимоъии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар Бишкек ҷаласаи нахустини худро баргузор кард.

Ин ҳайъат 12 августи соли равон дар анҷумане интихоб гардид, ки ин анҷуман дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд баргузор шуд. Вакилон Равшанбек Собировро бо аксарияти овозҳо раиси тоҷикони Қирғизистон интихоб карданд. Анҷумани тоҷикони Қирғизистон дар панҷ сол як бор баргузор мегардад.

Равшанбек Собиров, раиси нави созмон дар ҷаласа изҳор кард, ки аз ноҳияи Қадамҷо ба Бишкек интиқол ёфтани дафтари созмони онҳо масъулияти ҳайати навро боз ҳам дучанд хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар анҷуман фақат саду сӣ вакил ширкат доштанд, аз ин лиҳоз аъзои ҳайати нав бояд ба минтақаҳои Қирғизистон сафар кунанд ва бо ҳаёт ва рӯзгори тоҷиктаборон ошно шаванд ва мушкилоти онҳоро биомӯзанд. Раиси созмон ҳамчунин тазаккур дод, ки дар се вилояти кишвар - Ботканду Ҷалолобод ва Ӯш, ҳамчунин шаҳри Бишкек марказҳои фарҳангии тоҷикон фаъолият мекунанд.

Қодиршои Мурувват, раиси тоҷикони шаҳри Бишкек гуфт, ки роҳандозии нашрияи Созмони тоҷикони Қирғизистон ногузир аст ва ӯ тасмими ҳайъати навро роҷеъ ба интишори нашрияе ба номи «Паёми Қирғизистон» комилан дастгирӣ мекунад. Гуфта шуд, ки ин нашрия роҷеъ ба рӯзгори тоҷикони муқими Қирғизистон, фарҳангу забон ва расму ойинҳои миллии онҳо гузоришҳо дарҷ хоҳад кард. Ба гуфтаи Қодиршои Мурувват, шумораи аввали «Паёми Қирғизистон» зери даст аст ва ин рӯзнома то охири моҳи сентябр ба дасти муштариён хоҳад расид.

Шоистаи Равшан, масъули идории созмони иҷтимоъии тоҷикони Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки аъзои нави ҳайъати созмон дар Бишкек моҳе як маротиба гирди ҳам хоҳанд омад.

Асомиддин Саидов, ки дар ҷаласаи нахустини Созмони иҷтимоъии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ширкат кард, таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ чунин гуфт, ки вай 12 август дар анҷумани умумии тоҷикони Қирғизистон ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ширкат карда буд, ки дар Учқӯрғон раҳандозӣ шуд.

Давлаталӣ Ҳасанов, як муҳоҷири тоҷики муқими Бишкек изҳор кард, ки пештар аз фаъолиятҳои созмони тоҷикони Қирғизистон чандон иттилоъ надошт. Мавсуф ба дунболи ин, тавсеъаи фаъолиятҳои ин созмонро барои муҳоҷирони тоҷики муқими Қирғизистон муҳим хонд.

XS
SM
MD
LG