Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав - фарзандони муҳоҷирон ва таҳсил


Соли нави таҳсил дар Маскав барои муҳоҷирони тоҷик ва фарзандони мактабхони онҳо ҳамроҳ бо ҳама мушкилоташ фаро мерасад. Хонаводаи Абдулмаҷид, як бинокори тоҷик, ки имсол барои ба таҳсил фаро гирифтани се фарзандаш талош кардааст, барои духтари хурдиаш дар кудакистони омодагӣ ба мактаб ҷой ёфтааст, духтари калониашро, ки дар Тоҷикистон синфи чорро хатм кардааст, ба синфи ду қабул кардаанд, вале писарашро ба ҳеҷ мактаб намегиранд.

Ниссо, ҷавонзани дигари тоҷик, ки писараш дар синфи 7 ва духтараш дар синфи 11-и мактаби рақами 103-и Маскав таҳсил мекунад, мегӯяд, таҳсил ройгон аст, вале мушкиле, ки дорад, ин аст, ки ташхиси тиббии ҳарсолаи фарзандонаш пулакист, зеро шаҳрванди Русия нест.

Адами сабти иқомат дар Маскав мушкили умда дар масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирон аст. Хонум Ниссо мегӯяд, даҳҳо нафареро медонад, ки танҳо ба сабаби надоштани сабти иқомат дар Маскав бачаҳояшонро ба мактаб дода наметавонанд.

Шумораи муҳассилини тоҷик дар мактабҳои Маскав маълум нест. Ҳеҷ ниҳоде ҳам ба омӯзиш ва натиҷагирӣ ва барномарезии ин масъала машғул нест, ба ҷуз созмони «Нур», ки феҳрасти фарзандони мактабхони аъзои ҷамъияти худро дар ихтиёр дорад ва ҳам онҳо дар ҳафта як бор ба таҳсил бо забони модарӣ фаро гирифта мешаванд. Раиси созмони «Нур» Боғшоҳи Лашкарбек мегӯяд, дар мактабҳои миёнаи Маскав ҳудудан 80 шогирд доранд.

Фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар мактабҳои Маскав ба забони русӣ таҳсил мекунанд. Солҳои 1998-2000 дар шаҳри Маскав бо ибтикори Хуршедаи Даврондухт, адабиётшиноси тоҷик ва пуштибонии молии мақомоти Маскав мактаби тоҷикӣ ташкил шуд. Дар ин мактаб ҳар рӯзи шанбе 60 нафар шогирдон аз забону адабиёт, таъриху ҷуғрофиёи Тоҷикистон дарс мехонданд. Хатти форсӣ, наққошӣ ва ҳунарҳои дастӣ меомӯхтанд. Муаллимони муҳоҷири тоҷик дар он ҷо дарс медоданд. Аммо ин мактаб дастгирӣ наёфт ва баста шуд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бо вуҷуди мушкилоти мавҷуд, хонаводаҳои андак муваффақи тоҷики муҳоҷир дар Маскав ҷиддан талош мекунанд, то фарзандонаш ба таҳсили ҳамагонӣ фаро гирифта шаванд ва ба донишгоҳҳо дохил гарданд. Хонаводаҳое ҳастанд, ки тайи солҳои мушкили муҳоҷират се фарзандашон пас аз таҳсили ҳамагонӣ дар Маскав донишгоҳ хатм кардаанд.
XS
SM
MD
LG