Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши СҲШ дар ойинаи матбуот


Нашрияҳои инҳафтаинаи чопи Душанбе низ нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар пойтахти Тоҷикистонро сарфи назар накардаанд...

Ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» навиштааст, ҳарчанд баргузории нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой чанд «хол»-е ба нуфузи Тоҷикистон замм мекунад, вале натиҷаи ҷиддие дар пай нахоҳад дошт. Зеро, ба навиштаи «Нигоҳ», дар ин нишаст танҳо як эъломия ва як баёнияи муштарак имзо мешаваду тамом.

«Нигоҳ» ҳамчунин мавзӯъи пазируфта шудани Эронро барои узви ҳамешагии СҲШ дар миён гузоштааст. «Нигоҳ» ба нақли қавл аз таҳлилгарони сиёсӣ менависад, пазируфтани Эрон ба узвияти СҲШ танҳо бо як раъйу ҷонибдории Душанбе ҳалли худро нахоҳад ёфт, чунки ду қутби аслии ин созмон - Русия ва Чин тарафдор нестанд, то қутби дигаре дар ин созмон бо номи Эрон пайдо шавад. «Дар ин сурат водор мешаванд, ки дар тасмимгириҳои стратегӣ гӯшаи чашме ҳам ба Теҳрон дошта бошанд ва низ ба ду забони расмии созмон, ки ҳамакнун русиву чинист, забони форсиро ҳам изофа намояд»,– менависад «Нигоҳ».

«Фараж» изҳороти Масъуд Собиров, раиси расман эътирофшудаи Ҳизби демократи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар он пазируфта шудани Эрон ба нафъи амнияти кишварҳои форсизабон дониста мешавад. Ҳамчунин раёсати ин ҳизб гуфтааст, бояд дар ташкили минбаъдаи чунин нишастҳои бузург давлати Тоҷикистон ҳузури аҳзби сиёсии кишварро сарфи назар накунад.

«Вечерный Душанбе» матлаберо аз Раҷаб Сафаров нашр кардааст, ки «Иттиҳоди Русия бо Эрон кишварҳои ғарбиро ба зону хоҳад шинонид» унвон дорад. Нависандаи ин матлаб мегӯяд, агар Русия кӯмак кунад, ки Эрон, ҳамчун яке аз «кишварҳои калидӣ» дар ҷаҳон, ба узвияти СҲШ қабул шавад, нақшу фарогирии ин созмон дар баррасиҳои мушкили Ховари Миёна ва Халиҷи Форс низ дигаргунатар хоҳад шуд.

«Азия-плюс» таҳти унвони «Шашгонаи бузург» дар Душанбе» матлаберо интишор карда, ба суоли сафари расмии раҳбарони воломақоми Чину Русия барои Тоҷикистон чи маънӣ хоҳад дошт, посух ҷустааст. Ба изофаи ин, нашрия мегӯяд, ҳоло ду мавзӯъи ҷиддӣ, аз ҷумлаи пахши баёнияи муштарак роҷеъ ба вазъи кунунӣ дар Қафқоз ва дар иртибот ба ин СҲШ метавонад ҳамкориҳои низомиию сиёсии худро тақвият бахшад, пешорӯйи раҳбарони узви ин созмон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG