Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони ҳамкории Шонгҳой - НАТО-и Шарқ?


СҲШ дар ҳоле ба нишасти солонаи саронаш дар Душанбе омодагӣ мегирад, ки як мавзӯъи вирди забонҳо зарфиятҳои низомии ин эътилоф аст.

Бархе таҳлилгарони умур Созмони ҳамкории Шонгҳойро ҳатто НАТО-и Машриқ, ё худ паймони нави Варшава, низ ном мебаранд. Аммо гурӯҳи дигар аз коршиносон эҳтимоли ба паймони низомӣ табдил ёфтани ин созмони минтақаиро баъид медонанд.

Пойтахти Тоҷикистон рӯзи 28-уми август мизбонии нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро бар ӯҳдо хоҳад дошт. 6 кишвари узв – Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистон ва ҳамин тавр, кишварҳои нозир, аз ҷумла Эрону Афғонистон, дар нишасти Душанбе масоили марбут ба рушду густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар соҳоти низомиро баррасӣ хоҳанд кард.

Бархе таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба зарфиятҳои низомии кишварҳои узви ин эътилоф, ба хусус қудратҳои бузурге, чун Чину Русия ва Эрон, ки феълан дар ин созмон танҳо мақоми кишвари нозирро дорад, ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯби Созмони Шонгҳойро хеле таҳдидбарангез унвон мекунанд.

Зоҳиран чунин ҳам ҳаст, чунки агар артишҳои ҳавоиву дарёӣ ва заминии ин кишварҳо ба ҳам биоянд, қодиранд ҳар навъ душманро шикаст диҳанд ва Русияву Чин зимнан таслиҳоти ҳастаӣ низ дар ихтиёр доранд. Аммо ба ҳам омадани ин кишварҳо баъид ба назар метобад. Далели аслии таъсиси ин созмон рабте ба ташкили эътилофи низомӣ надошт, балкит баръакс.

Ба истиснои Узбакистон, ки баъди чанд сол ба Созмони Шонгҳой пайваст, 5 кишвари дигар дар соли 1996 ба хотири ҳаллуфасли масоили мавҷудаи марзии кишварҳои шӯравии собиқ бо Чин гирди ҳам омада буданд ва нахустин баёнияи муштараки онҳо низ марбут ба коҳиши нирӯҳо ва таслиҳоти низомӣ дар ин марзҳо буд.

Ин тавофуқ дар ҳоле имзо шуд, ки Русия ва 3 кишвари бо Чин ҳаммарзи Осиёи Марказӣ дар панҷаи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ қарор доштанд ва илоҷи дигаре ба ҷуз аз кам кардани хароҷоти низомӣ дар он замон барояшон боқӣ намонда буд. Ва Чин ҳам мехост бо ин роҳ бахше аз нерӯҳояшро аз марзҳои худ бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манотиқи шарқии ҳаммарзаш бо Тайван эъзом кунад.

Рамзан хуруҷи нерӯҳо аз ин марзҳо баёнгари ин нукта ҳам буд, ки ин кишварҳо дигар қасди ҳамла алайҳи ҳамдигарро дар сар намепарваранд. Ҳалл мушкилоти марзӣ роҳро барои ҳамкории кишварҳои узви созмони Шонгҳой дар масоили дигар, пеш аз ҳама дар соҳоти иқтисодӣ ҳамвор кард.

Аммо баъдан, дар пайи ба ҷанги Чеченистон рафтани Русия ва ҳам ба далели мушкилоте, ки Чин дар вилояти умдатан уйғурнишини Шинҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо созмонҳои пархошҷӯи исломӣ доранд, таваҷҷӯҳи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба масоили амниятӣ бештар шуд ва чанд созишномаи ҳамкории низомӣ, аз ҷумла ба хотири мубориза бо терроризм ва ҷудоиталабӣ дар доираи ин созмон ба имзо расид.

Аммо ин ҳама паймонҳо ҳамкории ин кишварҳо дар мубориза бо гурӯҳҳои дохилиро ба ҳадаф доштанд, на кишвари дигар ва ё паймони дигари низомиро. Дункан Иннес-Кер, таҳлилгари масоили Чин дар маҷаллаи бритониёии “Экономист”, мубориза бо террорро як бахши умдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони Шонгҳой мешуморад: “Ҷанг алайҳи гурӯҳҳои террористии исломӣ дар воқеъ аз он соҳоти андакест, ки ин созмони ҳамкориро ба чунин сурати қавӣ дар канори ҳам овардааст”.

Ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви Созмони Шонгҳой батадриҷ ба сатҳи машқҳои муштараки низомӣ гузаштанд ва нерӯҳои Чинро акнун метавон дар ҷараёни чунин машқҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва дар Русия ба чашми сар дид. Вале аз сӯи дигар Қазоқистон, масалан, соли гузашта иҷоза надод, ки сарбозони Чин тавассути қаламраваш барои ширкат дар машқҳои муштарак ба Русия эъзом шаванд. Узбакистон низ то кунун аз ширкат дар машқҳои муштараки низомӣ дар чаҳорчӯби созмони Шонгҳой худдорӣ меварзад.

Қарор буд, чунин машқҳо мунтазам барпо карда шаванд, вале дар остонаи саммити имсола ба фарқ аз арафаи нишасти соли гузаштаи сарон, тамринҳои муштараки Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой доир нашуд. Таҳлилгари маҷаллаи “Экономист” Дункан Инесс-Кер ба маҳзи сӯъиэътимодҳои бунёдие, ки дар миёни кишварҳои узви Созмони Шонгҳой ҳанӯз побарҷост, таҳдиди низомӣ аз сӯи ин гурӯҳро ғайри қобили боварӣ медонад:

Ба назари ман, ба сурати умум, дар робита ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як нуктаи калидиро набояд фаромӯш кард: Ин минтақаест, ки ҳамкории танготанг дар он мунҷар ба эъмори ҳусни эътимоди амиқтар байни кишварҳои зидахл нашудааст. Дар асл, сӯъиэътимодҳои бунёдие байни аъзои ин созмон боқӣ мондааст. Сӯъиэътимод дар байни аъзои хурдтари ин гурӯҳ дар бораи аҳдофи Русия ва ба хусус Чин дар воқеъ як хадшаи калидии ин созмон аст”.

Кишварҳои узви созмони Шонгҳой аҳдофи мухталиф дар паҳноҳои низ мухталифро дунбол мекунанд ва дӯстону душманони онҳо низ фарқ мекунанд, ки ин низ метавонад дар роҳи табдили ин созмон ба эътилофи низомӣ мушкил эҷод кунад. Масъалаи дигаре, ки ин амрро мушкил мегардонад, бузургии қаламравест, ки кишварҳои узви Созмони Шонгҳйой дар он доман густурдаанд.

Паймони Варшава ва НАТО амалан паймонҳои низомии як қораи Аврупо буданд, албатта, ба ҷуз аз Амрикову Канада, вале он ҳарду низ решаҳои қавии аврупоӣ доранд. Аммо решаҳои қавмиву мазҳабӣ ва фарҳангии артишҳои низомии Созмони Шонгҳой мухталифанд.

Артиши Русия решаҳои бештар аврупоиву масеҳӣ дорад ва ин дар ҳолест, ки артишҳои Осиёи Марказӣ артишҳои мусалмонии қавмҳои турку тоҷиканд. Ва ин ҳама артишҳои аз ҳама лиҳоз гуногунрешаро чӣ гуна метавон бо нирӯҳои артиши коммунистии Чин зери як бом овард?

Албатта, ҳар кишвар, вақте ба бузургии шумор ва иқтидори маҷмӯъии артишҳои ин кишварҳо менигарад, аз ҳар навъ қасди ҳамла ба хоки кадоме аз ин кишварҳо андеша хоҳад кард. Ин замонати амният, бидуни шакк, аз самараи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин созмон аст, вале дар айни ҳол баъид ба назар мерасад, ки Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба сурате битавонад артиши ҳамаи кишварҳои узвро ба хотири ҳамла ба ягон кишвари дигар зери як парчам гирд биоварад.

XS
SM
MD
LG