Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзномаи веблогнависи Горӣ


Ҷанги Русия ва Гурҷистонро сари минтақаҳои ҷудоихоҳи гурҷӣ бисёре аз расонаҳо ба шеваҳои гуногун бозтоб доданд. Аммо ончӣ ин ҷо хоҳед хонд, фарқ мекунад.

Як хабарнигор бар замми гузоришҳои ҳаррӯзаи худ, дар як веблог ё торнамо ончиро сабт кард, ки ҷангнигорони расонаҳои машҳур чандон муҳим намешуморанд ва хабаргузориҳои ҷаҳонӣ дар сархатти ахбори худ намегузоранд. Ҳарчанд мумкин аст, ин навиштаҳо таърихи ҳақиқии ҷангу сулҳ ва рӯзгори одамони оддӣ дар рӯзҳои ҷанг бошад.

Хабарнигори вижаи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Гога Аптсиаурӣ яке чанд журналистоне буд, ки тамоми ин муддат аз шаҳри муҳосира ва сипас ишғолшудаи Гории Гурҷистон гузориш медод. Вай аз рӯзи 17-уми август ҳамаи ҳодисаҳои ин ҷоро якояк думбол кард ва дар паҳлуи гузоришҳои худ "Веблоги Горӣ"-ро навишт.

Рӯзнома аз охирин сабт шурӯъ мешавад.

22 август, соати 23:30 ба вақти маҳаллӣ.

Сокинони Горӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои Русия. 22 августи соли 2008.

Ин пас аз ҳамлаи нерӯҳои Русия аввалин шабе буд, ки ҳаёт ба кӯчаҳои Горӣ баргашт. Баъзеҳо парчамҳои Гурҷистон дар даст дар кӯчаҳо зоҳир мешуланд. Полис ба сари кор баргашта буд ва худи вазири умури дохилӣ Вано Мерабишвилӣ дар шарҳ буд ва авзоъро мушоҳида мекард. Дабири Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая низ омада буд. Мардум худро бопуштупаноҳ ҳис мекарданд. Сухан аз посгоҳҳое мерафт, ки то вуруди нерӯҳои Русия вуҷуд дошт. Шаҳрдори Тифлис низ хабаргирӣ омад ва мегуфт, танҳо Горӣ ва шоҳроҳи марказӣ аз русҳо озод шуда, бақия қаламравҳои ҳанӯз дар ишғоли онҳоянд. Мардум изҳори умедворӣ мекарданд, ки ин ҳафта авзоъ одӣ хоҳад шуд.

22 август, соати 03:30 ба вақти маҳаллӣ.

То ин соат русҳо Гориро комилан тарк карданд. На як сарбоз ва на як тонки онҳо дар шаҳр намондааст. Шаҳр холист, аммо на сокит. Хуруҷи русҳо бо садои таркишҳои паёпай ҳамзамон буд.

22 август, соати 11:15 ба вақти маҳаллӣ.

Ман хушхабаре гирифтам, ки русҳо омодаанд, табодули асиронро ба поён расонанд. Сӯҳбатҳо аз дирӯз сар шуда, тамоми ин муддат идома доштанд.

22 август, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ.

Тағйире нест. Се посгоҳи русҳо ҳамоно дар маркази шаҳр аст. Чанд лаҳза пеш чархболҳои ҷангии русҳо дар болои шаҳр парвоз мекард. Ним соат пеш ба мудири корхонаи соруҷи Горӣ, Давид Рхеулишвилӣ иҷоза доданд, аз корхона хабар бигирад. Вай мегӯяд, тақрибан ҳамаи таҷҳизоти корхона тахриб шудаву сӯхтааст.

21 август, соати 10:15 ба вақти маҳаллӣ.

Нерӯҳои Русия дар шоҳроҳи Горӣ-Тифлис ҳаракат мекунанд. 22 августи соли 2008.

Имрӯз ҳам ба таври ғайриодӣ рӯзи ороме буд. Одамон дар хонаҳои худанд ва посгоҳҳои ишғолгарон низ дар ҷойи худ. Як шахс бо дурбине манзараи умумиро акксоӣ кард. Кӯчаҳо пур аз гулӯла ва мушакҳои нотаркида аст. Пул минагузорӣ шудааст. Пойгоҳи фирқаи гурҷиҳо ба харобазор монанд аст. Онро аввал аз ҳаво бомбаборон карданд, сипас, баъд аз ишғтоли шаҳр, ба ҳар кунҷи дару девораш мина гузошта, тарконданд ва аз ин пойгоҳ чизе боқӣ намондааст.

Бо вуҷуди он ки вазъ комилан ором нашудааст, бозгашти гурҷиҳо ба Горӣ зоҳиран рӯ ба афзоиш дорад. Аввалин бор дар кӯча чанд кӯдакро дидам ва дилам шод шуд. Хеле вақт буд, ки дар кӯчаҳои шаҳр кӯдаке дида намешуд ва садои бачаҳо ба гӯш намерасид. Маълум аст, ки онҳо ахиран ба шаҳр баргаштаанд. Бархе аз онҳо бозӣ мекарданд ва яке ба даври онҳо дучарха меронд.

21 август, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ.

Дар ҳавелии бемористон будам ва он ҷо 63 гурҷиро табобат мекарданд.

Имрӯз ҳамчунин зани осетин, Марина Хутситсоваро дидам, ки ҳамаи ин муддати даргириҳо ҳамроҳ бо модараш дар Горӣ ба сар мебурд. Ман ӯро дар ҳоле дидам, ки барояш кӯмак оварда буданд. Вай ба ман гуфт, ҳамсоягонаш ин ҳама муддат бо ӯ хеле хуб муносибат мекарданд. Вай имрӯз ба хонааш дар Схинволӣ бармегардад. Вай гуфт, одамони одӣ дар Горӣ ба осетниҳо ҳеч бадие надоранд.

21 август, атрофи соати 2:30 ба вақти маҳаллӣ.

Вақте ман ба генерал майори рус Борисов чанд суол додам, аз ҷумла дар бораи боздошти сафири Фаронса, вай дар нимароҳ сухани маро қатъ кард: "Ман бояд ҳоло равам ва ӯро озод кунам, вале шумо бо пурсишҳои худ маро аз роҳ нигоҳ медоред." Ман дигар суол надодам ва хомӯш мондам. Вай ба тарафи Хасурӣ рафт ва сафир Алан Фурне чанде пас ба озодӣ баромад. Сафир мустақиман ба Тифлис рафт, бе он ки дар Горӣ исте бикунад.

21 август, атрофи соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ.

Генерал майор Вячечлав Борисоҳ дар Горӣ, 20 августи соли 2008.

Генерал майор Борисов бозгашт. Вай дар майдони марказии Горӣ бозистод. Гуфт, барои он баргаштааст, ки "тартибу низом дар Гориро барқарор кунад", зеро сарваронаш гуфтаанд, ки дар ин ҷо ҳама чиз фалаҷ шудааст. Сипас вай ба самти Хасурӣ рафтан хост, чун аз он ҷо хабаре расида буд, ки сарбозони Борисов сафири Фаронсаро боздошт кардаанд. Шаҳрдор Вардзелашвилӣ гуфт, сафир Фурне чанд мошин кӯмаки башардӯстонаро ба Сачхере расонданӣ буд. Ҳамкасби фаронсавии ман ин хабарро тасдиқ кард.

Дар ин байн гуфтушунидҳои Ломая бо тарафи дигар, ки дар байни онҳо як намояндаи Осетияи Ҷанубӣ низ будааст, комёб шуданд ва 63 нафари ғайринизомӣ дар ивази 8 "разманда"-и осетинӣ ё кӯмаккунандагони осетинҳо ба озодӣ баромаданд. Ин "размандагон" дар ибтидои даргириҳо асир афтодаанд ва яке аз онҳо сахт захмӣ аст.

21 август, атрофи нимирӯзӣ ба вақти маҳаллӣ.

Нахуст ман бояд гузориши хабаргузориҳои Русияро рад кунам, ки субҳи имрӯз гуфтанд, нерӯҳои Русия дар чиҳил тонку зиреҳпӯш аз Горӣ хориҷ шуданд, Даҳ дақиқа пеш ман бо волии минтақа, Вардзелашвилӣ сӯҳбат доштам ва ҳам худ дар маркази Горӣ будам. Тағйире дар авзоъ нест. Ҳеч сарбоз ё тонке аз шаҳр берун нашудааст.

21 август, соати нуҳи субҳ ба вақти маҳаллӣ.

Калисои Гурҷистон ба сокинони Горӣ нон овард. 20 августи соли 2008.

Дар қиёс бо шаби гузашта, имшаб оромтар буд. Фақат наздикиҳои соати сеи шаб аз кӯча садои муҳаррики тонк омад, аммо ба дунболаш мисли шаби гузашта, инфиҷоре ба гӯш нарасид. Посгоҳҳои русӣ аз нав дар ҷойи худ буданд ва Дабири Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая ҳамроҳ бо волии минтақаӣ, Владимир Вардзелашвилӣ шабона бо мошинҳои худ дар шаҳр мегаштанд, то аз ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ кунанд ва мешунидам, ки бо русҳо гуфтугӯ мекарданд. Имшаб нерӯҳое, ки дар Горӣ буданд зери фармони генерал Борисов замоне аз шаҳр ба самти номаълум рафтанд, ки ба ҷои онҳо нерӯҳои нав вориди Горӣ шуданд ва афсарон номи фармондеҳи худро гуфтан намехостанд. Ломая мепурсид, дар ҳоли сар задани мушкиле ба кӣ муроҷиат кунанд, онҳо мегуфтанд, ба Карпухенко. Аммо ӯ кист ва дар куҷост маълум нест. Ниҳоят афсари хурде бо номи Татаев ба Ломая гуфт, ҳар мушкиле пеш ояд ба вай муроҷиат шавад. Билоахира маълум нашуд, сарвари нерӯҳои нав дар Горӣ кист.

20 август, соати нуҳи ними шом ба вақти маҳаллӣ.

Ба таври ногаҳонӣ ва ғайриинтизор русҳо шаҳрро тарк карданд. Ҳамаи посгоҳҳои худро барчиданд. Дар миёни мардум овозае паҳн шуд, ки дар ивази онҳо шибҳинизомиёни осетин шаҳрро ишғол хоҳанд кард. Ин овоза ваҳму ҳароси аҳолиро ба авҷ расонд. Ба журналистон дӯстона пешниҳод карданд, ки аз шаҳр раванд. Кӯчаҳои холиянд, одамон дар манзилҳои худ пинҳон шудаанд, аммо касе мегуфт, ки даҳҳо нафар ба самти Тифлис дар ҳаракатанд.

20 август, соати панҷи бегоҳ ба вақти маҳаллӣ.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая бо фармондеҳи русҳо дар Горӣ, генерал майор Борисов мулоқот кард. Вай гуфт, мехоҳад, ризоияти генералро ба вуруди полиси Гурҷистон ба Горӣ бигирад, то мардум аз ғоратгариҳо эмин гарданд. Аммо русҳо мухолифанд, онҳо ҳарос доранд, ки полис метавонад, барояшон мушкил эҷод кунад. Онҳо бовар надоранд. Вале инро ҳам медонанд, ки амнияти мардуми Гориро гирифта ҳам наметавонанд.

20 август, соати сеи баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ.

Корвони кӯмакҳои Салиби Сурх бо мушкил аз посгоҳҳои русӣ мегузаранд. Горӣ, 19 августи соли 2008.

Дар шоҳроҳи Игуетӣ-Горӣ русҳо корвони кӯмакҳои башардӯстонаро боздоштанд ва нагузоштанд, ба Горӣ расад. Вақте волии минтақаӣ, Вардзелашвилӣ ба яке аз посгоҳҳои Русия омад ва иҷозаи убури корвонро хост, байни ӯ ва афсари рус бигӯ-магӯи тезутунде ба вуқӯъ пайваст. Баъд русҳо Вардзелашвилиро ба ҳабс гирифтанд ва ӯро ба корбурди калимаҳои таҳқиромезу таҳрикдиҳанда айбдор карданд. Танҳо дахолати генел майор Борисов сабаб гашт, ки Вардзелашвилӣ баъд аз якуним соат раҳо гардад.

20 август, байни соатҳои 8 ва 9 ба вақти маҳаллӣ.

Ба ман муяссар гашт дар сари роҳ ба фармондеҳи нерӯҳои Русия дар Горӣ, генерал майор Вячеслав Борисов чанд суол диҳам. Вай дар посух гуфт, вазъият олиҷаноб аст ва нерӯҳои Русия рӯзи 22-юми август Гориро тарк хоҳанд кард ва барои ин аллакай чанд посгоҳро лағв кардаанд. Дар ҷавоб ба суоли ғоратгарии сарбозон, Борисов гуфт, ман аввалин касе будам, ки ба шаҳр ворид шудам ва ними дӯкону фурӯшгоҳҳо аллакай ғорат шуда буданд. Бовар кунед, ин яғмогариҳо кори дасти худи гурҷиҳост. Бовар мекунед ё не? Лекин, волии Горӣ, Владимер Вардзелашвилӣ, ки дар паҳлуи Борисов истода буд, гуфт, ин масъала таҳқиқ мехоҳад. Шаҳр пур аз сарбозон аст ва Борисов наметавонад, ҳама ҷоро таҳти назар дошта бошад, сарбозон озодона дар ҳама ҷои шарҳ мегарданд ва ин анъанаи онҳост. Вақте онҳо масту ширакайфанд, на Борисов ва на худи Худо онҳоро назорат карда наметавонад.

19 август, нимашаб ба вақти маҳаллӣ.

Батакрор садои таркишҳои бузург меояд ва аз бархеи онҳо кулбаи мо дар Горӣ такон мехӯрад. Ман берун рафта ва хостам, муайян кунам, ки чӣ хабар аст. Маълум шуд, русҳо пойгоҳи ҳарбии Гурҷистон дар баромадгоҳи Гориро бахш ба бахш мунфаҷир мекунанд. Қисме аз он пештар бар асари бомбаборонҳо валангор гашта буд.

19 август, соати нуҳи бегоҳ ба вақти маҳаллӣ.

Зани гурҷӣ дар назди манзили тахрибшудааш дар Горӣ, 23 августи соли 2008.

Бо вуҷуди ваъдаи он ки русҳо ба зудӣ аз Горӣ мераванд, тағйире пеш наомадааст. Лаҳзаҳое пеш исқуф Андриаро дидам. Падари рӯҳонӣ имрӯз ба деҳаҳои атроф рафтааст, то мардумро дилдорӣ кунад. Мардум сахт асабониянд ва хуруҷи русҳоро мехоҳанд. Ҳатто онҳое, ки қаблан ба русҳо меҳр ё хушаназрие доштанд, ҳоло дилҳои пур аз танаффур доранд. Падлар Андриа ба ман гуфт, дирӯз барои рафтан ба деҳот маҷбур буд аз шаш посгоҳи русҳо гузарад, имрӯз ин посгоҳҳо дар атрофи шаҳр фақат чорто буданд. Шояд ин як аломати хуруҷи русҳост. Имрӯз ҳамчунин бо Гиоргӣ Барамидзе, вазири давлат дар умури ҳамоиш бо Авруатлантик ҳамсӯҳбат шудам. Вай ба ваъдаи хуруҷи русҳо бовар надорад. Вай ҳамчунин гуфт, аз рӯзи даромадани русҳо то ҳоло дар шаҳру русто куштор, таҷовуз ба номус, одамрабоӣ ва ғоратгарӣ идома дорад. Вай гуфт, баъзе қиссаҳоро шунидан сахт аст. Мардумро набояд бесоҳиб гузошт, хулоса кард Барамидзе.

19 август, соати 9:15 субҳ ба вақти маҳаллӣ.

Кормандони шаҳрдории Горӣ имрӯз дубора сари кор омаданд ва мегӯянд, агар се рӯз пеш дар шаҳр ҳамагӣ 5 ҳазор нафар боқӣ монда буд, ҳоло шумораи сокинон ба 15 ҳазор нафар расидааст. Имрӯз ҳатто кӯчарӯбон ба кор баромаданд. Ба фикрам, ин ҳам як нишони эътироз буд ё орзуи бозгашти зудтари зиндагии одӣ, вагарна шикастурехтҳои ҷангро намешавад бо ҷорӯб тоза кард ва ё изи тасмачархи тонкҳоро.

19 август, соати 9:15 субҳ ба вақти маҳаллӣ.

Ба хонаҳо барқ омад. Телевизионро даргирондам. Аҷаб, дар ҷои шабакаҳои Руставӣ 2 ва Аҷария танҳо як канали давлатии русӣ пахш мешавад. Мардум наметавонанд аз ҳеч манбаъи дигаре иттилоъ бигиранд.

18 август, соати 8:35 бегоҳ ба вақти маҳаллӣ.


Ҳоло дар назди тонки суқуткардаи гурҷӣ, дар панҷсадметрии осорхонаи Сталин истодаам. Аз ин ҷо то маркази Горӣ низ тақрибан 500 метр аст, аммо ба самти дигар. Пас аз якуним соати дигар қуюди шабгардӣ сар мешавад. Сарбозони рус дар посгоҳи наздики мо ба мо дод мезананд, ки ба ҳеч куҷо наравем, ҳарчанд то қуюди шабгардӣ як ё якуним соати дигар вақт аст. Шояд барои он моро нигаҳ медоранд, ки шоҳиди як моҷаро шудем.

Як сарбози сармасти рус, ки пулемет дар китфаш овеӯзон буд, дар кӯча бесарупо мегашт ва фиғон мекашид, ки ба хонаашон рафтан мехоҳад. Одамони маҳаллӣ талош мекарданд, бо вай сӯҳбат ва ӯро ором кунанд, аммо касеро ба наздикаш роҳ намедод ва таҳдид мекард, ки мекушад. Намояндагони ҳукумати Гурҷистон, аз ҷумла фиристодаи президент дар минтақа Ладо Вардзедашвилӣ мехостанд бо ӯ тамос бигиранд ва ормоаш кунанд, аммо вай таҳдиди тирандозӣ мекард.

Сарбоз танҳо буд ва дур аз посгоҳ ва ҳар замон ба бомҳо менигаристу мегуфт, тирзанҳоро мебинад ва мурдан намехоҳад, балки мехоҳад ба ватанаш баргардад. Дар як зиреҳпӯш сарбозони рус омаданд ва кӯшиданд ӯро ором кунанд. Фармондеҳ ҳушдор дод, ки мумкин аст, норинҷаки дастӣ дорад. Бо машаққате ӯро ба замин афтода, силоҳашро гирифтанд ва якқду мушт зада ба зиреҳпӯш шинонданд.

Бори аввал нест, сарбозони сармасти русро мебинам, аммо онҳо одатан гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд ва дуконҳои бесоҳибро ғорат мекунанд.

18 август, соати 7 шом ба вақти маҳаллӣ.

Генерали рус қубди шабгардӣ эълон кард ва одамон ба хонаҳои худ шитоб карданд. Пас аз як ҳарҷу марҷе, ки дар оғоз ба вуқӯъ пайваста буд, ҳоло мардум каме оромтаранд.

Ду дақиқа пеш сухангӯи Вазорати дифоъи Русия ба телевзиони Скай Нюз гуфт, дар Горӣ ягон сарбози рус нест. Аммо мо медидем онҳоро. Ин лаҳзаҳо сарбозон дар паҳлуи ҳайкали Сталин акс мегирифтанд. Горӣ зодгоҳи Сталин аст.

18 август, атрофи соатҳои 4 баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ.

Ягон 15-20 дақиқа пеш афроди зиёди мусаллаҳ ва ниқобпӯш ба Горӣ даромаданд. Зоҳиран онҳо марбути нерӯҳои масхуси Русияанд. Аз автобусе, ки буд дунболи онҳо омада буд, хабарнигорони рус поин шуданд. Аз ТВ Сентр ва ТВ Звезда. Онҳо ба назди мансабдорони гурҷӣ омаданд ва бо онҳо гуфтугӯ карданд. Маълум шуд, аз Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба Горӣ кӯмаки башардӯстона омадааст. Тақсими ин кӯмак шурӯъ шуд ва хабарнигорон аз мансабдорони гурҷӣ пурсиданд, чаро онҳо ба мардум кӯмаке намеоранд. Ин мансабдорон гуфтанд, кӯмакҳо дар роҳанд, аммо посгоҳҳои русӣ намегузоранд, ин корвонҳо ба Горӣ наздик оянд.

18 август, соати 2:45 баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ.

На танҳо ягон нишонаи рӯшани хуруҷи нерӯҳои Русия намудор нест, балки русҳо аз боз кардани долонҳои башардӯстона барои ирсоли хӯрокворӣ ба аҳолии Горӣ саркашӣ мекунанд. Волии минтақа, Владимер Вардзелашвилӣ мегӯяд, мардум тарсхӯрда ва саргиҷанд. Дар шаҳр обу барқ нест, сарбозони рус фурӯшгоҳҳоро ғорат кардаанд, хуллас, ҳарҷу марҷ ҳукмфармост. Садҳо нафар шаҳрро тарк мекунанд.

18 август, соати 1:45 баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ.

Русия ваъда додааст, ки нерӯҳояшро аз Горӣ хориҷ мекунад, вале ҳамзамон сарбозон ба кофтани хандақҳо ва бунёди мавзеъҳои устувору дарозмуддат машғуланд.

17 ба 18 август.


Аввалин посгоҳи нерӯҳои Русия замоне мошини моро нигаҳ дошт, ки то шаҳри Горӣ боз 12 километри дигар буд. Дертар дар ин фосила ҳафт бори дигар моро нигоҳ доштанд ва мошинро муфассал кофтуков карданд. Сарбозони рус гуфтанд, силоҳу муҳимот меҷӯянд. Аввалин манзарае, ки дар Горӣ дидам ин буд. Зиреҳпӯше дар назди як бинои зоҳиран мактаб ё омӯзишгоҳ, бозистод ва пас аз лаҳзае сарбозе компютере дар бағалаш шитобон аз он ҷо баромад ва ба зиреҳпӯш нишаст.

Пас аз чанд лаҳза бо волии минтақа, Вардзелашвилӣ вохӯрдам, ки бо вуҷуди ишғоли шаҳр идораашро тарк накарда буд ва бо русҳо гуфтушунид мекард. Вай гуфт, биноҳои давлатӣ, фурӯшгоҳҳо ва хонаҳои мардум ғорат шудаанд. На танҳо чизҳои хурд, ҳатто шаш трактори нав, чанд мошин ва анборҳои меваю сабзавот рабуда шудаанд.

XS
SM
MD
LG