Аснои сӯҳбати ахири худ бо президенти Фаронса Николас Саркозӣ, ки раҳбарии даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, Медведев ваъда дод, ки ҳафтаи равон аксари кулли низомиёни Русия аз хоки Гурҷистон берун мешаванд. Вале иҷрои заифи ин ваъдаи Медведев кишварҳои ғарбиро ба ғазаб овардааст.
Рӯзи 19 август таъхири беруншавии сарбозони Русия аз Гурҷистон дар Шӯрои Амнияти СММ ва паймони НАТО баҳс шуд. Дар шаҳри Ню-Йорк ёвари сиёсии дабири кулли СММ Лин Паско гуфт:
"Дабири кулли СММ имзои созиши оташбас миёни Русияву Гурҷистонро хуш пазироӣ намуда, меафзояд, ки акнун замони иҷрои он фаро расида, ҷонибҳо бояд тибқи талабот берун кашида шаванд. Дабири кулли СММ бори дигар таъкид мекунад, ки соҳибистиқлоливу тамомияти арзии Гурҷистон бояд эҳтиром шавад."
Русия лоиҳаи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро рад кард. Дар он бар пояи мувофиқати сулҳ зикр шуда буд, ки нерӯҳои ду ҷониб ба мавқеъҳои пеш аз низоъ ишғолнамудаашон бармегарданд. Ин созиш бо миёнаравии президенти Фаронса ба имзо расидааст. Вале Русия мегӯяд, ки созиш ҷойгир намудани нерӯҳо дар минтақаи амн, яъне дар байни нерӯҳои Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубиро мадди назар дорад.
Ҳамчунон Русия ба лаҳни қатънома ва эътирофи тамомияти арзии Гурҷистон ихтилоф доштааст. Ба қавли Маскав, дар созиши оташбас чунин нукта иброз нагардидааст. Намояндаи Русия дар СММ Виталия Чуркин дар ин бора мегӯяд:
"Мавқеи Федератисияи Русия комилан возеҳ аст. Мутаассифона, мавқеи баъзе аъзои Шӯрои Амният низ барои касе пинҳон нест. Ин мавқеъ созанда нест ва эҳтимол ду ва ё се рӯй дошта бошад."
Бархӯрдҳои лафзии мамолики ғарбӣ бо Русия дар Брусел ҳам ҷой доштанд. Кишварҳои узви паймони НАТО иброз доштанд, ки муомилаи онҳо бо Русия тағйир хоҳад ёфт.
Кондолиза Райс котиби давлатии ИМА изҳор намуд, ки Русия ҳар чӣ бештар ба хилофкорӣ роҳ медиҳад. Вале дар ҷавоб вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки иттиҳоми мамолики ғарбӣ якҷониба аст.
Рӯзи 20 август мақомоти минтақаи дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон: Абхозистон аз Русия дархост намуданд, ки истиқлоли ин ҷумҳуриро ба расмият шиносад. Раиси Маҷлиси болоии парламенти Русия иброз дошт, ки вакилони қонунгузор ба эътирофи истиқлоли Абхозистон омодаанд.
Агар Маскав дар ҳақиқат ба арзёбии ин дархости ҷудоихоҳон рӯй орад, эҳтимол рӯзҳои оянда вазъи Гурҷистон боз ҳам печидатар гардад, зеро кишварҳои олам ва аз ҷумла Русия Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ҳамчун бахше аз Гурҷистони соҳибистиқлол эътироф кардаанд.