Аммо низомиёни Русия мегӯянд, ки нерӯҳои Гурҷистон ҳамоно дар ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ ҳастанд ва вазъият ҳамоно пурташаннуҷ боқӣ мемонад. Дар айни замон, тибқи гузоришҳо, Русия киштиҳои ҷангии худро дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ мустақар намуда бандарҳои обии Гурҷистонро дар муҳосира қарор додааст.
Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки нерӯҳои онҳо аксар манотиқи ҷумҳурии Осетияи Ҷанубиро тарк кардаанд. Аз рӯзи ҷумъа ба ин тараф ин минтақа ба маҳалли даргириҳои шадиди миёни нерӯҳои Русия ва Гурҷистон табдил ёфтааст. Хабаргузориҳо бо нақли қавл аз дабири Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая гузориш медиҳанд, ки нерӯҳои гурҷӣ "тақрибан кулли манотиқи Осетияи Ҷанубиро бо нияти нек ва хоҳиши хатми муқовиматҳои низомӣ" тарк кардаанд. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳони низомии Русия дар Осетияи Ҷанубӣ мегӯянд, ки нерӯҳои гурҷӣ, тӯпхона ва зиреҳпӯшҳои онҳо ҳамоно дар хоки Осетия боқӣ монда, вазъиятро бештар муташанниҷ мекунанд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки артиши онҳо тақрибан кулли манотиқи ҷумҳурии ҷудоихоҳро таҳти контроли худ нигоҳ медорад.
Даргириҳои шадиди миёни нерӯҳои Гурҷистону Русия шоми 8-уми август баъди таҳоҷуми нерӯҳои гурҷӣ барои зери назорат даровардани минтақаи Осетияи Ҷанубӣ сар зад. Дар навбати худ Русия бо ирсоли тонкҳову нерӯҳои низомияш аз ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ ва бомборони манотиқи таҳти контроли Гурҷистон посух дод.
Дар ҳамин ҳол, Гурҷистон иддаъо дорад, ки Русия 10 000 нерӯҳои иловагиро ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон сафарбар намуд.
Абхозистон яке дигар аз ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ дар ҳайъати Гурҷистон мебошад, ки баъди низоъҳои кӯтоҳмуддати солҳои 90-уми асри гузашта талаби истиқлолиятро пеш оварда буд.
Тибқи гузоришҳо, Русия ҳамчунин киштиҳои ҷангии нерӯҳои дарёиаш дар Баҳри Сиёҳ, ба шумули як мушакандози баҳрии "Маскав"-ро дар бандарҳои обии Гурҷистон мустақар кардааст, ки садди роҳи интиқоли муҳиммоти ҷангӣ ба нерӯҳои гурҷӣ мешавад.
Рӯзи шанбе Гурҷистон ба Русия пешниҳоди оташбас ва бозгардони кулли нерӯҳоро ба мавқеъҳои пешазҷангӣ пеш гузошт, аммо Маскав гуфтааст, ки чунин як паём ба дасти мақомоти ин кишвар нарасидааст.
Рӯзи якшанбе нерӯҳои Русия мавқеъҳои низомии гурҷиро дар атрофи шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон, мавриди бомбборон қарор доданд. Дар ҳамин ҳол, дар Тифлис бо пахши баёнияи вижае тавассути телевизиони Гурҷистон раиси порлумон Давид Бакрадзе гуфт, ки Русия дар андешаи ҳамла болои шаҳри Зугдидии ин кишвар мебошад, ки дар марз бо Абхозистон ҷойгир аст: "Тибқи иттилоъи дақиқ ва муътамади мо, дар чанд соати оянда қувваҳои мусаллаҳи Русия ба ҷониби шаҳри Зугдидӣ ҳамлаҳое ба роҳ хоҳанд монд".
Роҷеъ ба талафони ҷонӣ то имрӯз иттилоъи зидду нақиз нашр мешавад. Манобеъи русӣ мегӯянд, ки дар даргириҳои 3 рӯзи гузашта 1500 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳарду ҷониб ҳам таъйид мекунанд, ки аксар қурбониҳои ин ҳамлаҳо сокинони ғайринизомии Осетияи Ҷанубӣ мебошанд. Гурҷистон Русияро барои бомбборони сохтмонҳои истиқоматӣ дар ҳадди ақалл шаҳрҳои гурҷии Потӣ ва Горӣ гунаҳгор карда, иддаъо мекунад, ки дар инҷо даҳҳо ҳазор нафар ҷон додаанд ва хисороти зиёд ба миён омадааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбе сафири Русия Виталий Чуркин зимни суханрониаш дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк гуфт, ки кишвари вай амдан даст ба нобудсозии ҳадафҳои мулкӣ назадааст: "Мо ҳеч манотиқи берун аз хоки Осетияи Ҷанубиро даст назадем, мо ин корро накардем. Ва чизи дигар, албатта, ин аст, ки мо афроди мулкиро ҳадаф қарор надодаем. Дар сурати ба миён омадани хисороти ҷонӣ, ки аз он намешавад сарфи назар кард, мо, албатта, амиқан мутаассиф мешавем. Он ҷо ҳеч даргирие нест. Чанд гузорише роҷеъ ба бомбборонҳо дар беруни хоки Осетияи Ҷанубӣ рӯи даст аст ва, агар ҳам буд, ин ҳама дар чаҳорчӯби амалиёти кумак ба посдорони сулҳ мебошад. Онҷо фаъъолиятҳои низомии гурҷиҳо бо кумаки берун аз хоки Осетияи Ҷанубӣ ба мушоҳида мерасад".