Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи Олимпиада дар Пекин


Рӯзи ҷумъаи 8-уми август дар Пекин, пойтахти Чин, Бозиҳои 29-уми олимпӣ шурӯъ шуд. Тоҷикистонро дар олимпиада 15 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

7 август машъали олимпӣ болои Девори Бузурги Чин баланд шуд ва тавассути 268 машъалбардор ин деворро тай кард.

Ҳарчанд Бозиҳои олимпӣ расман ифтитоҳ нашудааст, нахустин мусобиқоти он, аз ҷумла бозиҳои гурӯҳии дастаҳои футбол аллакай оғоз ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Жак Рогге, раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ сару садоҳоро дар бораи он ки ҳавои Пекин ба сиҳати варзишгарон таъсири манфӣ дорад, рад кард. Ӯ гуфт, ки "албатта, вазъи покизагии ҳаво олӣ нест ва аммо ҳаво ба тадриҷ пок мешавад ва ба сиҳати варзишгарон хатаре таҳдид намекунад".


Дар ҳамин ҳол, бист тан аз сарони сад кишвари ба Чин даъватшуда бо сабабҳои гуногун дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо ҳузур нахоҳанд дошт.

Барои баъзеҳо вазъ дар кишварҳояшон монеъа эҷод кардааст, бархе дар рухсатиянд ва иддае бо аҳдофи сиёсӣ аз сафар ба Пекин худдорӣ кардаанд.

Сарвазири Чехия Мирослав Тополанек эълом дошт, ки Бозиҳои олимпиро таҳрим эълон кардааст. Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, Стивен Ҳарпер, сарвазири Конадо, Доналд Туск, сарвазири Лаҳистон ва Элен Кларк, сарвазири Зеландияи нав низ ширкат нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG