Ҳадаф аз ин пешниҳод ба эътидол овардани вазъ атрофи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон буд. Қудратҳои ҷаҳонӣ ба Теҳрон ба ивази даст кашиданаш аз ғанисозии уран ёриҳои моливу иқтисодӣ ваъда дода буданд.
Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс мақомоти расмии Амрико гуфтанд, ҳуҷҷати яксафҳагие, ки Теҳрон ба раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавйер Солано пешкаш намудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ, посухи қатъӣ ва мушаххас ба пешниҳоди панҷ узви Шӯрои амнияти СММ бо иловаи Олмон маҳсуб шуда наметавонад. Бастаи пешниҳодии 6 қудрати ҷаҳонӣ як силсила имтиёзҳои дипломативу иқтисодӣ дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии уран дар Эронро дар бар мегирад.
Дар ҳуҷҷати кӯтоҳ бо забони англисӣ Эрон ваъда додааст, посухи рӯшанро танҳо замоне хоҳад дод, ки ба пурсишҳояш дар мавриди имтиёзҳои иқтисодиву дипломатӣ ҷавоби мушаххас гирад.
Як намояндаи расмӣ изҳор намуд, ки ин боз як талоши Эрон барои кашол додани посух ба бастаи пешниҳодҳои шаш қудрати ҷаҳонист.
Мақомот аз ифшои номҳояшон худдорӣ варзиданд, чунки дафтари Ҳавйер Солано то айни ҳол посухи Эронро расман арзёбӣ накардааст.
Дар Брюссел як дипломати Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки номаи Теҳронро бодиққат омӯхтанд ва акнун дар зудтарин фурсат Солано ва дипломатҳои воломақоми шаш қудрат онро муҳокима хоҳанд кард.
Вазорати хориҷаи Амрико эълом намуд, ки дипломатҳои ин кишварҳо рӯзи шашуми август зимни гуфтугӯи телефонии муштарак роҳҳои баъдиро баррасӣ мекунанд ва шояд баъд аз ин конфронси телефонӣ онҳо боз сари мавзӯъи таҳримҳои нави иқтисоди алайҳи Теҳрон баргарданд.
Чанд лаҳза баъд аз он ки дафтари Солано посухи Эронро ба 6 ҳукумати кишварҳои зидахл интиқол дод, Вошингтон эълом кард, ки агар бастаи пешниҳоди пурра аз ҷониби Эрон пазируфта нашавад, ба ҷуз аз эъмоли таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон дигар роҳе намемонад. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико Гонзалло Галлегос гуфт, агар аз ҷониби Эрон як посухи рӯшан дарёфт нашавад, “чорае ба ҷуз аз таъқиби роҳи муҷозоти бештар намемонад”.