Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори гуфтушунидҳои ҷиддист


Президенти Сурия Башор ал-Асад (аз чап) бо ҳамтои эронии худ, Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон, 2 августи соли 2008.
Президенти Сурия Башор ал-Асад (аз чап) бо ҳамтои эронии худ, Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон, 2 августи соли 2008.

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, гуфт, дипломатия ягона роҳи ҳалли баҳси кишвараш бо қудратҳои ҷаҳонӣ рӯи барномаи ҳастаии Эрон аст.

Пас аз гуфтушунид бо президенти Сурия, Башор ал-Асад, Аҳмаднажод гуфт, кишвараш дар гуфтугӯ ҷиддист ва умедвор аст, тарафи дигар низ аз худ ҷиддият нишон хоҳад дод.

Изҳороти Аҳмадинажод дар ҳоле садо дод, ки охирин мӯҳлати посухи Эрон ба бастаи пешниҳодҳои Ғарб гузашт, вале ҷавоби Теҳрон ба ин пешниҳодҳо рӯшан нест. Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додааст, ки агар Эрон пешниҳодҳоро напазирад, Вошингтон хостори таҳримҳои қавитари Созмони Милал дар муқобили Теҳрон хоҳад шуд.


Дар нишасти хабарии муштарак бо Аҳмадинажод дар Теҳрон, Башор ал-Асад, президенти Сурия ба нақши кишвараш дар қазия рӯшанӣ андохт. Вай гуфт, ба ҷумҳурии исломӣ ҳамчун миёнарав ё фиристода сафар накардааст ва аз ҳеҷ раҳбари ғарбие ба Теҳрон паём наовардааст. Ва ҳатто бо мақсади баррасии барномаи ҳастаии Эрон низ вориди Теҳрон нашудааст. Аммо масъалаҳои ҳастаӣ як бахше аз гуфтушунидҳои ӯ бо мақомоти аршади эронӣ будааст.

Қаблан Асад гуфта буд, президенти Фаронса Николас Саркозӣ аз ӯ хостааст, дар нармиши мавқеъи Эрон саҳм бигирад.


Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо изофаи Олмон ба Эрон пешниҳодҳои ҳавасмандонае кардаанд, то аз ғанисозии ураниюм даст бардорад.

XS
SM
MD
LG