Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Туркия наҷот ёфт


Normal 0

Бо фарқияти ҳамагӣ як раъй Додгоҳи қонуни асосии Туркия ҳукм баровард, ки фаъолияти ҳизби Адолат ва Тараққӣ манъ карда нашавад. Ин ҳизб, ки сарвазир, президент ва аксарияти порлумон намояндагони онанд ба нақзи усули дунявият айбдор мешуд, ки қонуни асосии Туркия тазмин додааст. Додварон рӯзи душанбе баррасии ин парвандаро шурӯъ карда буданд ва имрӯз панҷ нафари онҳо ба тарафдории манъи фаъолияти ҳизб, аммо шаш тани онҳо бар зидди ин тасмим раъй доданд. Бо вуҷуди ҳукми имрӯза, раиси Додгоҳи қонуни асосии Туркия, Ҳошим Қилич гуфт, кӯмаки давлат ба ҳизби рӯбаисломи Адолат ва Тараққӣ то ним кам карда хоҳад шуд. То эълони ҳукми Додгоҳи қонуни асосии Туркия изҳори нигаронӣ мешуд, ки ғайриқонунӣ шумурдани ҳизби сарвазир Раҷаб Тойиб Эрдуғон метавонист, сабаби ҳарҷу марҷи сиёсӣ ва ихлол дар гуфтушунидҳои узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо гардида, ба иқтисоди кишвар зарба бизанад.

XS
SM
MD
LG