Қарор аст ҷонибдорони Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ, ки аз сӯи Додгоҳи Ҳейг дар ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият гумонбар мешавад, рӯзи сешанбе дар як намоиши бузург дар Белград гирдиҳам биёянд ва алайҳи истирдоди ӯ ба Ҳейг эътироз кунанд.
Светозар Вуячич, яке аз вакилони мудофеъи Караҷич, хабар дод, ки аризаи аппелятсионӣ ба ҳукми Додгоҳи ҷиноёти низомии Сербия аз тариқи як почтаи воқеъ дар гушаи дурдасти кишвар ва қарибиҳои нимашаби ҷумъа, 25 июл фиристода шудааст. Вакили мудофеъ ба хабаргузории France Press ҳадс задааст, ки бино ба рӯзҳои истироҳат ин ариза ба мақомоти Сербия нарасидааст. “Ҳарчӣ дертар бошад, ҳамон қадар беҳтар”, гуфтааст Светозар Вуячич.
Ёдовар мешавем, баъд аз боздошти Радован Караҷич Додгоҳи ҷиноёти низомии Сербия барои истирдод ӯ ба додгоҳи Ҳейг тасмим гирифт ва аммо, тибқи қавонини Сербия, баъд аз аризаи аппелятсионии Радован Караҷич ин тасмим бояд тайи се рӯзи оянда аз сӯи як комиссиюни вижа баррасӣ шавад. Агар ҳукми додгоҳ аз сӯи ин комиссиюн лағв шавад, шояд он гаҳ вазорати адлияи кишвар дар мавриди истирдоди Караҷис ба додгоҳи Ҳейг тасмим бигирад.
Мирко Светкович, сарвазири Сербия мутмаин аст, ки тактикаи вакилони мудофеъи Караҷич барои ба таъхир гузоштани истирдод муваффақ нахоҳад буд. Дар як сӯҳбат бо хабарнигорон дар арафаи нишасти нахуствазирони кишварҳои Аврупои ҷанубу шарқӣ дар Австрия Светкович изҳор намуд, ки Белград ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро хоҳад кард.
Сарвазири Сербия изҳори умедворӣ кард, ки Иттиҳодияи Аврупо татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ бо Сербияро шурӯъ мекунад. Брюссел татбиқи ин санад ва имкони вуруди Сербия ба Иттиҳодияи Аврупоро бо ҳамкории Белград ва Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг рабт дода буд.
Мирко Светкович афзуд, ки ба думболи Радован Караҷич дигар гумонбарон дар ҷиноёти низомӣ ҳам боздошт мешаванд. Иттиҳодияи Аврупо боздошти дигар муҷримон, аз ҷумла, фармондеҳи нерӯҳои сербҳои Боснӣ Ратко Младичро талаб дорад ва шояд татбиқи созишнома баъз аз дастгир шудани ӯ шурӯъ шавад.
Ёдовар мешавем, Додгоҳи Созмони Милали Муттаҳида оид ба Югославияи собиқ Радован Караҷичро дар он гумонбар мехонад, ки соли 1991 қисмати сербнишини Босниро минтақаи ҷудо аз Боснӣ ва Ҳерсоговина эълон ва, ба истилоҳ, Ҷумҳурии Сербро таъсис кард. Гуфта мешавад, ки ин тасмим ҳамроҳ бо чанд омили дигар ба ҷанги тӯлониву хунин дар Боснӣ ибтидо гузошт. Додгоҳи Ҳейг Радован Караҷичро дар қатли оми тақрибан 8 ҳазор мардҳову кудакони мусалмон дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995 низ гумонбар медонад.
Ҳамчунин раҳбари сербҳои Боснӣ дар тирборони шаҳри Сараево муттаҳам мешавад – ин тирборон дар ҳоле сурат гирифт, ки Созмони Милали Муттаҳид ин шаҳрро паноҳгоҳи мардуми осоишта эълон карда буд. Иттиҳоми дигар алайҳи Караҷич аз сӯи ӯ чун “сипари зинда” истифода шудани 284 посдори сулҳи СММ дар низоъи мусаллаҳона номбар мешавад.