Мақомоти Туркия то ҳанӯз эълон накардаанд, ки масъулияти ин амал бар дӯши кист. Дар ҳамин ҳол расонаҳои хабарии Туркия ёдовар шудаанд, ки таркишҳо дар арафаи оғози муҳокимаи ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти сарвазири Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба вуқӯъ пайвастаанд.
Афсарони амниятии Туркия мегӯянд, ки рӯзи якшанбе дар минтақаи Гангорени Истанбул ду таркиш ба вуқӯъ пайваста буд. Онҳо меафзоянд, ки таркиши аввал чандон бузург набуд. Маводи таркандаи хурдро дар дохили қуттии партобҳо ҷой дода буданд. Бар асари таркиши аввал чанд тан маҷрӯҳ шуд. Аммо тахминан даҳ дақиқа пас аз таркиш аввал - вақте мардуми зиёде дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуд, дар дохили қутти дигари партобҳо бомбаи бузургтаре фаъол шуд.
Мири Истанбул Муаммар Гулер мегӯяд, ки маҳз ҳамин таркиши дуввум ҳаёти 17 нафарро аз байн бурда, беш аз 150 каси дигарро маҷрӯҳ намуд: "Ҳар ду ҷиҳози таркандаро дар дохилии қуттии партобҳо ҷой дода буданд. Таркишҳо дар фосилаи 10-12 дақиқа ба вуқӯъ пайвастанд. Пас аз таркиши аввал замоне мардум ҷамъ шуда, дар назди фурӯшгоҳ ҳояшон нишаста буданд, таркиши дуюм ба амал омад. Шумораи қурбониҳову маҷрӯҳон бар асари ҳамон таркиши дуюм бузург шуд".
Мақомоти Туркия бидуни шубҳа ҳамлаҳои рӯзи якшанберо амали террористӣ меноманд. Вале то ба ҳол касе масъули ҳамлаҳоро зикр накардааст.
Дар гузашта дар Истанбул ҷудоихоҳони курд, чапгароҳо ва ифротгароҳои исломӣ бомбгузорӣ ба амал бароварда буданд.
Ҳамин гуна шореҳи сиёсӣ, Ҳошими Хусравшоҳӣ мегӯяд, ки ҳоло наметавон ин ва ё он гурӯҳро масъул эълон намуд.
Вақти ҳамла ба замоне рост омад, ки Додгоҳи конститутсионии Туркия муҳокимаи сарнавишти ҳизби ҳокими сарвазири Раҷаб Таййиб Эрдуғонро оғоз намудааст.
Як сол пеш ҳизби Адолат ва тараққиёт, ки решаҳои исломӣ дорад, дар интихоботи парламентии Туркия пирӯзии назаррас ба даст оварда буд, вале додситонӣ ин ҳизбро бо поймол намудани пояҳои давлатдории дунявӣ ва сарқонуни Туркия муттаҳам мекунанд.