Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиши Истамбул афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни инфиҷорҳо дар Истамбул ба 16 нафар расид. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, шаби гузашта дар бемористон яке аз 150 нафари ҷароҳатбардошта аз олам даргузашт. Айнеи ҳол ҳафт нафари дигар дар вазъи сангин қарор доранд. Тавре хабар дода будем, бегаҳи дирӯз дар яке аз хиёбонҳои серодами Истамбул ду таркиш рух дод. Муаммар Гулер, мири Истамбул ин таркишҳоро “ҳамлаи террористӣ” унвон кард.

То ҳанӯз рушан нест, ки инфиҷорҳо аз сӯи киҳо ё кадом гурӯҳ тарҳрезӣ ва татбиқ шудаанд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки бояд субҳи имрӯз Додгоҳи Қонуни асосии Туркия мавзӯъи пароканда кардани Ҳизби ҳукмрони адолат ва рушдро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG