Ахиран довталаби курсии президентии ИМА аз Ҳизби демократ сенатор Барак Обама пешниҳод кард, ки ИМА кӯшишҳои низомӣ дар Ироқро ба тадриҷ коҳиш дода, Афғонистонро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор диҳад.
Вале муаллифи тарҳи ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Ироқ, шореҳи пажӯҳишгоҳи амрикоии American Enterprise Institute Фредерик Каган дар як мусоҳибаи хос бо Радиои Озодӣ ин пешниҳодро нодрурст унвон дода, бори дигар таъкид кард, ки сарфи назар аз нороҳатии мардум аз ҷанги Ироқ президенти ИМА Ҷорҷ Буш бояд маҳз ҳамин кишварро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор диҳад.
-Дар Амрико мавқеи ҷонибдорони беруншавии нерӯҳои ИМА аз Ироқ тақвият меёбад. Дар ҳақиқат мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки дар Ироқ Ал-Қоида ноком шуд ва хушунати қавмӣ коҳиш ёфтааст. Пас ҳоло сарбозон бо кӣ меҷанганд?
-Дар Ироқ ал-Қоида аз нуқтаи назари амалӣ мағлуб шуд. Ба ин маънӣ, ки ин созмон имкони тарҳрезии амалиёти васеъмиқёс дар саросари Ироқро аз даст додааст. Вале онҳо аз нуқтаи назари стратегӣ муборизаро набохтаанд ва саъй доранд, дар Ироқ аз нав ҷамъ шаванд. Мо медонем, ки онҳо дар Сурия паноҳгоҳ доранд ва аз он ҷо ҷангҷӯёни хориҷиро ба Ироқ сафарбар мекунанд.
-Вале дар Афғонистон Толибон дубора рӯи кор омада, дар марзи Афғонистон бо Покистон ҳамлаҳои фаромарзӣ раҳандозӣ мекунанд.
-Шумо бояд бо эҳтиёт бошеду, Толибонро бо ал-Қоида баробар нашуморед. Гурӯҳҳои Толибон мухталиф ҳастанду дар баъзе аз онҳо ҳақатан ҳам ал-Қоида нуфузи бузург дорад. Он гурӯҳҳое, ки ахиран ба Амрико мушкилӣ бор оварданд, асосан дар шаҳри Кветаи Покистон мустақар буда, дар вилоятҳои Қандаҳор, Ҳилманд, Зобул, Урузгон ва Фараҳ фаъол мебошанд. Ин гурӯҳҳо бумӣ ҳастанд. Дар ҷумбиши Толибон ал-Қоида нуфузе касб кардааст, вале ба ваҷҳи асосӣ ин гурӯҳ аз ошӯбгарони паштун иборат аст, ки бар зидди ба истилоҳ "ҳукумати тоҷикӣ" мубориза мебарад. Ба фикри ман дар ҳоли ҳозир ҳамин ошӯбҳо хатари асосӣ ба ҳукумати Афғонистон мебошанд. Аз ин нуқтаи назар мубориза бо ал-Қоида дар ҷои дуюм аст.
-Пас шумо ҳам мувофиқ ҳастед, ки нокомӣ дар Афғонистон боиси фоҷеаи бузург хоҳад шуд?
-Ман фикр намекунам, ки нокомӣ дар Афғонистон барои мо қобили қубул бошад. Ба фикрам барои ИМА нокомӣ дар ягон гӯшаи олам қобили қабул нест. Ба ақидаи ман ҳар гоҳе, ки мо сарбозонамонро дар вазъи ногувор мегузорем, мо бо мушкиливу нокомӣ мувоҷеҳ мешавем. Агар мо дар Афғонистон мағлуб шавему паноҳгоҳҳои ал-Қоида эҳё шаванд, фоҷеаи бузурге ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ман бо шумо мувофиқам, ки мо дар назди мардуми Афғонистон ӯҳдадории ахлоқӣ дорем ва бояд дастгирии онҳоро идома диҳем.
Ба фикрам аз нуқтаи назари стратегиву ҷуғрофиёӣ барои ИМА беҳтар аст, ки дар дили Осиёи Марказӣ як муттафиқи устувори демократӣ дошта бошад.
Дар идомаи сӯҳбат Фредерик Каган иброз дошт, ки агар аҳамияти Ироқу Афғонистон мавриди муқоиса қарор гирад, Ироқ аҳамияти бештар дорад.